Ru  | Tj
Муҳаммадрабӣ Исмоил: “Лаҳзаҳои киноофарӣ бисёр ширинанд”
Муҳаммадрабӣ Исмоил: “Лаҳзаҳои киноофарӣ бисёр ширинанд”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Муҳаммадрабӣ Исмоил: “Лаҳзаҳои киноофарӣ бисёр ширинанд”

Нашр шуд

Солҳои охир дар кишвар филмҳои зиёде ба навор гирифта мешаванд, ки дар таҳияи онҳо саҳми коргардонҳои ҷавон низ чашмрас аст. Яке аз чунин коргардонҳои муваффақ Муҳаммадрабӣ Исмоил мебошад, ки ӯ чанде пеш филми "Охирин сайди сайёд"-ро рӯйи саҳна овард. Филми мазкур аз ҷониби мунаққидони соҳа сазовори баҳои баланд гардид.

Муҳаммадрабӣ Исмоил дар як сӯҳбат дар бораи рӯйи саҳна овардани филми “Охирин сайди сайёд”, роҳи коргардонӣ, ҳунари коргардонӣ ва ғайра ба мо қисса кард.


- Аз кай ва чӣ гуна дар Шумо нақшаи офаридани филми “Охирин сайди сайёд” пайдо шуд?

- Идеяи филм дар ман қариб шаш сол қабл ба вуҷуд омада буд. Вақте дар телевизиони “Сафина” кор мекардам, боре бо нависанда Аброр Зоҳир (шодравон) вохӯрдам ва эшон ба ман романи "Охирин сайди сайёд" - и худро ҳадя карда, гуфтанд, ки аз рӯйи ҳамин роман филме ба навор гирам. Асарро бо диққати том хондам ва бароям хеле писанд гашт. Пас, "Охирин сайди сайёд"-ро ба тарзи худ дигар кардам, ки ба он шодравон Аброр Зоҳир низ зид набуданд ва ҳатто баръакс дастгирӣ карданд. Аммо афсӯс, ки мо ин филмро дар вақти дар қайди ҳаёт будани Аброр Зоҳир ба навор гирифта натавонистем. Вале ман умедворам, ки аз ин кор рӯҳи устод шод хоҳад буд.

- Моҳи сентябри соли гузашта барои интихоби ҳунармандони филм кастинг баргузор гардид. Дар интихоби ҳунармандон чӣ чиз бартарӣ дошт?

- Вақте коргардон сенарияи филмро ба даст мегирад, ҳамон замон симои ҳунармандонро дар зеҳнаш ҷо ба ҷо мегузорад. Ман ҳам қисми зиёди ҳунармандони филмро пеш аз кастинг интихоб карда будам. Вале ба ҳар ҳол онҳоро ба кастинг даъват кардем. Барои нақши асосӣ се нафарро интихоб кардам: Қандил, Абдукарим Машрабов ва Ҷовидон Маҳмадов. Абдукарим Машрабов бо сабаби ба дигар кор банд буданаш дар филм иштирок карда натавонист ва баъди фикру мулоҳизаҳои зиёд Ҷовидон Маҳмадовро интихоб кардем.

Дар филм ҳамчунин ҳунармандони ҳирфаӣ - Қурбони Собир, Маҳмадалӣ Маҳмадов, Амина Табарова, Абдумуъмин Шарифӣ, Парвиз Пӯлодӣ ва Фариддуншоҳ Раҳматуллоев нақш офариданд.

Ҳамчунин дар кастинг ҳунармандон порчае аз филмро ҳам бозӣ карданд.


- Дар байни актиёрони филм оё нафаре буд, ки бори аввал нақш офарида бошад?

- Бале, барои Соро Камолиддинова ин бори аввал буд ва ӯ нақши асосиро бозид. Ҳамчунин, Ҷовидон Маҳмадов низ гарчанде қаблан дар чандин нақшҳо ҳунарнамоӣ кардааст, ин нақши комил дар як асари комил ба ҳисоб мерафт.

- Барои ба навор гирифтани филм чӣ миқдор маблағ сарф карда шуд?

- Ростӣ маблағи сарфгардидаро намедонам ва тахмин ҳам карда наметавонам, чунки ба мо ҳар чизе, ки лозим буд директори филм Акмал Абдуллозода фароҳам месохт ва ман аз он кас миннатдорам. Ҳамин тавр, аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва ҳар нафаре, ки барои рӯйи саҳна овардани филм заҳмат кашиданд, миннатдорӣ изҳор мекунам.

- Филм дар кадом минтақаи Тоҷикистон ба навор гирифта шуд?

- Филмро дар ду вилоят ба навор гирифтем. Қисмати аввали филм дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба навор гирифта шуд. Баъдан бо гурӯҳи эҷодӣ ба ноҳияи Дӯстии (Ҷиликӯли) вилояти Хатлон сафар кардем ва қисмати дуюми филми мазкурро дар мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” ба навор гирифтем. Дар ин ҷо ҳаво ниҳоят сард буд ва беист борон меборид, вале мо бо як дилгармии зиёд кор кардем.


- Ёрдамчии шумо ҳамчун коргардон кӣ буд?

- Манзаралӣ Шералӣ ба ман бисёр кӯмак кард, яъне ӯ ёрдамчии коргардон интихоб шуда буд. Дар самти рассомӣ бошад, Лутфулло Неъматов ба ман ёрӣ дод.

- Дар омода кардани филмнома боз киҳо ҳамкорӣ доштанд?

- Вобаста ба омода кардани филмнома бо Некрӯз Ҷалилиён ҳамкорӣ кардам. Баъдан писари нависанда Аброр Зоҳир - Шаҳбози Аброрро ҳам ба филмнома ҷалб кардем. Ҳамин тавр, муаллифони филмнома иборат аз се нафар буданд.

- То кадом андоза ҳунармандон тавонистанд аз ӯҳдаи нақши худ бароянд?

- Ҳунарманд мисли пластилин аст ва коргардон бояд ҳар навъе, ки бошад онро тоб дода, ҳунарашро кашида гирад. Ман аз нақш офаридани ҳунармандон розӣ ҳастам. Агар дар филм ягон камбудиро бинам ба ҳунарманд нисбат намедиҳам, баръакс худро гунаҳкор меҳисобам.


- Мақсади асосии шумо ҳамчун коргардон аз таҳияи ин филм дар чӣ буд?

- Мақсади асосиам аз таҳияи филм ин доштани қаҳрамони миллӣ аст, ки ҷавонон тавонанд, то аз ӯ пайравӣ кунанд. Албатта ба қаҳрамонони филмҳои туркӣ пайравӣ кардани ҷавонон маро ба ташвиш овардааст ва аз ин рӯ, мехоҳам тоҷикият дар мадди аввал бошад. Дуруст аст, ки ҳоло фазои синамои мо холӣ аст ва ҷойи онро филмҳои хориҷӣ пур кардааст, вале мо бояд ҳарчи бештар филмҳои хусусияти миллидошта ба навор гирем ва талаботи бинандагонро қонеъ гардонем, то онҳо ба филмҳои хориҷӣ рӯ наоранд.

- Филми нахустини шумо соли 2008 бо номи "Иштибоҳ" рӯйи навор омад. Ин кор чӣ тавр сурат гирифт?

- Соли 2008 дар идораи "Барномаҳои субҳ" - и Телевизиони “Тоҷикистон” кор мекардам. Боре аз рӯзномаи "Чархи гардун" қиссаеро хондам, ки ба ман бисёр маъқул шуд. Муаллифи қисса Зиёвиддини Нурзод буд.

Баъди он қиссаро хондан, сенарияи филмро омода кардам, вале барои ба навор гирифтан маблағ набуд. Ҳамон шабу рӯз ҳунармандон ташнаи нақшофарӣ буданд, аммо соҳаи синамо бошад хомӯш мемонд. Дар ҳамин ҳол телевизиони “Симои мустақили Тоҷикистон” ба фаъолият оғоз кард. Директори ҳамонвақтаи телевизион Зинатулло Исмоилзода ба мо тамоми шароитро фароҳам овард. Ҳар нафареро ба филм ҷалб мекардем, мегуфтем, ки пул надорем ва онҳо розӣ мешуданд. Вақте ки нахустнамоиши филм дар Кохи Ҷомӣ баргузор гардид, як қисми мардум дар берун монданд.

- Филми "Сездаҳсолу се моҳ" - ро дар кадом деҳа ба навор гирифтед ва рассоми филм кӣ буд?

- Ин филмро дар деҳаи Зиддеҳи ноҳияи Варзоб ба навор гирифтем ва рассом - таҳиягари он Лутфулло Неъматов буданд. Муаллифи филмнома бошад, шодравон Гулназар Келдӣ мебошанд.


- Шумо дар ТВ “Сафина” ҳамагӣ чанд филм ба навор гирифтед ва онҳо кадомҳоянд?

- Шаш фил ба навор гирифтам. Инҳо филмҳои: "Фасли рӯё", "Сездаҳсолу се моҳ", "Сарнавишт", "Муфаттиш", "Соҳили мурод" ва филми "Доғ" мебошанд.

- Шумо ҳамчун коргардони ботаҷриба дар рафти ба наворгирӣ бо кадом мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешудед?

- Ҳар як филм мушкилоти худро дорад. Вақтҳое мешавад, ки гурӯҳи эҷодӣ бо ҳамдигар созиш намекунанд, ҷанҷол мешавад. Вале филм чунин хусусият дорад, ки вақти нахустнамоиш ҳамаро сарҷамъ мекунад. Имрӯзҳо рӯзҳои банаворгирӣ, душвориҳо ва ҷанҷолҳоро ба ёд оварда ханда мекунем. Яъне, ки лаҳзаҳои киноофарӣ бисёр ширинанд.

- Оё боре шудааст, ки бо сабабҳои молӣ ё техникӣ банаворгирии филми шумо ба муддати номуайян мавқуф гузошта шуда бошад?

- Не, нашудааст. Душвориҳо буданд, вале мо истодагарӣ карда, то охир рафтем.

- Боре шунидаед ки ҳунармандон аз ҳамкорӣ бо шумо норозигӣ карда бошанд?

- Не, нашунидам.


- Ба фикри шумо сабаб дар чист, ки соҳаи синамои мо пешрафти назаррас надорад?

- Ман фикр мекунам, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳама соҳаҳои кишвар, аз ҷумла синамо ҳам зарба зад. Мо бисёр мутахассисонро аз даст додем. Баъд, чанд сол моро лозим омад, ки ҳама чизро аз сифр шурӯъ кунем ва ман боварӣ дорам, ки дар оянда ҳамааш хуб мешавад. Яъне мо мувофиқи имконият пешрафт карда истодаем.

- Сабаб дар чист, ки дар тӯли шаш соли фаъолият Муаассисаи давлати телевизиони “Синамо» то кунун ягон силсилафилм омода накардааст? Ба назари Шумо сабаби ин дар чист?

- Сабаби асосӣ норасоии маблағ аст. Яъне барои ба навор гирифтани силсилафилм маблағи зиёд даркор ва мо наметавонем бо он маблағе, ки буҷаи “Синамо” дорад, силсилафилм ба навор гирем. Агар маблағ бошад, филмнома омода кардан мумкин аст. Масъалаи дигар ин набудани продюсер аст.

- Нисбати филмҳои дағале, ки ҷавонони ҳозира ба навор мегиранд, чӣ назар доред?

- Чунин ҳолат дар ҳолати набудани филмҳои касбӣ ба вуҷуд меояд, яъне холӣ будани фазо. Имрӯзҳо техника ва технология ба ҳадде тараққӣ кардааст, ки пешгирӣ карданашон ниҳоят душвор аст. Аз ин рӯ, ҳар нафаре, ки чизе ба навор мегирад бояд обрӯи миллати хешро дар мадди аввал гузорад. Набояд фаромӯш кард, ки мо чӣ қадар гузаштагони бузург доштем. Барои пешгирӣ кардани ин гуна филмҳо бояд аз тарафи раёсате, ки ин вазифаро ба дӯш дорад, назорат бурда шавад. Ҳамчунин, барои ба навор гирифтани чунин филмҳо ҷаримаҳои миёншикан баста шаванд, то дигар чунин филмҳо рӯйи саҳна наоянд.

- Ояндаи синаморо чӣ гуна дидан мехоҳед?

- Мехоҳам не, мебинам. Ояндаи синаморо ба хайр мебинам ва боварӣ дорам, ки он аз қабл хубтар мешавад.

- Дар оянда боз чӣ нақшаҳо доред ва кадом филмҳоро ба навор гирифтан мехоҳед?

- Мехоҳам, филмеро бо номи "Мария" дар бораи мӯйсафеде, ки бо хирс дар кӯчаҳои шаҳр мегашт, ба навор гирам ва умедворам, баъди филм идеяе пайдо мешаваду пайкараи мӯйсафед бо хирс дар як гӯшаи шаҳр сохта мешавад.


- Се коргардони хуб аз нигоҳи шумо?

- Юнус Юсуфов, Носир Саидов ва Умед Мирзоширинов.

- Се ҳунарманди беҳтарин аз назари шумо?

- Қурбони Собир, Абдукарим Машрабов ва Аъзамҷон Розиқов.

- Се филми беҳтарин дар даҳ соли охир?

- Филми "Роҳ" - и Носир Саидов, "Худро фиреб деҳ!" - и Тахмина Раҷабова ва ...

"Ишқи Зуҳал" - ро кай ба навор мегиред?

- Насиб бошад, ҳамин сол.

- Саломат бошед!

- Шумо ҳам.



Раҷаб Мирзо: “Луқмаи ҳароме ҳаромам бод”

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед