Ru  | Tj
“Мактаби тиҷорат дар Душанбе”. Карина чӣ тавр ба мардум соҳибкориро меомӯзонад?
“Мактаби тиҷорат дар Душанбе”. Карина чӣ тавр ба мардум соҳибкориро меомӯзонад?
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

“Мактаби тиҷорат дар Душанбе”. Карина чӣ тавр ба мардум соҳибкориро меомӯзонад?

Нашр шуд

Карина меҳнатдӯст, инсондӯст ва кишвардӯст аст. Ҳоло ӯ кӯшиш мекунад, ки ба тамоми қишрҳои ҷомеа кӯмак кунад, то тиҷорати худро боз кунанд ва дар ин ё он соҳа муваффақ шаванд. Ҳамчунин, Карина имрӯзҳо кӯшиш дорад, дар ҷомеа махсусан дар самти маориф саҳми мусбати худро бигузорад.

Ҳамсуҳбати имрӯзи Halva.tj Карина Бурих аст. 


Саргаҳ

- Карина, хонандагони Halva.tj аз кору зиндагии Шумо то андозае бохабар ҳастанд. Лутфан, худатонро чӣ гуна муаррифӣ мекунед?

- Ташаккур. Ман модар, зан, соҳибкор ҳастам ва кӯшиш мекунам, ки барои худёбӣ ва худинкишофдиҳии дигарон кӯмак кунам. 

- Чаро аввал модар гуфтед?

- Барои он ки духтарам аллакай  8-сола аст ва ӯ ба ман саволҳои зиёд медиҳад. Ҳамчунин, ман худро нафаре мепиндорам, ки барои кишвараш дар соҳаи маориф мехоҳад коре кунад. Пас бояд аз оилаам сар кунам. Барои ҳамин, пеш аз ҳама рушдёбии ҷомеаро аз оилаам шурӯъ кардаам ва кӯшиш мекунам, ки ягон саволи духтарамро беҷавоб намонам. Модар будан ҳамеша бароям дар аввал меистад.


- Мардуми мо соҳибкор гуфта зиёдтар нафареро медонанд, ки дар фикри пул асту корхона дорад... 

- Мантиқи гапатонро фаҳмидам. Бояд бигӯям, ки ман дар самти маориф соҳибкор ҳастам. Ба тамоми қишрҳои ҷомеа барномаҳои таълимӣ пешниҳод мекунам ва кӯшиш мекунам, ки дар ин ё он соҳа тиҷорати худро боз кунанд ва то аз дастам омадан кӯмак мерасонам. 


Аз насаби ғайриоддӣ то “хулиган”-и мактаб

- Ному насаби Шумо-Карина Бурих аст. Номатонро кӣ гузоштааст ва насабатон аз куҷост? 

- Ному насаби пурраи ман Карина Бурих Каримовна аст. Пешакӣ бояд бигӯям, ки ному насабам ба худам бисёр писанд аст. Номи шодравон падарам - Карим аст. Падарам аз Дарвоз омада, дар Душанбе зиндагӣ кардаанд. Модарам бошанд ба қавле дурага ҳастанд. Модарашон тоҷик ва падарашон рус буданд. Насаби ман аз ҷониби падари модариям аст, ки номаш Бурих будааст. 

Дар ин маврид як чизи ҷолиб ҳам ҳаст. Вақте ки модарам ҳомила будаанд, ба падарам гуфтаанд, ки фарзандамон духтар аст ва номашро Карина мегузорем. Вале падарам розӣ нашудаанд ва ҳатто гуфтаанд, ки ин гуна номи духтарӣ нест. Пасон, бо гузашти чанде дар телевизор журналисте бо номи Карина баромад кардааст ва падарам онро дида, ба Карина ном ниҳодани ман розӣ шудаанд. 


- Шумо дар чӣ гуна оила таваллуд шудаед?

- Модарам ҳуҷҷатгузор ва падарам низомӣ буданд.

- Дар мактаби миёна чӣ гуна таҳсил кардаед: миёна, хуб ё аъло?

- Агар бо забони кӯчагӣ гӯям, безеб ва агар бо замони адабӣ гӯям қаноатбахш. Ман дарсгурез будам. Бисёр баҳои “3” мегирафтам. 

- Бо ин ҳама, фанни дӯстдошта доштед? 

- Бале, фанни таърихро бо муаллимам бисёр дӯст медоштам. 

- Дар бораатон муаллимон чӣ назар доштанд?

- Мегуфтанд, фаҳмиш дорӣ, вале тамбал ҳастӣ.

- Ҳамсинфон ё дугонаҳо барои беҳтар хондани Шумо таъсир намерасониданд?

- Ман нафаре ҳастам, ки аз аввал  таъсир расонидан бароям мушкил буд. 


Аз интихоби пинҳонӣ то муваффақият дар кори худ

- Пас аз хатми мактаби миёна чӣ кор кардед?

- Пас аз хатми мактаб волидон мехостанд, ки ман ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба ихтисоси забони немисӣ дохил шавам ва оянда дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ кунам. Вале ман мехостам, ки донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бошам. Қисса кӯтоҳ, волидонам ҳуҷҷатҳои маро тайёр карда, меҳмонӣ рафтанд. Дар ин асно, аз онҳо пинҳонӣ ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ихтисоси менеҷменти байналмилалӣ ва иқтисод супоридам. Чун волидонам аз сафар омаданд, диданд, ки кор аз кор гузаштааст ва ҳамин тавр, дигар чизе нагуфтанду ман таҳсиламро дар донишгоҳи мехостаам давом додам.

- Шумо дар мактаб тамбал будед ва шавқи хондан надоштед, пас чӣ тавр баъд аз хатми мактаб ба донишгоҳ дохил шудан хостед?

- Замони мо пас аз хатми мактаби миёна дохил шудан ба мактаби олӣ амали маъмулӣ буд ва ман ҳам мисли ҳазорҳо хатмкунанда ба донишгоҳ ғайриихтиёр дохил шудам.  


- Дар донишгоҳ дарсҳо чӣ хел буданд?

- Бисёр хуб буданд ва муаллимон фикр мекарданд, ки ман бисёр донову боақл ҳастам. Дар солҳои донишҷӯӣ фаъолияти гуногун доштам. Волонтёрӣ мекардам, фаъол будам, сардори гурӯҳ низ будам...

- Ягон қисса ё лаҳзаи муҳимме ҳаст, ки баробари аз замони донишҷӯӣ чизеро ба ёд овардан зуд ба хотиратон пайдо шавад?

- Бале, бисёр мехоҳам аз нафаре ёдоварӣ кунам, ки дар ҳаётам нақши калидӣ доранд ва ба ману истеъдоду малакаи даруниям бовар кардаанд. Ин нафар ректорамон - Шоев Нуралӣ Наботович буданд. Он кас диданд, ки дар масъалаи муошират ва муносибат малакаи хуб дорам, маро дар комиссияи қабул ба ҳайси масъул гузоштанд, ки бо довталабон ва онҳое, ки нав донишҷӯ шуда буданд, ҳуҷҷатҳояшонро қабул кунам ва ба онҳо дар бораи факултетҳову дарсҳо маълумот диҳам. 


- Имрӯз мо аз системаи таълими макотиби олӣ норозигиҳои зиёд мешунавем. Дар ин бора чӣ назар доред?

- Ман ба барномаҳои таълимӣ ҳоло пурра шинос нестам ва наметавонам ба шикояти дигарон ҳамроҳ шавам, вале бояд бигӯям, ки услуби дарсгузарии муаллимон дар рушдёбии донишҷӯён нақши бориз дорад. Агар барномаҳои таълимӣ аз рӯи беҳтарин донишгоҳҳои дунё бошанд ҳам, вале муаллимон барои соҳибтахассус шудани донишҷӯён кӯшиш накунанд ва танҳо вазифаашонро аз лексияхониву ҷамъ кардани кори мустақилона донанд, пас мо чизе намешавему ба ҷое намерасем.


Шумо ҳоло директори “Мактаби бизнес дар Душанбе” ҳастед.  Бигӯед, ки ин мактаб асосан ба кадом корҳо машғул аст?

- Тавре гуфтам, яке аз орзуҳои бузургам дар зиндагӣ ин дарс додану ба ҷомеа хизмат кардан буд ва сабаби асосии ташкил кардани “Мактаби бизнес дар Душанбе” ҳамин низ ҳамин аст. Ин мактаб ба қишрҳои гуногуни ҷомеа дарсҳои соҳибкорӣ медиҳад. Ҳоло дар мактаб 8 нафар расман кор мекунанд ва наздики 50 нафари дигар тренери шартномавӣ ҳастанд, ки омада дарсашонро медиҳанд ва мераванд. 
Мо лоиҳаҳои махсус дорем, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар соҳибкориро рушд медиҳем. Масалан, мо ба як ноҳия меравем ва бо мардуми онҷо суҳбат мекунем. Таҳлил мекунем, ки дар он ҷо мардум барои беҳтар шудани зиндагияшон бояд ба кадом корҳо машғул шаванд ва фаъолияти соҳибкории худро дар ин ё он соҳа рушд диҳанд. Пасон, ба Душанбе бармегардем ва барои мардуми он ҷо барномаи таълимӣ менависем. Баъдан боз бармегардем ва ба мардум тренерҳоямон дарс мегузаранд. Яъне корамон омӯзиш барои беҳбудӣ аст. 


- Шумо дар мактаб дарс медиҳед?

- Бале, чанд дарс мегузарам. Доир ба муқаддимаи ихтисос, ҳиссиёти дарунӣ ё тавре мо мегӯем малакаи табиӣ, роҳҳои ҷалби коргарон ва муштариён ба корхона ва ғайраҳоро меомӯзонам. Вале ногуфта намонад, ки ба ҷуз ман дар мактаб тренероне низ дарс медиҳанд, ки бисёр корашонро дӯст медоранд ва мардумдӯст ҳастанд.

Се тавсия ба ҷавонон

- Мо барои чӣ ба ин дунё омадаем?

- Бар зиммаи ҳар нафар Офаридгор вазифаҳое гузоштааст ва аз ин рӯ, сабаби ба дунё омадани мо миссияамонро иҷро кардан аст. 


- Шумо шукр мекунед?

- Ҳаррӯз шукр мекунам ва агар шукр карданро фаромӯш кунам, худамро бадбахт ҳис мекунам.

- Худатонро хушбахт ҳис мекунед?

- Бале, зеро фикр мекунам нафари нафърасон дар ҷомеа ҳастам.


- Ҳар яки мо мехоҳем ба наздиконамон суханҳои зиёде бигӯем, вале наметавонем. Агар чунин имкон пайдо шавад, чӣ мегӯед?

- Мехоҳам ба онҳо бигӯям, ки онҳо зиёдтар барои худашон зиндагӣ кунанд ва фалон намудҳои истеъдоду малакаҳоро доранд.

- Тавсияҳои Шумо ба ҷавонон... 

- Ҷавонон бояд кори мехостаи худро анҷом диҳанд. Дуюм, бо дигарон маслиҳату машварат намоянд. Сеюм, ҳаррӯз омӯзанд ва кӯшиши рушд додани худро кунанд.



Хоҳиш ва ишқ. Чӣ тавр метавон рассоми кино шуд?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед