Ru  | Tj
Мустафо Зубайдуллоев: “Довталабони барномасозӣ бояд хоҳиш, сабр ва мантиқ дошта бошанд”
Мустафо Зубайдуллоев: “Довталабони барномасозӣ бояд хоҳиш, сабр ва мантиқ дошта бошанд”

Мустафо Зубайдуллоев: “Довталабони барномасозӣ бояд хоҳиш, сабр ва мантиқ дошта бошанд”

Нашр шуд

БАРНОМАСОЗӢ ЧӢ ГУНА КАСБ АСТ?


Мову шумо ҳамарӯза аз барномаҳои телефонӣ ва компютерӣ истифода мебарем, корбари шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастем, бо даҳҳо барномаҳои дигари даркориямон сари кор мегирем, вале дар бораи эҷод ва эҷодкорони онҳо камтар фикр мекунем.

Барномасозӣ дар ҳоли ҳозир аз рӯи таҳқиқоти аксари олимон дар рӯйхати даҳ касби намиранда ва ояндадори дунё қарор дорад ва довталабонаш рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. 

Дар ин маврид мо бо яке аз беҳтарин барномасозони кишвар, WEB-барномасози Алиф Бонк Мустафо Зубайдуллоев доир ба бурду бохти ин касб сӯҳбат кардем. Чун аудиторияи мо ҳамчунин мактаббачагон, хусусан хонандагони синфҳои болоӣ ҳастанд, боварӣ дорем, ки аз ин сӯҳбати мо ба саволҳои худ дар бобати касби барномасозӣ ҷавоб мегиранд ва ба тасмими қатъӣ меоянд.
7-min.jpg

БАРНОМАСОЗ КИСТ?


- Мустафо Зубайдуллоев, мо ва аудиторияи мо аз қоидаҳои мавҷуда ҳадафи мавҷуд будани касби барномасозиро медонем, лекин чун имрӯз бо Шумо паҳлӯҳои мухталифи ин касбро муҳокима мекунем, мехостем фикри шахсиятонро дар ин маврид фаҳмида бошем...

- Агар кӯтоҳ ҷавоб гӯям, мақсади барномасозӣ ин кори башариятро тезонидан ва осонтар кардан аст. Яъне ҳар як маҳсули барномасоз бо супориш ё тақозои ҷомеа тавлид мешавад ва дар умум ҳамаи онҳо аз ягон ҷиҳат кори инсонҳоро сабук мекунанд. 

- Масалан?

- Ҳама барномаҳои телефонӣ, компютерӣ, сомонаҳои ёрирасон ва ғайраҳо, ки бе онҳо мушкили одамон ё ҳалли худро намеёбад ва ё душвор аст. 

- То ҷое медонем ин касб намудҳои гуногун дорад...?

- Бале, тавре ки духтурӣ намудҳои гуногун дорад, соҳаи мо ҳам дар худ намудҳои гуногун дорад ва ҳар барномасоз мувофиқи хоҳиш, шавқу завқ ва фаҳмишаш намуди алоҳидаи онро омӯхта, кор мекунад. Масалан, барномасозоне ҳастанд, ки барои телефон ё компютер барнома месозанд, барномасозоне ҳастанд, ки бозиҳои компютерӣ менависанд, барномасозоне ҳастанд, ки барои роботҳо барнома месозанд ва онҳо дар доираи он барнома амал мекунанд. Боз барномасозоне ҳастанд, ки сомона мезонанд ва ғайраҳо. 

- Мо баъзан вақт дар мавриди умри касбҳо, ки таҳдиди нестшавияшон рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст, мисол меорем, ки роботҳо метавонанд дар солҳои оянда ҷойи намояндагони баъзе касбҳоро бигиранд. Чун ҳоло Шумо гуфтед, ки барномасозон барои фаъол кардани роботҳо заруранд, пас метавон гӯфт, ки ин касб “мурданӣ” нест?

- Бешак метавонем гӯем ва умед ҳам бандем, зеро касби барномасозӣ дар ҳоли ҳозир ба даҳгонаи касбҳои оянда намиранда дохил мешавад. Аз ҷониби дигар, агар аҳамият дода бошед, талабот ба ин касб рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. Масалан, пайдоиши барномаҳои нави телефониву компютерӣ, сомонаҳои зиёд, барномаҳои махсуси таълимӣ ва ғайраҳо далели ин гуфтаҳоянд. Ба кори барномасоз талабот хеле зиёд шуда истодааст. Имрӯз аксарият мехоҳанд сомонаи худро дошта бошанд ва ба воситаи он аз ягон ҷиҳат кори мардумро осон кардан мехоҳанд, ки дар ин раванд саҳми барномасоз муассир аст. 

- Бисёр одӣ ва сода фаҳмонед, ки барномасоз кист ва аз субҳ то шом чӣ кор мекунад?

- Барномасоз нафаре мебошад, ки ба навиштани барномаҳо машғул аст ва тавре дар боло гуфтам барномае менависад, ки тавассути он кори рӯзмарраи инсонҳо осон карда мешавад. Барномасоз шахсе мебошад, ки дар натиҷаи сӯҳбат бо одамон, супориши шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ ва ё таҳқиқи мушкилоти ҷойдошта, барнома менависад. Ӯ аз субҳ то шом ба навиштани барнома, ки бо забонҳои гуногуни барномасозӣ сурат мегирад, машғул мешавад. Ба ибораи дигар баномасоз «сидячий образ жизни» дорад.

- Барномаро чӣ тавр месозанд?

- Барои сохтани барнома барномасозон аз забонҳои барномасозӣ истифода мебаранд. Барномасоз яке аз забонҳоро интихоб мекунад ва тибқи супориш ё талабот онро менависад. 

- Содатар гуфта метавонед?

- Дилхоҳ забони барномасозӣ аз маҷмӯи калимаҳо иборат аст ва калимаҳои махсусе ҳастанд, ки онҳоро барои бо компютер гап задан бояд омӯхт. Вақте ки забонро меомӯзӣ, дигар қадам ба қадам барнома ба тариқи фармондадиҳӣ ба компютер, ки кадом фармон ба иҷрои кадом амал водор мекунад, барнома навишта мешавад. Яъне, дар барномаи махсус бо забони махсуси барномасозӣ матн менависӣ, дар матн фармонҳо ва чӣ гуна иҷрошавии онҳоро дарҷ мекунӣ. Дар натиҷа барнома сохта мешавад.

- Барномасозӣ чӣ талабот дорад? 

- Барномасозӣ аз намояндагони ояндааш мантиқи дуруст, забондонӣ, махсусан забони англисӣ, донистани хуби фанҳои информатика ва математика ва сӯҳбаторо буданро талаб мекунад? 

- Чанд талаби боло фаҳмо аст, аммо чаро сӯҳбаторо будан?

- Шахсе, ки мусоҳиба гирифта наметавонад дар ин касб бисёр азоб мекашад, зеро маҳз тавассути сӯҳбат аз супоришдиҳандагон метавон ҳадафи сохтани барномаро фаҳмид. Вақте ки барномасоз ба воситаи саволу ҷавоби дуруст ва бомантиқ аз корфармо чӣ хостанашро фаҳмида наметавонад, пас дар сохтани барнома ҳам ғалат мекунад ва ҳам метавонад маҳсулаш нопурра ё нуқсдор бошад. Дар кори мо сӯҳбаторо будан хеле муҳим аст ва онро бояд дар сатҳи олӣ анҷом дод. 

- Барномасозӣ этикаи касбӣ дорад?

- Мо мисли журналистон созмоне надорем, ки махсус меъёрҳои ахлоқӣ қабул карда бошем ва дар вақти риоя накардани этикаи касбии қабулшуда сарзаниш ё ҷаримабандӣ шавем, вале баъзан меъёрҳои инсонӣ аст, ки онҳоро риоя кардани ҳар барномасоз, хусусан ҷавонони камтаҷриба зарур аст. Ба ин меъёрҳо ҳолати надодани маълумоти як ширкат ба ширкати дигар дохил мешавад. Ҳамчунин нагирифтани рамзи барномасози дигар бидуни огоҳ кардан. Боз барномасозони таҷрибадор бояд барои дилхунук нашудани ҷавонон онҳоро бояд сахт сарзаниш накунанд ва барномасозони ҷавон низ дар навбати худ аз эродҳои устодон наранҷанд ва ғайраҳо. 

- Дар Тоҷикистон ҳоло мо барномасозони боқувват ва сермаҳсул дорем ва киҳо ба Шумо дар ин самт бештар кӯмак кардаанд?

- Бале, дорем. Агар таваҷҷӯҳ кунед рӯз аз рӯз барномаҳои нав, сомонаҳои нав эҷод шуда истодаанд, ки аксарият моли барномасозони худамон мебошанд. Дар мисоли барномасозони боқуввати кишвар метавонам Усмон Барфаков ва Ҳабиб Сафаровро ном барам, ки онҳо дар инкишофи касбии ман низ саҳми хеле зиёде гузоштаанд. 

- Паҳлӯҳои манфиву мусбати ин касбро гуфта метавонед?

- Тарафи манфии ин касб дар он аст, ки шахс дар як ҷо мешинад ва агар ӯ машқҳои муайянро иҷро накунад қувваи биноияшро аз даст медиҳад. Яъне ӯ камтар ҳаракат мекунад, бо мардум сӯҳбат намекунад ва агар кунад ҳам муоширати маҷозӣ мекунад. 
Паҳлӯҳои мусбати ин кор дар он аст, ки барномасоз имкони ба даст овардани пули хубро дорад. Боварӣ ҳаст, ки бекор намемонад. Дар ҷойи кораш метавонад реҷаи кории озодро интихоб кунад. Дар хона ҳатто барои ширкатҳои хориҷӣ кор карда метавонад. 
5-min.jpg

БАРНОМАСОЗ ГУРУСНА НАМЕМОНАД?


- Шумо чанд сол шуд, ки дар Алиф Бонк кор мекунед ва ҳамчунин дар кадом проектҳо саҳм доред? 

- Аз соли 2015 инҷониб дар Алиф Бонк кор мекунам ва лоиҳаи калони сохтаи мо ин АБС (Автоматизированная банковская система) мебошад. 

- Касби барномасозӣ намояндаашро дар кишвари мо ба мисли баъзе касбҳо гурусна намононда, комилан хӯронда метавонад? 

- Аслан, ман як чизро дар миёни ҷавононамон пайхас кардам, ки манфӣ аст ва насли навро ба пеш рафтан намемонад. Ин он аст, ки ҷавонони мо пас аз хатми донишгоҳ, ки таҷриба надоранд, зуд мехоҳанд маоши 5000 сомона дошта бошанду бо мошинҳои оинасиёҳ ба кор оянд. Вале дар ҳеҷ куҷо ин тавр нест, бояд орзуҳоро як тараф монду барои ба мақсадҳо расидан кӯшиш кард. Албатта, мақсадҳое, ки ба ақли солим ва шароити кишвари мо созгор бошанд. Дар ин росто касби барномасозӣ ҳам монанди бисёр касбҳои дигар ба намояндагони ҷавонаш имкониятҳои кам медиҳад. Яъне, онҳо кам фармоиш мегиранд, корашонро наметавонанд бо нархи баланд фурӯшанд ва ба маҳсулашон таваҷҷуҳу боварӣ камтар аст. Вале барномасозони таҷрибадор, ҳам кори хуб доранд, ҳам таваҷҷӯҳу бовар ва ҳам фармоишҳои зиёд. Ба ҳар ҳол, метавон гуфт, ки намояндаи ин касб агар каме кӯшиш кунад, гурусна намемонад, хусусан дар кишвари мо, ки ба барномасоз ниҳоят талабот зиёд аст.

- Шумо шогирд тайёр мекунед?

- Бале, бачаҳо бисёр меоянд. Масалан, донишҷӯён зиёдтар аз филиали МГУ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон барои такмили дониши андӯхтаашон ба Алиф Бонк меоянд. Ин ҳамкориро метавон ба нафъи тарафайн арзёбӣ кард, зеро агар аз як паҳлӯ бачаҳо касбро хубтар аз худ кунанд, аз ҷониби дигар майдони нопурраи барномасозӣ дар кишвар оҳиста-оҳиста пурратар мешавад. Ва ҳамзамон дар Алиф Бонк “Алиф акадеимя” ҳаст, ки мақсадаш омӯзонидани барномасозӣ тариқи ройгон мебошад. 

- Рӯз аз рӯз ба ин касб таваҷҷӯҳ зиёд шуда истодааст ва ҷавонон ин касбро омӯхта истодаанд. Оё наметарсед, ки ҷойи Шуморо мегиранд ва бекор мемонед?

- Не, зеро дар ҷумҳурии мо ба барномасоз чунон талабот зиёд аст, ки ҳар яки мо фармоишу кори худро меёбем. Аз ҷониби дигар ризқи ҳар нафар дар дасти Ӯст.
03 (2)-min.jpg

БАРНОМАСОЗШАВАНДА БОЯД ЧИҲОРО ДОНАД?


- Чун Шумо ҳам соҳибкасб ҳастед интихоб кардани касби ояндаро аз ҷониби довталабони макотиби олӣ албатта мушоҳида мекунед. Чаро онҳо хато мекунанд? 

- Муҳиммияти интихоби касб бояд дар мактаби миёна гуфта шавад ва аз он ҷо насли наврас ба як қарори муайян оянд. Вале мутаассифона чунин нест ва ҳатто шоҳид мешавем, ки имрӯз дар макотиби олии мо тасодуфиҳо дар ин ё он соҳа хеле зиёданд. 
Паҳлӯи дигар ин таъсири волидону атрофиён аст, ки ба фикри шахсии ман бештар натиҷаи манфӣ медиҳад. Қисме аз падару модарон мехоҳанд фарзандашон касби эшонро интихоб кунад, дар ҳоле, ки фарзанд тамоман соҳаи дигарро интихоб карданист. 

- Таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ин касб чӣ гуна аст?

- Албатта, зиёд шуда истодааст. Бубинед, имрӯз бисёр мушкил аст нафареро пайдо кардан, ки дар ҷайбаш телефони мобилӣ надошта бошад ва таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ин касб ҳатман бо дидану истифода бурдани барномаҳои телефонияшон зиёд гардида истодааст. Аллакай ҷавонони мо ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар онҳо доир ба ин ё он соҳа маълумот бисёр аст, шинос ҳастанд ва хоҳ нохоҳ диққат медиҳанд. Аз ҷониби дигар, мо бачаҳои зиёде дорем, ки кунҷкоб ҳастанд ва барои сохтану хато кардан, таҷриба гирифтан ва хизмат расонидан бисёр кӯшиш мекунанд.

- Барои барномасоз шудан таҳсил дар мактаби олӣ ҳатмӣ аст? 

- Он тавре ки барои духтуршавандагон таҳсил дар мактаби олӣ ҳатмӣ аст, барои довталабони касби мо нест. Вале агар дар донишгоҳ таҳсил карда бошад, ба фоидаи кор аст ва инро ман аз таҷриба мегӯям. 

- Дар кишвари мо довталабони ин касб дар кадом донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил карда метавонанд?

- То ҷое маълумот дорам дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) ва Донишгои техникии Тоҷикистон. 

- Барномасозшаванда, пеш аз оне ки ба ин соҳа омаданӣ шавад, бояд дар худ чӣ дошта бошад?

- Барои соҳиби ин касб шудан ягон чизи модаразодӣ даркор нест. Довталабони барномасозӣ бояд хоҳиш, сабр ва мантиқ дошта бошанд. Хоҳиш, барои он ки ҳар кори карда дар ин соҳа бояд ба хоҳиши том ва шавқи беандоза анҷом ёбад, вагарна он кори сар-сарӣ ва бесамар хоҳад буд. 
Сабр, барои он ки ҳаёти барномасоз зиёдтар дар болои курсӣ бо компютер мегузарад ва нафаре муваффақ мешавад, ки бо сабр нишаста, соатҳои дароз кор кунад. 
Мантиқ, барои он ки дар ҳама фармонҳои ба компютер дода бобати навиштани барномае бояд ҳатман мантиқ риоя шавад, дар акси ҳол барномаи тавлидшударо на муштарӣ мефаҳмад ва на дигар истифодабарандагон. 

- Сухани охири Шумо чист?

- Ҳамин гуна сӯҳбатҳо дар мо нестанд ва ин иқдомро Шумо давом диҳед, боварӣ ҳаст, ки барои интихоби дурусти касб ба бачаҳо кӯмак хоҳед кард. Саломат бошед, аз сӯҳбат розиям.

Чӣ гуна мошинро ром кардан мумкин аст: Самандар Самандаров дар бораи зеҳни сунъӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед