
Муваффақиятҳои байналмилалии Фурқат
Нашр шуд
Фурқат Карамхудоевро метавон рассоми байналмилалӣ номид, зеро мусаввараҳои тасвирнамудаи ӯ дар осорхонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо, Русияву ИМА ва дигар мамлакатҳо ба намоиш гузошта шудааст. Ӯ зиндагии худро бо гирифтани тасвирҳои фармоишӣ пеш мебарад. Фурқат на танҳо мусаввир, балки навозанда низ ҳаст. Қаҳрамони мо дар сатҳи профессионалӣ нақора, яъне “барабан” менавозад.
Хонандаи Halva.tj бо мутолиаи мусоҳибаи зерин метавонад бо Фурқат аз наздик ошно шавад.
“ПИСАРИ ТАНҲО”
- Шумо кистед, ромишгар ё рассом?
- Ман мусаввирам!
- Тасвирҳои Шумо дар осорхонаҳои кишварҳои пешрафтаи дунё ба намоиш гузошта шудааст. Ин муваффақиятҳои байналмилалӣ барои як ҷавони тоҷикистонӣ чӣ тавр даст медиҳад?
- Пеш аз ҳама дастгирии волидонам, сипас таълими устодонам ва баъд аз он, кӯшишу ғайрати худам.
- Фурқат, Шумо мусавварае кашидаед бо номи “Писари танҳо” (Одинокий мальчик), ки дар он писараки наврас аз тиреза ба даруни хонаи дигар нафар ба гурӯҳи одамон менигарад. Ин тасвир маҳз чӣ маъноро ифода мекунад ва ғояи кашидани он чӣ тавр ба фикратон омад?
- Оре, ин дӯстдоштатарин асари ман аст, ки дар он лаҳзаи аз беруни тирезаи хона ба гурӯҳи одамон бо маҳзунии хоси кӯдакона нигоҳ кардани писарак тасвир ёфтааст. Мавзӯи кашидани ин акс чӣ хел ба сарам омад?... Рӯзе аз тангкӯчаи шаҳри Душанбе мегузаштам. Чашмам ба писарбачае афтод, ки маҳз ҳамин тавр, нигоҳ мекард. (-ба мусаввара ишора карда мегӯяд Фурқат) Ба ёди наврасӣ уфтодам. Аз 16 солагӣ то ба имрӯз аз канори волидонам дур ҳастам. Маҳз дар симои ҳамон писарбача худамро тасаввур карда, ин тасвирро ба қалам додам.
Аз савол саволи дигар бармеояд, ки чаро ман аз хонаи падарӣ дурам. Чунки дар зодгоҳам – шаҳри Хоруғ то андозаи комил шароити замонавии эҷодӣ мавҷуд набуд, барои ҳамин, тасмим гирифтам, ки баъд аз хатми Коллеҷи рассомӣ дар пойтахти кишвар бимонам. Бо ин роҳ метавонистам тасвирҳои худро ба намоиш гузорам. Ҳамин тавр ҳам шуд.
- Шумо низ боре аз тиреза ба даруни хонаи каси дигар нигаристаед?
- На, ёд надорам.
АЗ ҚАЛАМ ТО “БАРАБАН”
- Кадом жанрро стойли мӯқалами худ медонед?
- Асосан абстрактсияро. Тавре ки имрӯзҳо дар тасвирҳои нисфи рассомони ҷавони Тоҷикистон жанри абстрактсия дида мешавад, ман низ аз аввалинҳо ҳастам, ки ба ин жанр рӯ овардам. Абстрактсия жанре мебошад, ки дар он объект ба таври махфӣ ва кӯтоҳ нишон дода мешавад. Вақте тамошобин ба ин гуна тасвир менигарад, дар он ҳиссиёти худро мебинад.
- Чӣ тавр рассом навозанда шуд ва ё баръакс, чӣ тавр навозанда ба рассом табдил ёфт?
- Ростӣ намедонам, ман аввал бо кашидани расм машғул гардидам ё навозандагӣ. Зеро падарам парвардаи олами мусиқӣ буда, модарам бошад машғули рассомӣ ҳастанд. Яъне фазои хонаводагӣ аз хурдӣ барои ман таъсиргузор буд. То ҳамин андоза ёд дорам, ки нисбати асбоби “барабан” завқи беандоза доштам ва дар ин баробар ба расмкашӣ ҳавас мекардам. Гумонам ба ҳардуи ин соҳаҳо баробар қадам гузоштаам.
- Шумо навозандаи гурӯҳи “Zafar Band” ҳастед. Чӣ тавр ба ин гурӯҳ роҳ ёфтед?
- Аз давраҳои ҷавонӣ мухлиси ашадии сурудҳои Зафар Азиз будам ва орзу мекардам, ки узви пайвастаи ин гурӯҳ бошам. Барои шомил шудан ба гурӯҳи “Zafar Band” навозиши нақорагурӯҳ (барабанная установка) -ро худомӯзӣ кардам. Тӯли як сол худи акаи Зафар маро имтиҳон намуд, сипас соли 2013 ба гурӯҳ қабул шудам.
Айни замон ҳамчун навозандаи нақорагурӯҳи “Zafar Band” дар консерт ва ҷашну маросимҳо ширкат меварзам.
- Шумо бо вуҷуди фармоиши тасвирҳо ва навозандагӣ дар гурӯҳи эҷодӣ, то соли 2020 дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимови шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгори расм ва нақшакашӣ низ кор мекардед. Аммо ҳоло фаъолияти омӯзгории худро қатъ намудаед, чаро?
- Ростӣ лаҳзаҳое мешуд, ки аз лиҳози зиёд будани фармоишҳо ба дарси коллеҷ расидагӣ карда наметавонистам ва дер мерафтам. Фикр кардам, бо ин рафтор ба донишҷӯ ҷабр мекунам. Айни замон дар ҳеч як муассиса дарс намегӯям, танҳо бо кори эҷодӣ ва навозандагӣ машғулам. Аммо мақсад дорам, ки албатта рӯзе ба пешаи омӯзгорӣ баргардам.
FURKA(R)T
- Охирин тасвири кашидаатон чӣ унвон дорад?
- “Ду бародар”. Ду бародаре, ки ҳамеша канори ҳаманд.
- Моҳи июл дар меҳмонхонаи “Serena Dushanbe” аввалин намоиши тасвирҳоятон баргузор гардид. Намоиш дар кадом сатҳ гузашт?
- Бале, ин намоиш аз 1-ум то 30-уми июл идома ёфт. Намоиши тасвирҳоям орзуи деринаам буд. Бовар надоштам, ки ин қадар ҳаводорони зиёд ҷамъ меоянд. Гумон мекунам, ҳар он чизе ки бори аввал дар зиндагии инсон рух медиҳад, фаромӯшношуданӣ аст.

- Ман на ба тахаллус ниёзмандам ва на ба изофаи “art”. Зеро ду калимаи охири номам худ гӯйиши “art”-ро ифода мекунад, яъне FurkA(r)T, аммо гоҳҳо изофа низ кардаам.
Ё ҲАР ДУ...
- Дар кадом ҳолат парандаи илҳом аз Шумо қаҳр мекунад?
- Инсон бидуни проблемаю мушкилӣ намешавад. Дар ҳолати парешониам, ё аз ҳад зиёд кор карданам фикрамро рӯи коғаз оварда наметавонам.
- Хондани чӣ гуна китобҳоро меписандед?
- Аз асарҳои бадеӣ метавонам асари тасвирӣ биофарам. Аз ин лиҳоз, хондани романро меписандам.
- То ба имрӯз кадом орзуятон ҷомаи амал напӯшидааст?
- “Зиндагӣ бе орзу ширин набуд...” - гуфтааст Мирзо Турсунзода. Бузургтарин орзуям сӯҳбати пандомези устод Далер Назаров буд, ки ба он ҳам расидам. Боқӣ ҳеч.
- Якеро интихоб намоед: тасвир ё мусиқӣ?
- Ё ҳар ду...
- Сафед ё сиёҳ?
- Ё ҳар ду...
- Ишқ ё пул?
- Ё ҳар ду...
- Чаро ба ҳар се савол як хел ҷавоб додед?
- Зеро ҳар яке такмилдиҳандаи дуввум аст. Тасвиргарӣ ва мутрибӣ бароям чун обу ҳаво зарур аст; 15 рӯзи моҳ сафед бошад, 15 шаби он сиёҳ; ишқ бошаду пул набошад, пул бошаду ишқ набошад зиндагӣ маънии худро гум мекунад.
- Охирсухани Шумо?
- То замоне насли башар зинда аст, умри санъат ба охир нахоҳад расид.
- Сипос барои сӯҳбат!
- Ҳамеша дӯстдори қаламу мусиқӣ бошед!
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед