Ru  | Tj
Муҳриддин Сабурӣ: “Хеле аз шоирони ҷавони мо дар сояи шеъри Лоиқу Бозор хуфтаанд”
Муҳриддин Сабурӣ: “Хеле аз шоирони ҷавони мо дар сояи шеъри Лоиқу Бозор хуфтаанд”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Муҳриддин Сабурӣ: “Хеле аз шоирони ҷавони мо дар сояи шеъри Лоиқу Бозор хуфтаанд”

Нашр шуд

Бархе мунаққидон иддао доранд, ки адабиёти замони истиқлол ба шакли бояду шояд мавриди нақди мунаққидон қарор нагирифтааст ва мисли замони Шӯравӣ осори мунташиршуда аз “ғалбер”-и нақди адабӣ намегузарад. Шояд ба ин далел бошад, ки осори пур аз ғалат ва орӣ аз меъёрҳои адабиёти асил зиёд нашр мешавад. Муҳриддин Сабурӣ, мудири шуъбаи нақди Иттифоқи нависандагон, ки чанд соли ахир бо нашри мақолаҳои интиқодӣ сару садои зиёдеро ба вуҷуд овард, баъзе аз мушкилоти соҳаи нақди адабиро дар суҳбати ихтисосӣ баён кард:

- Чанд соли ахир нақдҳои навиштаи Шумо дар робита ба осори нашршуда сару садо ба вуҷуд овард. Гурӯҳе онро муғризона тафсиф карданду шӯриданд, гурӯҳи дигар ҷонибдорӣ намуданд. Ба фикри шумо дар мо фазои солими нақди адабӣ вуҷуд дорад?

- Вуҷуд дорад. Ба ин масъала мо набояд танҳо аз зовияи нақди шеър ё наср назар андозем ва ба ин хулоса бирасем, ки нақди солим вуҷуд надорад. Дар ҳоле, ки дар ин шохаи нақд ҳам аҳёнан мақолоти ҷиддии интиқодӣ ба чашм мерасад. Нақдҳои тавсифӣ, бахусус, нақди шеър ва насри бадеӣ, ки имрӯз мунаққидон дар бештари онҳо аз паша фил месозанд, як бахши кӯчаки нақди адабианд, ки намешавад бо ҳузурашон фазои умумии нақди адабиро носолим номид. Ин гуфтаҳо дар умум маънои солим набудани нақди адабиро надорад. Албатта, ин ба завқу салиқаи хонандаи шеър ва насри имрӯз вобаста аст, ки ба тавсиф одат кардааст ва ҳамвора мехоҳад дар бораи осори мавриди назари худ аз тарафи мунаққидон сухани тавсифӣ шунавад ва хеле аз мунаққидони муҳтарами мо ҳам ба ин равиш хӯ гирифтаанд. Бо ин гурӯҳ дастбагиребон шудан ҳам аз сари инсоф нест. Чаро ки диди бадеӣ ва завқу салиқаи суст онҳоро намегузорад, фаротар аз худ бингаранд. Абдураҳмони Ҷомӣ асрҳо пеш ба ин камзавқиҳо ишора карда, гуфта буд:

Шеър к-афтад қабули хотири ом,

Хос донад, ки суст бошаду хом.

Дубора ба мавзӯи дар нақдҳои мо чӣ сурат гирифт барнамегардем. Албатта, тарафдор ҳам кам набуд. Аммо, агар мо нақду баррасиҳои осори классикӣ дар мавриди баргардони асар ва таҳияву танзими он ва ҳамчунин, тақриз ва китобиётҳои бахши осори илмиро пеши назар биорем, солимии фазои нақди адабиро ба хубӣ дарк мекунем. Дар ин замина нақди адабӣ ҳамвора аз осори мавриди назари худ ба сахтӣ интиқод кардааст, ки агар аксари хонандагон ҳам завқи дарки ин ҳамаро медоштанд, дар баробари қабули нақди шеър то ҷойе нармтар мешуданд.


- Ба андешаи он ки дар мо нақди ҷиддӣ вуҷуд надорад, чӣ назар доред? Ба назар мерасад, ки нақдҳои имрӯз бештар аз тавсифу таъриф иборат аст. Чаро чунин?

- То андозае чунин андешаҳо дуруст аст, бахусус дар маврди нақди шеър ва насри бадеӣ. Агар аҳёнан нақди ҷиддиеро ҳам мехонем, шояд ба хотири аз ҳад қолабӣ буданаш моро мутаассир намекунад. Чаро ки дар он аз шеваҳои тозаи нақд кор гирифта намешавад. Мо дар ҳама навъи нақд, чӣ нақди иҷтимоӣ бошад, чӣ нақди ҳунарӣ ва чӣ нақди таърихию фалсафӣ дар чаҳорчӯби як қолаби боқимонда аз даврони шӯравӣ гап мезанем. Дуруст аст, ки дар дарунмояи бархе аз нақдҳоямон навназарӣ ва бархӯрди дигаргунатар ба мавзӯъро дорем, аммо равиши нақдамон ҳамеша қолабӣ будааст. Масалан, мунаққид дар аввали нақди худ (нақдҳои ҳунарӣ, фалсафӣ, динӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, таърихӣ…) ба тавсифи мухотаби худ мепардозад ва бо ду - се ҷумлаи танқидӣ матлаби худро ба анҷом мерасонад ва шояд ба хотири он, ки шоири мавриди назари ӯ наранҷад, мегӯяд: «Бо вуҷуди ин ҳама нуқсонҳо бовар дорем, ки чакидаҳои қалами фалонӣ ба хонанда писанд меояд». Ана ҳамин равиш як қолаби маъмулу дилбазан дар нақди мо шудааст.

Аммо масъалаи ин, ки нақдҳои мо ағлаб таърифу тавсифанд ҷойи баҳс дорад. Барои ҷавоби ин чуну чаро ба оғози ин кор бояд баргашт. Ин баҳсҳо марбут ба нақди замони истиқлол аст. Нақди замони шӯравӣ ин гуна нест. Ман сари нуктаҳое фикр мекунам, ки ба назар сода менамоянд, вале шояд асоси ба чунин ҳол гирифтор шудани нақди моро ҳамин омилҳо ташкил диҳанд. Аввал ниёзмандӣ, баъд эҳтиром ва саввум ҳифзи обруву эътибор. Вале гумон мекунам ҳамаи ин омилҳоро танҳо ва танҳо ниёзмандӣ ба вуҷуд овард. Дар нақди замони шӯравӣ мунаққид корҳоеро анҷом медод, ки ниёзмандиҳои иқтисодии ӯро бароварда мекарданд. Ва ин даромад аз ҷониби як сохтор буд, ки ҳадафмандона нақдро ба роҳ мемонд. Гоҳо мо ангушти ҳайрат мегазем, ки имрӯз як муҳаққиқи эронӣ чӣ гуна метавонад корҳои бузургеро ба сомон расонад, ки шояд умри мо ба анҷоми он кифоят накунад. Системаи кори аксари онҳо ба ягон сохтори фарҳангӣ иртибот дорад. Яъне муаҳаққиқ ба коре муваззаф карда мешавад, ба ивази ин ки аз ҷиҳати иқтисодиву молӣ ниёзманд набошад. Шабу рӯз дар борои коре фикр кардан инсонро ҳатман ба натиҷаҳои назаррас мерасонад. Ҳамин тактикаи кор дар замони шӯравӣ дар нақди мо ҳам буд. Ман ин суханро дар ҳошияи андешаҳои мунаққидоне гуфтам, ки омили нақд нанавиштанашонро дар дастгирии молӣ наёфтани он донистаанд.

Шӯравӣ пош хӯрд, ҷанги шаҳрвандӣ омад ва дар рӯзгорамон хисороти бузурги молиро ворид кард. Акнун фикр кунед, муҳаққиқ ва ё мунаққиде, ки нақдро манбаи даромад медонист бояд чӣ кор мекард?

Маҳфили адабии Бурӣ Каримро ба ёд биёред ва тавсифномаҳои адибонамонро низ ва дигару дигар. Ҳамин ниёзмандӣ барои беҳунарӣ роҳ кушод. Акнун «шоирон»-и музофотие, ки аз ҳисоби деҳқонӣ кам-кам манбаи даромад доштанд ва «тоҷиршоирон»-и шаҳрнишине, ки тиҷораташонро рушд медоданд, дар фикри чопи китобу гузаронидани шаби эҷодӣ шуданд. Инҳо ҳам касони сода набуданд, зарур медонистанд барояшон касе сарсухан ва ё нақд нависад, ки суханаш вазн дошта бошад. Аввал шоирони касбиамон ба нақду сарсуханнависӣ шурӯъ карданд ва баъд мунаққидони варзидаамон ҳам худро дар ин фазо тобовар карданд…

Ин як амри маъмулӣ миёни ҷомеаи адабӣ гардид. Диг ар барои танқиди адабӣ ҷой намонд. Саросар тавсиф. Ҳунар яксӯ монд ва масъалаи эҳтиром ва ошнобозӣ ба ҷойи аввал баромад. Албатта, буданд касоне, ки аз танқиди адабӣ ҳарф мезаданд ва аз шеъри шоирмаобон ба сахтӣ интиқод мекарданд. Ин гурӯҳи кӯчак нисбати адабиёту ҳунар дар баробари онҳое, ки омили рушд наёфтани нақди адабиро дар дастгирӣ наёфтани паҳлӯи молии он дониста, аз навиштани нақди воқеӣ то ҷойе канор рафтаанд, хеле ғамхортаранд ва дар ин рӯзгор ин гуна эҳтиёҷмандиҳоро ба сахтӣ таҳаммул мекунанд. Мунаққидеро медонам, ки барои нақди кардааш бо тапонча таҳдидаш карда буданд. Акнун тасаввур кунед, ҷомеае, ки ба тавсифи саросарӣ одат кардааст ва ба безавқӣ хӯ гирифтааст, чигуна нақди воқеъбинонаро таҳаммул мекунад. Пеш аз навиштани нақди воқеъбинона ва ошкор кардани беҳунарӣ дигар аксар мунаққидон обрӯ ва эътибори худро ба инобат мегирифтагӣ шуданд. Ба маънии дигар гӯем, завқи хонанда дигар онҳоро иҷозат намедод, ки аз мухотаби худ ба сахтӣ интиқод кунанд, то худро пеши назари ҳаводорони осори шоир ва ё нависанда беэътибор нагардонанд. Аз ин рӯ, дар баробари ҳама гуна норасоиҳои шеъри як шоир ва ё ҳарзагӯиҳои як нависанда чашм мепӯшиданд.

- Оё заминаҳои ихтисосии нақди адабӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад? Ё ба ибораи дигар гӯем ба таври ихтисосӣ донишгоҳ ва донишкадаҳо мунаққид омода мекунанд?

- Ҳаст, аммо мутахассисе, ки мунаққидони ҷавонро ба ин роҳ дуруст равона кунад, нест. Як духтарак, ки ба қавле шеър ҳам менавишт, назди ман омад ва гуфт: “мо дар Донишгоҳи омӯзгорӣ дарси нақд мехонем”. Пурсидам, ки ин ихтисоси алоҳида аст? Бале гӯён тасдиқ кард. Вақте хостори шиносоӣ бо нақдҳояш шудам, қоғазҳоеро пешам гузошт. Дар онҳо андешаи солим ва диди мунаққидона вуҷуд надошт. Ҳатто забони навиштаҳояш пур аз заъф буд ва ҷумлаи солим дар онҳо дида намешуд. Вақте аз омӯзгорони ин бахш пурсидам, касонеро ном бурд, ки ё хайр…

Агар хато накунам, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳам ингуна бахш вуҷуд дорад, вале то ҳол натиҷаашро надидаем. Баъзан бачаҳои ҷавон барои чопи мақолаҳояшон ба рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» меоянд. Вале кори онҳо кори мустақилона нест, бахше аз кори номзадии худро, ки 50 дар садашро иқтибос ташкил медиҳад, пешниҳод мекунанд. 50 дар сади дигар, ки навиштаҳои худи онҳост, гапҳои умумӣ ва такрори гуфтаҳои дигарон аст. Яъне диди хосаи худро дар ин бахш надоранд.


- Оё фикр намекунед, имрӯз набуди нақди ҷиддии адабӣ сабаб шуда бошад, афроде, ки аз одитарин унсурҳои шеър хабар надоранд, шеър менависанд. Ба назар шеъргӯйӣ мисли кружокҳои ҳаваскории замони Шӯравӣ шудааст?

- Фикр мекунам дар фазои адабии мо нақди ҷиддӣ ҳам он қадар кам нест, аммо масъала чизи дигар аст, чизе ки ба завқи хонанда иртибот мегирад. Табиист, ки зумрае аз эҷодкорон ба қавли Абдулҳусайни Зарринкӯб «касонеанд, ки дар баробари ситоиш таслим шудаанд ва аз нақду таҳқиқ мегурезанд ва баҳсу гуфтугӯро таҳаммул намекунанд». Маҳз ҳамин даста одамон завқи хонандаро ба поён бурдаанд ва бо ҳисси нафрат нигаристан ба нақди воқеиро дар мағзи онҳо ҷо кардаанд. Вақте хонанда шинохти воқеӣ надорад, албатта барои беҳунарӣ роҳ боз мешавад. Яъне, суханношиносии хонанда ба эҷодкорони тасодуфӣ ҳақ додааст, ки шеър гӯянд. Намунаи равшанаш “шеърҳое” дар фейсбук ва лайкҳои беҳисоби он аст. Дар чашми ин афрод имрӯз мунаққиде, ки асари мавриди назари худро наситояд муғриз дониста мешавад. Бо ин ҳол, чӣ тавр шоир нақдпазир мешаваду хонанда аз хондани шеъри бемоя рӯй метобад?

- Ҷавоншоирони зиёде ба майдон омадаанд, ки имрӯз бо ангезаи зиёд шеър менависанд. Дар мақолае шумо аз нуқсу камбуди шеъри ҷавонон ишора карда будед. Ба назар мерасад шеъри гурӯҳе аз ин ҷавонон хеле қолабӣ ва тақлидӣ аст. Якеро медонам, ки бисёр ба Лоиқ Шералӣ пайравӣ мекунад. Агар нақди ҷиддӣ мебуд, шояд инҳо роҳи худро пайдо мекарданд. Оё дар шеъри ҷавонони мо навӣ ва бозёфтҳои шоирона ба чашм мерасад? Ба назари шумо шеъри ҷавонон оянда дорад?

- Ин аз масъалаҳои бисёр нигаронкунанда дар шеъри ҷавонони мост. Дар мақолае, ки шумо ишора кардед, хеле аз ин мушкилот гуфта шудааст. Медонед, масъала бозёфтҳои шоирона нест. Бозёфтҳои шоирона дар шеъри ҳар кадом аз шоирони ҷавони мо камобеш ба чашм мерасад. Аммо рӯҳи шеър кӯҳнаву қолабиву дармонда ва соянишини шеъри нимаи дувуми асри ХХ аст. Шумо танҳо яке аз шоирони ҷавонеро медонед, ки ба Лоиқ пайравӣ мекунад, вале дар умум хеле аз шоирони ҷавони мо дар сояи шеъри Лоиқу Бозор хуфтаанд ва ҳавсалаи канор рафтан аз ин тақлидкориҳои бесудро надоранд. Ин ду шоири номвар пеш аз он, ки шеъри тоҷикро майдондорӣ кунанд, бо талоши навнигарӣ як марҳилаи муҳиммеро пушти сар карданд ва дар пиллаҳои шеъри тоҷик кӯшиши болотар аз дигарон пой гузоштанро доштанд. Мо омадему дар сояи шеъри онҳо сар ниҳодем. Бо тақлид кардани Лоиқу Бозор касе шоири номвар нахоҳад буд, магар ин ки талоши фаротар пой гузоштан аз ин нухбагонро надошта бошад.

Дар мавриди нақд ҳам ончӣ гуфтед дуруст аст. Воқеан фақат нақд метавонад инҳоро аз ин бунбаст берун биёрад. Мутаассифона, аксар касоне, ки шеъри шоири имрӯзро нақд мекунанд, фақат аз гуфторҳои ҳунарӣ ва тасвирҳои шоирона мегӯянду халос, банда низ дар ин радифам. Дар ҳоле, ки имрӯз нақдро зарур аст барои таҳаввули шеър замина фароҳам биёрад. Аз тавсифи тасвирҳои шоирона то ҷойе канор биояд ва бештар ба масъалаи забону баёни шеър бипардозад, шоиронро ба истифодаи калимаҳои наву замонӣ, забону баёни тоза ва фарқкунанда аз шеъри солҳои 60-70 талқин кунад, шоиронро аз мавзӯъҳои ишқии баифротрасида, ба баёни дарди ҷомеа ва эҷоди шеъри иҷтимоӣ роҳнамоӣ кунад, гардишҳо ва равишҳои нави шеърро нишон диҳад ва ғайра.


- Ояндаи нақди адабии тоҷикро чӣ гуна мебинед. Оё метавон умедвор буд?

- Агар аз рӯи виҷдону адолат корро пеш бигирем, дилсӯзона ба адабиёт муносибат кунем, вақт сарф карда, шеъри беарзиши як шоирро матраҳ кардан, ҳатто интиқод карданро шарт надонем, бо шоироне сару кор бигирем, ки суханашон барои ҷомеаи адабӣ лозим бошад, қолабҳои маъмулро раҳо карда, шеваҳои нави нақдро ба кор барем, шеърро бештар ба иҷтимоъ пайванд диҳем, он гоҳ мешавад ба ояндаи беҳтари нақди адабӣ бовар ҳосил кард. То замоне ки дар шеъри мо таҳаввул ба вуҷуд наояд, кори нақд анҷомношуда боқӣ мемонад ва бори ин таҳаввулу навназарӣ бештар ба дӯши нақди адабист. Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ умедворие ба ояндаи нақди адабӣ надорам. Хонандаро бо хондани нақдҳои якрангу якнавохту маъмуливу қолабии меросмонда аз даврони Шӯравӣ овора кардан лозим нест. Равиши тоза ҳамеша натиҷаовару назаррас аст.

- Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ!

- Бубахшед, суҳбатамон нарму мулоим набуд!

Омӯзиш, кор ва кӯшиш. Се формулаи ҳаётии Мубориз Субҳонов


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед