
Мусоҳиба бо Илҳомҷон Фозилов - блогер, хореограф, актёр, вайнер ва ташкилкунандаи “Step Up”
Нашр шуд
Дар Тоҷикистон блогинг миёни мардум нав шакл гирифта, блогерон рӯз аз рӯз зиёд шуда истодаанд.
Дар Тоҷикистон блогингро то ҳол расман соҳаи алоҳида қабул накардаанд.
Дар Тоҷикистон блогингро кори осон, сода ва барои беҳунарону ҳаҷвнигорон унвон додаву мешиносанд.
Дар Тоҷикистон блогерон реклма фурӯхта натавониста ва фоидаи хуб ҳам надоранд.
Дар Тоҷикистон гапу гузори андозситонӣ аз блогерон идома дорад.
Дар Тоҷикистон блогерон гурӯҳӣ шуда кор намекунанд.
Ин ҳамаро дониста, шинохта, омӯхта бо яке аз блогерони шинохтаи тоҷик, ки зиёда аз 8 сол дар ин фазо кор мекунад, сӯҳбат кардем.
Нигоҳи аввал
Шумо блогери машҳуред, аммо...
- Шумо то андозае машҳур ҳастед ва дар Instagram 168 ҳазор обуначӣ доред, чаро дар Википедия тарҷумаи ҳолатон нест?
- Ростӣ то ҳол фикр накардаам, ки то дараҷае одами даркорӣ бошам, ки дар Википедия бошам, вале ба ҳар ҳол будани шарҳи ҳол ва баъзан маълумотҳо лозим ҳаст. Насиб, ният дорем, ки дар оянда ин корро анҷом диҳем.
- Шумо то андозае машҳур ҳастед, аммо чаро то ин вақт дар ягон расона мусоҳибаи васеъ надоштед?
- Дуруст, дар Тоҷикистон ягон мусоҳибаи васеъ надоштам ва намегӯям, ки маро касе даъват накардааст, балки даъватҳо буданд, вале аз сабаби серкорӣ иштирок карда натавонистам. Аз ҷониби дигар, бояд бигӯям, ки ман мусоҳибаи калон бо “UP-media” ва “Казакская медиа” доштам, ки инҳо расонаҳои интернетӣ мебошанд.
- Шумо то андозае блогери машҳуур ҳастед, чаро ба қавле “шумиха”-ҳо дар зери номатон кам ҳастанд?
- Бовар кунед, намедонам. Аслан мардуми мо сару садо ба сурату наворҳое баланд мекунанд, ки ба афкори онҳо таъсири манфӣ бирасонад ва ман фикр мекунам, ки дар кори блогериям оҳиставу ором ҳаракат карда истодаам.
Нигоҳи дуюм
“...беҳтар аст, ки намунаи хуб бошам”
- Медонем, ки шумо ба блогинг барвақт омадед, агар тахминан гӯем чандум нафари Instagram-дор дар Тоҷикистон ҳастед?
- Ман соли 2013 ба Instagram ворид шудам. Тахминан 50-ум одам дар Тоҷикистон будам, ки Instagram кушодам.
- Барои чӣ ба блогинг омадед?
- Пас аз ворид шудан ба ин сомона, ба омӯхтани он шурӯъ кардам. Баъд фикр кардам ва ба худам савол додам, ки чаро мо ба монанди блогерони хориҷӣ наворҳои ҳаҷвӣ, тарбиявӣ, иҷтимоӣ ва ғайраҳо надошта бошем. Ҳамин тавр, ба блогинг омадам ва аз ин омадан пушаймон нестам.
- Сабаби омаданатонро ба блогинг бахилӣ гӯем хато мекунем?
- Ман инро бахилӣ намегӯям. Фақат мақсадам ин буд, ки мо ҳам монанди хориҷиҳо метавонем дар дунё Тоҷикистонамонро муаррифӣ намоем. Яъне ҳавас, бахилӣ ё кинаву ҳасад не, балки нишон додани тоҷику Тоҷикистон.
- Чиро нишон додан мехоҳед ва чӣ истеъдод доред?
- Ман чанд истеъдод дорам: рассом, хореограф, актёр...
- Мо ба ҷуз актёрӣ дигар аз шумо чизе намебинем, чаро?
- Ман медонам, ки ҳоло обуначиҳои ман омода нестанд, оҳиста-оҳиста дигар истеъдодҳоямро ҳам муаррифӣ мекунам. Ҳамааш дар пеш аст.
- Кай, ҷиддӣ ба гирифтани аксу навор барои блогатон машғул шудед?
- Аз соли 2013 то 2015 дар блогинг будам, ликин фақат сурат гирифта пахш мекардам. Аз соли 2015 ба гирифтани наворҳо оғоз кардам. Аввалин наворам бо дӯстонам порчае аз як филми ҳиндӣ буд ва ҳамин тавр, ҷиддӣ ба ин кор машғул шудам.
- Навори соли 2015 гирифтаатон аз охирин видеои дар Instagram гузоштаатон чӣ фарқ дорад?
- Аз тарзи суханронию либоспӯшӣ то сифату макони сабт фарқият ҳаст. Ба пуррагӣ гуфта метавонам, ки дар ин солҳо хеле дигар шудам ва бисёр таҷриба омӯхтам.
- Шумо аз 2017 то майи соли 2020 “вайн” (навори кӯтоҳи ҳаҷвӣ) пешниҳод мекардед, аз моҳи майи 2020 ба гирифтани видеоҳои иҷтимоӣ сар кардед ва сабабашро чунин гуфтед: “Ман мехоҳам ба ҷавононамон фаҳмонам, ки чӣ хуб асту чӣ бад”. Бигӯед, ки чаро маҳз ин фикр моҳи майи 2020 пайдо шуд?
- Сабабаш карантин буд, зеро ҳама дар хона маҳкам буданд. Агар гап сари то андозае иваз кардани самти кор бошад, пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки дар ҳоли ҳозир ба насли нав аз калонсолон дида, мо таъсири зиёд мерасонем, чунки моро бисёр тамошо мекунанд ва хоҳу нохоҳ аз маҳсули мо чизи хуб ё бад мегиранд. Пас фикр кардам, ки чун аз ман ибрат мегиранд, беҳтар аст намунаи хуб бошам.
Нигоҳи сеюм
Дуздидани саҳифа дар Instagram ба сари ҳама меояд
- Чаро дар Instagram рекламаи кам доред?
- Ман рекламаро кам қабул мекунам. Зеро агар реклама бисёр шавад дигар дар саҳифа навори ҷолиб гузоштан камтар имкон дорад. Мо пеш аз ҳама барои обуначиҳоямон кор мекунем. Аз ҷониби дигар, агар ошкоро гӯям, зидди реклама ҳастам.
- Дар миёни блогерони мо менеҷер доштан муд аст, шумо ҳам доред?
- То як ҳафта пеш надоштам, ҳоло дорам. Аниқтараш ҳоло як гурӯҳ ҳастем ва онҳо ҳама корро худашон анҷом медиҳанд.
- Дар хориҷа, дар мисоли Русия хонаҳои махсус ҳастанд, ки онҳоро хонаҳои TikTok мегӯянд. Дар он хонаҳо продюсерон бачаҳоро ҷамъ мекунанд ва барои комёбӣ дар блогинг гурӯҳӣ кор мекунанд. Дар мо ҳоло чунин гурӯҳҳо нест. Оё имкони ташкил кардани чунин макон ҳаст?
- Ба фикри ман не, зеро дар мо бахилӣ ниҳоят бисёр аст.
- Нигоҳ кунед, шумо ҳоло бо Рафаел Гулов, Сабринаи Назрӣ, Сафина Ғоибова, Шоира Пулотова ва дигар блогерони раддаи аввал ҳамкориву дӯстӣ доред, чаро ҳадди ақал бо инҳо як гурӯҳ кушода намешавад?
- Аслан, мо метавонем, як гурӯҳ созем, вале ҳамаамон худамонро танҳо ба блогерӣ бахшида наметавонем. Аксари блогерони Тоҷикистон дар баробари блогер буданашон боз ба дигар корҳо ҳам машғуланд. Яъне ин кор барои мо шуғли асосӣ нест.
- Чаро ба блогинг ҷиддӣ машғул намешавед?
- Сарфу харҷамонро пӯшонида наметавонем. Дар ҳоли ҳозир нафароне, ки реклама мехаранд, омода нестанд, ки пули хуб диҳанд. Яъне мо аз блогинг он қадар пуле ёфта наметавонем, ки инро ба кори асосӣ табдил диҳем. Ногуфта намонад, ки ман ҳоло танҳо дар бораи блогероне гуфта истодаам, ки танҳо Instagram доранд, шароити блогерони YouTube-ро намедонам.
- Шумо ҳоло омодаед, ки андоз супоред?
- Аслан ин ба блогероне, ки дар YouTube фаъолият доранд, дахл дорад. Мо барои андоз супоридан тайёр нестем, зеро он қадар пули зиёд намеёбем.
- Кор дар блогинг ҳам дилгармӣ дорад ва ҳам дилсардӣ, метавонед ба мо аз ду тарафи кори блогерӣ гӯед?
- Вақте ки беҳуда дар поёни ҳар аксу навор суханҳои беъманӣ менависанд, ҳатман озурдахотир мешавед ва ҳар вақте ки бо наворҳои хуб ба аудитория чизи таъсирбахш медиҳед, дилгармии зиёд меёбед.
- Шумо шарҳҳои зери видеоҳову суратҳоятонро мехонед?
- Бале, ҳама шарҳҳоро мехонам ва аз мусбатҳояш қувват мегирам.
- Барои омода кардани як видео чанд сомонӣ сарф мекунед?
- Агар бовар кунед 60 %-и наворҳоямро дар телефон ба навор гирифта, таҳрир мекунам. 40 %-ашро бошад бо кӯмаки дӯстонам, ки дастгоҳи наворбардорӣ доранд. Пул сарф намекунам гӯем ҳам хато намешавад.
– Либосҳоятонро иҷора мегиред?
- Танҳо либосҳои қадимаро иҷора мегирам, дигарҳояш аз худам ҳастанд.
- Охири соли гузашта саҳифаи шуморо дар Instagram дуздиданд. Ин ҳолат чӣ гуна рух дод?
- Як рӯз дар саҳифаам аз саҳифаи “галучкадор” (саҳифаҳои маъруфи Instagram чунинанд.-Ҳ.Т.) паёмак омад, ки чунин буд: “Баъд аз 24 соат саҳифаи шумо маҳкам хоҳад шуд, чунки шумо ҳуқуқи муаллифиро поймол кардаед. Аз ҳамин сабаб линке, ки ба шумо равон кардем, ба онҷо даромада, “логин” ва “парол”-атонро нависед ва саҳифаатон маҳкам нахоҳад шуд”. Фикр накарада ба саҳифаам ворид шудам. Кори гуфтаро иҷро кардам, ки дар ҳамин лаҳза саҳифаам маҳкам шуду ба дасти дигар кас афтид.
Маълум шуд, ки ин амал аз ҷониби шаҳрвандони турк анҷом дода шудааст. Баъд аз се рӯз ба ман паёмак омад, ки агар 300 доллар диҳед саҳифаатонро бозпас медиҳем, вале ман ин корро накардам, зеро агар ба онҳо 300 долларро ҳам медодам, саҳифаамро барнамегардониданд. Он замон ман дар Instagram 90 ҳазор обуначӣ доштам. Саҳифаи нав кушодам ва то ҳол бо кӯмаки бачаҳо ва сарпараст шудан дар чанд озмунҳо миқдори обуначиҳоямро ба 168 ҳазор расонидам. Ногуфта намонад, ки дуздидани саҳифа дар интернет ба сари ҳар нафар меояд.
- Ҳаст амале ё сухане, ки шуморо ба нест кардани саҳифаатон дар Instagram водор кунад?
- Не, ҳатто фикрашро накардаам...
- Блгерони навкор бисёртар тақлид мекунанд, шумо чӣ назар доред?
- Ба фикри ман бояд ба ягон кас пайравӣ накард. Тақлид кардан ин ба сояи каси дигар баромдан аст, бояд ҳар нафар худашро созад.
- Бо блогерони хориҷӣ нақшаи ҳамкорӣ кардан доред?
- Бале, ҳаст. Ҳам бо блогерони рус ва ҳам бо блогерони дигар кишварҳо.
Нигоҳи чорум
Рақс: аз “Танцы”-и ТНТ то тавлиди “Step Up”
- Шумо раққос ҳам ҳастед ва то ҷое медонем аҳли оилаатон барои ба рақс машғул шуданатон розӣ набуданд. Чӣ гуна розӣ шуданд?
- Вақте ки рақс мегӯем бояд намуди онро ҳам бигӯем, зеро мардуми мо ба рақс кардани бачаҳо он қадар назари нек надоранд. Рақсе, ки ман мекунам ин намуди рақси варзишист ва барои ба он машғул шудан, қувваи ҳар нафар намерасад. Аҳли оилаам бошанд, оҳиста-оҳиста розӣ шуданд, зеро дарк карданд, ки рақсро ман дӯст медорам ва аз он дур шуда наметавонам.
- Шумо бо тарзи “Электро” ва “Хип-хоп” рақс мекунед, вобаста ба ин намуди рақсҳо ҳам соли 2013 дар озмуне иштирок карда будед. Сараввал ба мо “Электро” ва “Хип-хоп”-ро шарҳ диҳед.
- “Хип-хоп” тарзи пешинаи рақсест, ки дар Амрико пайдо шудааст. Намояндагони ин намуди рақс бо либосҳои калону кушод ҳам мегарданду ҳам мерақсанд. “Электро” ҳам як намуди рақс мебошад, ки одамон дар он мисли робот рақс мекунанд.
- Шумо соли 2016 ба барномаозмуни “Танцы”-и ТНТ рафтед ва муваффақ нашудед, ҳамон лаҳзаҳо чӣ фикр мекардед?
- Албатта, дар аввал ҳар нафар ғамгин мешавад, вале муҳим ноумед нашавем. Асосаш дар ТНТ 8 сол пеш баромадаму кишварамонро муаррифӣ кардам.
- Сабаби мағлуб шуданатонро дар чӣ мебинед?
- Дар асл ман касеро гунаҳкор карданӣ нестам, аммо бояд бигӯям, ки дигар иштирокдорон дар озмун бо худ устоде доштанд, ки шабу рӯз бо онҳо машқ мекарданд. Ман бошам худомӯз будам. Ягон кас ба ман ягон чиз ёд надодааст ва ҳатто ҳангоми рафтанам ягон кӯмаки пулӣ накардааст.
- Мо медонем, ки шумо ташкилкунандаи гурӯҳи рақсии “Step Up” ҳастед, бигӯед, ки ин тим чӣ гуна ташкил шуд?
- Ману чанд дӯстам, ки якҷоя ба рақс машғул будем як рӯз ҷамъ шудему ба хулосае омадем, ки маконеро иҷора гирифта, ба рақс ҷиддитар машғул шавем. Ва ҳамин тавр, “Step Up” тавлид шуд.
- Дар “Step Up” киҳоро ва чӣ гуна қабул мекунед?
- Агар дар дигар тимҳои рақсӣ нафаронеро қабул кунанд, ки шавқу завқи рақс кардан доранд, пас дар “Step Up” дигар хел аст. Ин ҷо касонеро мегирем, ки рақс карда метавонанд ва барои ба мақсад расидани мо кӯмак мекунанд?
- Шумо чӣ мақсад доред?
- Мо тоҷик ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо санъату ҳунари доштаамон муаррифӣ кардан мехоҳем.
- Чаро ҳамин мақсадатонро оҳиста-оҳиста дар шабакаҳои иҷтимоӣ амалӣ намекунед?
- Карданӣ ҳастем, аммо ба боварӣ гуфта метавонам, ки обуначиҳои ман барои чунин намуди навор ҳоло омода нестанд.
Нигоҳи панҷум
Розигӣ аз худ
- Ороиши мӯйи шумо ғайриодӣ аст. Ин чӣ тавр пайдо шуд?
- То соли гузашта намедонистам, ки мӯйи сари ман ҷингила аст. Вақте ки мӯйям дароз шуд ҳамин гуна “Причёска” пайдо шуд. Ногуфта намонад, ки ба ман ягон сартарош ҳам тавсия надодааст.
- Аҳли оила, хешовандон ва атрофиён зиддият нишон надоданд?
- Наздиконам хуб қабул карда буданд. Вале вақте ки берун мебаромадам шиносу ношиос тарафам нигариста механдиданд. Хушбахтона, ҳозир аллакай хеле вазъият дигар шудааст.
- Ба шумо ҳамон нафаре, ки ҳоло ҳастед писанд аст?
- Шукр, аз худам розиям. На зоҳиран ва на ботинан нуқсе надорам ва гилае ҳам накардаам.
- Агар имкон пайдо шавад, ки ҳам зоҳир ва ҳам ботинатонро иваз кунед, аз кадом хислатҳо ва узвҳоятон даст мекашед?
- Тавре дар боло гуфтам аз намуди зоҳирию ботиниям шикояте надорам. Ҳеҷ чизро иваз намекунам.
- Худо кунад, ки ҳамеша аз худатон розӣ бошед!
- Ташаккури зиёд!
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед