Ru  | Tj
Муҳиддини Музаффар: “Мехоҳам, ки қисми зиёди умрам дар майдони навор гузарад.”
Муҳиддини Музаффар: “Мехоҳам, ки қисми зиёди умрам дар майдони навор гузарад.”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Муҳиддини Музаффар: “Мехоҳам, ки қисми зиёди умрам дар майдони навор гузарад.”

Нашр шуд

Рӯз аз рӯз рушд ёфтани синамои Тоҷикистон боиси дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидани он мегардад. Муҳиддини Музаффар яке аз коргардонҳои ҷавону боистеъдод аст, ки пайваста дар пайи эҷоди филмҳои ба сатҳи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, соҳаи синамои Тоҷикистонро тавон мебахшад. Вобаста ба ҷаҳону паёми синамо сӯҳбате доштем бо ин коргардони ҷавони муваффақ, ки фишурдаи онро пешкаш мекунем.


- Имрӯзҳо ба чӣ корҳо машғулед?

- Ин шабу рӯз мо ба омода намудани нахустнамоиши ду филми ҳунарӣ машғулем. Якум, филми "Один на миллион" (“Аз миллион яке”), ки аз рӯи ҳаёти соҳибкори муваффақ - Саидмурод Давлатов гирифта шудааст ва дуюм, филми ҳунарии "ДОВ", ки ҳамчун натиҷаи кори дипломиам дар Донишгоҳи давлатии умумирусиягии кинематографияи ба номи С. А. Герасимов (ВГИК-и шаҳри Москва) таҳия шудааст. Филми "ДОВ" аллакай танзим карда шуда, дар марҳилаи садогузорӣ, оҳангсозӣ ва рангпардозӣ қарор дорад. Вазифаи дигаре, ки мо дар мадди аввал гузоштаем, ин тарҷума кардани филми "Аз миллион яке" бо се забон: русӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ мебошад. Ин ду лоиҳа муаррифгари синамои тоҷик ба берун аз Тоҷикистон мебошанд.


- Филми "Аз миллион яке" дар чанд муддат наворбардорӣ шуд ва нахустнамоиши он кай баргузор хоҳад шуд?

- Мо ин филмро тӯли чор сол мешавад, ки омода карда истодаем ва бори нахуст филми мазкур 1 - уми октябр дар шаҳри Москва, 2 - юми октябр дар шаҳри Қазон, 3 - юми октябр дар Новосибирск, 4 - уми октябр дар Екатеринбург, 5 - уми октябр дар Махаҷқалъаи Доғистон, 7 - уми октябр дар шаҳри Алма-Ато ва 21 – уми октябр бошад дар шаҳри Тошканд (бо иштироки 4000 нафар ва бо забони ӯзбекӣ) ба намоиш гузошта мешавад.

Рӯзи 16 - уми октябр бахшида ба Рӯзи синамои тоҷик нахустнамоиши филм дар қасри Суруш бо иштироки созандагон ва ҳунармандони филм дар назар гирифта шудааст. Баъдан филми мазкур рӯзи 17 - уми октябр дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд ва рӯзи 19 - ум бошад дар шаҳри Бохтар ба намоиш гузошта мешавад. Ҳамчунин, дар назар аст, ки филми мазкур то соли нав дар тамоми кинотеатрҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шавад.


- Филми "Аз миллион яке" - ро дар кадом шаҳрҳо ба навор гирифтед?

- Соли 2018 навиштани сенарияи филм оғоз гардида, солҳои 2019 - 2020 сабт гардид. Мо саршавии филмро аз деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ шурӯъ кардем. Баъдан қисмати солҳои 90 - уми онро дар шаҳрҳои Душанбе, Бӯстон (Чкаловск) ва Хуҷанд сабт кардем. Ҳамчунин, сабти филм як моҳи дигар дар Москва, як ҳафта дар Алма-Ато, як моҳ дар Бишкек, се рӯз дар Ню-Йорк ва ду рӯз дар Малайзия давом ёфт.


- Кадом ҳунармандон дар филм нақш офаридаанд?

- Дар филм ҳунармандони беҳтарини Русияву Қазоқистон ва Қирғизистону Тоҷикистон нақш офаридаанд. Аз Тоҷикистон ҳунармандон - Фирӯза Раҳмонова, Тағоймурод Розиқов, Парвиз Пӯлодӣ, Мавлона Наҷмиддинова, Лутфулло Давлатов, Шӯҳрат Раҳматуллоев ва худи Саидмурод Давлатов нақш офаридаанд. Аз Русия бошад, Михаил Горевой, Александр Песков ҳамчунин, чеҳраи шинохтаи олами синамои Қазоқистон Азиз Бейшеналиев, ки яке аз нақшҳои асосиро иҷро мекунад ва ҳунарманди бисёр ҳам шинохтаи Қирғизистон - Болот Тентамишев нақш офаридаанд.


- Оё дар вақти банаворгирӣ ҳунармандонро аз як кишвар ба дигар кишвар мебурдед?

- Бале, мувофиқи сенария барои нақшофарӣ мо ҳунармандони қирғизро ба Русия ва ҳунармандони Русияро ба Қирғизистон, хамчунин, ҳунармандони тоҷикро ҳам ба дигар кишварҳо мебурдем. Ин мубодила барои шикастани сарҳади фаҳмиши ҳунармандони мо хеле мусоидат кард. Шахсан барои ман дар майдони синамо бо Михаил Горевой кор кардан, як ифтихор буд.


- Идеяи ба наворгии ин филмро кӣ пешниҳод кард?

- Идеяи филмро худи ман пешниҳод кардам. Яъне ман мехостам, ки дар бораи ин тоҷири муваффақ филме ба навор гирам. Албатта дар баробари ман аз дигар кишварҳо низ ба Саидмурод Давлатов ҷунин пешниҳодҳо будаанд, аммо гарчанде, ки соҳаи синамо дар Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия нисбат ба кишвари мо хеле рушд кардааст, Саидмурод Давлатов тоҷикро интихоб кард. Зеро ӯ мехост, ки дар баробари ба навор гирифтани филм, ҳамчунин мутахассисони тоҷик аз дигар мамлакатҳо таҷриба низ гиранд.


- Филм чанд саоатро дар бар мегирад?

- Филм ба ду тарз сабт шудааст. Якум, 96 дақиқа бо номи "Аз миллион яке", яъне ин барои кинотеатрҳо ва дуюм, дар 5 қисмат бо номи "Пайроҳаи мураббӣ", ки давомнокии ҳар қисмати он 45 дақиқа мебошад.

- Ҳадафи ин филм аз чӣ иборат аст?

- Ҳадафи асосии филм ин муаррифӣ кардани образи тоҷик - ҳамчун тоҷир ва соҳибкори муваффақ дар берун аз кишвар, бахусус дар Осиёи Марказӣ мебошад. Яъне онҳо донанд, ки тоҷикон танҳо мардикор нестанд, тоҷикон одамони муваффақ ҳам доранд. Мақсади дигари филм ин тарғиб кардани инсонҳо дар бобати истифодаи имконятҳо мебошад. Вақте ки Худованд инсонро меофарад ба ӯ миллионҳо имконият медиҳад, вале инсонҳо миллионҳо имкониятро намебинанду миллионҳо мушкилотро мебинанд. Вақте ки аз кӯҳистони Дарғ як бачаи точик муваффақ шудаву Тоҷикистонро дар хориҷа муаррифӣ мекунад, чаро дигарон натавонанд?! Пас агар ин нафар тавонист ту ҳам метавонӣ! Ҳадафи сеюм, ин нишон додани образи модари тоҷик аст. Қаҳрамони асосии мо пеш аз Саидмурод, модараш аст. Модари тоҷик дар миёни ҳафт қабат кӯҳҳо зиндагӣ мекунад ва гумон мекунад, ки чизеро намедонад, вале ӯ чунон тарбиятгару донишманде ҳаст, ки дигар занҳои ҷаҳон ба вай баробар шуда наметавонанд.


- Вақте ки филми "12 соли интизорӣ" ба намоиш гузошта шуд ҳамаи расонаҳо навиштанд, ки ин филм бо дастгирии телевизиони “Синамо” ва ширкати "Танин" ба навор гирифта шудааст. Оё ин рост аст?

- Бо дастгирӣ нею бо ҳамкорӣ. Яъне аз ҷониби онҳо маблағ пардохт нашудааст. Маблағи асосӣ аз тарафи МД "Суғдсинамо" ба номи Комил Ёрматов, ки муаасисаш ҳукумати вилояти Суғд аст, пардохт гардид.


- Дилошӯб Орифзода дар як мусоҳибааш гуфтааст, ки мо барои филми “12 соли интизорӣ”-ро ба навор гирифтан, бо сад оила сӯҳбат кардем ва аз миёни онҳо се қиссаро интихоб кардем. Ин гап то куҷо ҳақиқат дорад?

- Ростӣ ман нашуморидам, вале мо дар ҳақиқат бо бисёр оилаҳо сӯҳбат доштем. Қиссаи марказии мо саргузашти духтараке ҳаст, ки бо орзуҳои зиёд табиб шудан мехост, вале ӯро ба шавҳар доданд. Баъд аз як моҳ шавҳараш ӯро партофта меравад ва баъд аз чанд моҳи дигар ба муддати 12 сол зиндонӣ мешавад. Баъзан барои пур кардани воқеаҳо мо аз қиссаҳои дигар низ истифода бурдем, вале дар маҷмӯъ филм аз ҳаёти воқеӣ гирифта шудааст, ки даъвати асосии он се чиз аст. Якум, мо бояд духтарамонро соҳиби маълумот кунему баъд ба шавҳар диҳем, дуюм, ҳуқуқи зан дар хонае, ки келин мешавад бояд таъмин бошад ва сеюм, агар зиндагии онҳо вайрон шуд, набояд рӯҳафтода шаванд. Зиндагӣ ин танҳо шавҳар доштан нест. Зиндагӣ ин маънои онро дорад, ки ту зиндаӣ ва бояд ба коре машғул бошӣ, ки онро карда метавонӣ.

- Сабаб дар чӣ буд, ки шумо дар се филматон Таҳмина Раҷабоваро дар нақши асосӣ интихоб кардед?

- Вақте ки дар филми “Паймон” бо Таҳмина Раҷабова кор кардем, фаҳмидем, ки талаботи моро қонеъ карда метавонад ва ба ӯ сенарияи хуб лозим аст, то ки ҳунарашро нишон дода тавонад ва худашро шиносонад. Ҳамин боис шуд, ки мо боз дар ду лоиҳаи дигар ҳамкорӣ кардем. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо ҳамеша якҷоя кор хоҳем кард.

- Оё дар интихоби ҳунармандон норасогие вуҷуд дорад?

- Бале, беҳад зиёд аст. Дар кишвари мо дар як сол 50 филм ба навор гирифта намешавад, ки ҳунармандони театри мо рафта дар майдонҳои кино тамрин кунанд. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мактаби ҳунарманди театр ва кино ҳаст, вале он бештар ҷанбаи театрӣ дорад ва нафароне, ки онро хатм мекунанд, дар театр ба кор медароянду таҷрибаи дар пеши камера кор карданро надоранд. Роҳи ягонаи ҳалли ин мушкилӣ кадрҳоро пайваста омӯзиш додан аст. Мо аллакай ба ин кор машғулем ва чанд нафарро таёр карда истодаем, ки шумо натиҷаи онро дар филми "ДОВ" хоҳед дид.


Барои шумо кадом жанри банаворгирии филм осонтар аст?

- Бароям ҳамаи жанрҳои филмбардорӣ ҳам осон асту ҳам мушкил. Ҳама кор мушкилоти худро дорад, вале агар ба таъби дилат бошад, осон мешавад. Дар рӯзҳои наворбардорӣ, ки 18 - 20 соат давом мекунад ва ҳама ба соатҳои охир меафтанд, ман кӯшиш мекунам, ки суруд хонам. Чунки ман аз он мондашавӣ лаззат мебарам. Ҳар вақте ки давраи майдони сабт фаро мерасад, худро дар ҷойи худ эҳсос мекунам, вале вақте ки сабт тамом мешавад, худамро як одами нодаркор ҳис мекунам. Ман танҳо дар майдони сабт касе ҳастам, берун аз он ҳеҷ кас нестам. Барои ҳамин мехоҳам, ки қисми зиёди умрам дар майдони навор гузарад. Ҳар он ранҷу азобе, ки майдони навор дорад, бароям роҳат аст.


- Шумо филми таърихӣ ба навор гирифтан мехоҳед?

- Ман аз нақшҳои оянда гап заданро бад мебинам, чунки мехоҳам онҳо амалӣ шаванд. Танҳо ҳаминро мегӯям, ки барои банаворгирии филми таърихӣ ҷиддӣ омодагӣ дида истодаам. Умедворам, ки бо хости Худованд ва бо дастгирии рӯзноманигорону мухлисон ин корро дар солҳои наздиктарин оғоз мекунем.

- Сабаби асосии рушд накардани синаморо дар чӣ мебинед?

- Филм офаридан бисёр мушкил аст. Барои он, ки филм сохта шавад, чанд соҳаи дигар лозим. Якум, сенариянависӣ - драматургия, дуюм, коргардонӣ, сеюм, рассом - танзимгар, чорум, наворбардор, панҷум, нурпардоз, шашум, ороишгар, ҳамтум, рассоми либос, ҳаштум, тарроҳӣ, нуҳум, садобардорӣ, даҳум, садогузорӣ, ёздаҳум, оҳангсозӣ ва дувоздаҳум, танзим. Ҳамин гуна, бист соҳаи дигар дар дохили як соҳа аст. Ана дар ҳамин бист соҳа мутахассисони ҳирфаӣ лозиманд. Аз ин ҷост, ки рушд кардани филм дар мо мушкил шудааст. Соҳаи дигар продюсерӣ аст, ки дар мо умуман нест. Вақте ки филмро ба навор мегирем, онро фурӯхтан даркор. Бадбахтии фаъолияти шашсолаи МД "Суғдсинамо" дар он аст, ки филмҳоро фурӯхта наметавонад.


- Имконияти ба наворгии филми "Ормонҳо" чӣ тавр пайдо шуд ва шумо ҳамчун коргардони ҷавон бо кадом мушкилотҳо дучор шудед?

- “Ормонҳо" - ро вақте мебинам, худам хандаам меояд. Чунки ин филм лоиҳаи аввалинам буд ва намедонистам, ки навор бояд чӣ гуна гирифта, чӣ гуна мантаж карда ва чӣ гуна фурӯхта шавад. Вале хушбахтона дар бар барам наворбардори бисёр ботаҷриба истод шуд. Ҳамчунин, ин лоиҳаро Диловар Султонӣ, ки он замон танзимгари бисёр хуб буд, наҷот дод. Агар Диловар Султонӣ намебуд, сифати филм комилан дигаргуна мешуд, яъне ҳар кадре, ки ҷамъ кардам онро дуруст танзиму садогузорӣ кард. Ин филме буд, таҷриба андӯхтам ва бовар кардам, ки метавонам коргардони кино бошам. Соли 2009 бисёр мехостам, ки дар Москва таҳсил кунам, вале ин орзуям баъд аз даҳ сол - соли 2019 ҷомаи амал пӯшид.

- Оё як нафар метавонд, ки ҳам коргардон ҳам сенариянавис ва ҳам ҳунарманд бошад?

- Бале, метавонад агар дар бараш ёрдамчиҳои қавӣ дошта бошад. Махсусан, агар ёвари коргардон шахси ботаҷриба бошад.

- Кадом филмҳои тоҷикӣ бештар ба шумо писанд аст.

- Медонед, диди як коргардон ба филм нисбат ба бинандаи оддӣ фарқ дорад. Мо вақте ки филмро тамошо мекунем, диққат медиҳем, ки дар он пушт бисто соҳа чӣ тавр рафта истодааст. Оё ҳама кори худро дуруст иҷро карда истодааст ё не?! Аз ин нигоҳ филми "Таксӣ" - и Файзулло Файзов, "Қиёми рӯз" ва "Роҳ" - и Носир Саидов, "Сафари ҳавоӣ"-и Далер Раҳматов ва чанд филми Муҳаммадрабӣ Исмоил ва Умед Мирзоширинов бисёр хуб эҷод шудаанд.

- Дар умум чӣ мехоҳеду чӣ таманниёт доред?

- Мехоҳам, ки Тоҷикистони азизи мо пеш аз ҳама тинҷу ором бошад. Мехоҳам, ки ҳамватанони азизи мо аз кӯчактарин муваффақият хушҳол шаванд ва аз кӯчактарин муваффақияти як тоҷик ифтихор кунанд. Мехоҳам, ки дар баробари 30 - соли Истиқлолият мутахассисони ҳамаи соҳаҳо ба мардум хизмате кунанд.


- Ман фикр мекунам, агар мо арзанда набошему хиште барои пойдории оянда нагузорем, ин оромӣ поянда намешавад.

- Ба шумо барор ва муваффақият хоҳонем.

- Саломат бошед!

Раҷаб Мирзо: Журналистикаи касбӣ ва қавӣ аз байн намеравад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед