Ru  | Tj
Нозим Меликов: Аҳли ҳунар дастнигари ҳукумат шудаанд
Нозим Меликов: Аҳли ҳунар дастнигари ҳукумат шудаанд
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардидааст

Нозим Меликов: Аҳли ҳунар дастнигари ҳукумат шудаанд

Нашр шуд

Имрӯз, 7-уми ноябр, дар кишвар “Рӯзи театри тоҷик” таҷлил мегардад. Бори аввал дар ҳамин рӯзи соли 1929 театри тоҷик ба фаъолият оғоз намудааст ва рӯзи касбии аҳли ҳунари тоҷик ба ҳисоб меравад.

Аммо аҳли ҳунар аз вазъи имрӯзаи театри тоҷик нигаронӣ доранд. Нозим Меликов, коргардони номвари тоҷик мегӯяд, аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳунармандон дастнигари ҳукумат шудаанд, вале маблағи ҳақмузди онҳо кифоя нест.

Ин коргардони тоҷик ба муносибати Рӯзи театри тоҷик дар сӯҳбат бо мо аз чанд монеаи рушди театри миллӣ гуфт, аммо дар аввал аз ӯ пурсидем, ки ҳоло театри тоҷик чаро камтамошобин ва камтаваҷҷӯҳ шудааст?

 

МАҚОМОТ БА ТЕАТР ТАВАҶҶӮҲ НАДОРАНД

- Имрӯз мақомоти кишвар барои пешрафти ҳунари театрӣ таваҷҷӯҳи лозимаро равона накардаанд ва ба ин ҳунар чун фарзанди ӯгай муносибат менамоянд. Ин сабаб гардидааст, ки театри тоҷик аз мадди назарҳо дур афтодааст.

- Чаро?

- Ин аз доираи посухҳои ман берун аст.

- Дар ҳамин ҳол, бархе коргардонҳо аз назорат ва сензура нигаронӣ мекунанд. Шумо чӣ шарҳ доред?

- Бале, на ҳама мехостаҳои коргардонону ҳунармандони тоҷик ба рӯи саҳна гузошта мешавад. Мо наметавонем он чизеро, ки ҷомеа мехоҳад, комилан ба саҳна гузорем. Ин таъсири манфӣ дорад...


- Аммо ҷомеа низ камтар ба сӯи театр мераванд. Чаро?

- Мушкили иқтисодӣ миллатро дастбаста карда, ғами рӯзгор онҳоро аз фарҳангу ҳунар дур намудааст. Ҳолати иҷтимоии аҳолӣ театрро аз мадди назарҳо ҷудо мекунад.

Шахс вақте ба сӯи театр меравад, ки беғам аст. Аммо мардум мушкилоти бисёр доранд. Аз ин рӯ, фарҳанги миллати мо имрӯз ба дараҷае поин омадааст, ки боиси нигаронӣ ва афсӯс аст.

 

ЭҶОДКОР ДАСТНИГАР ШУД

- Ба фикри Шумо, монеаи рушди театри тоҷик боз чӣ буда метавонад?

- Набудани матлағ ва сармоягузор монеаи дигари рушди театри тоҷик аст. Аҳли ҳунар имрӯз дастнигар шудаанд. Аз сабаби он ки театр тамошобини кам дорад, даромади кам дорад ва ҳеч кадом намоишномае, ки дар чандсолаи ахир ба рӯи саҳна омадааст, хароҷоташро напӯшонидааст.

Бояд гуфт, ки имрӯз аҳли ҳунар дастнигари ҳукумат шудаанд, вале, боз мегӯям, маблағи ҳақмузди онҳо кифоя нест.

Ҳамин тавр, кам нафароне пайдо мешаванд, ки ба ҳунар маблағ сармоя кунанд, ҳамватанони мо дар ин самт сармоягузорӣ намекунанд, аммо ҳунар арзиши хеле баланд бояд дошта бошад. Аз нигоҳи ман, эҷодкор бояд ба пул эҳтиёҷ надошта бошад ва танҳо перомуни эҷодаш андеша кунад, пасон театр рушд мекунад.


Нозим Меликов бо Абдумумин Шарифӣ

 

ТО РӮЗИ МАРГИ ТЕАТР? Ё ТО МИННАТ?

- Дар ин ҳол, театрҳое ҳастанд, ки имрӯз донорҳои хориҷиро ҷалб мекунанд ва бо грантҳо фаъолияти худашонро ба роҳ мондаанд. Пас...

- Бале, дар як сол як бор имкон ба даст меояд, ки театр грант гирад ва бо ин маблағ асари хубе рӯи саҳна оварад, аммо намешавад, ки фалон театр дар тамоми сол бо як намоишнома қаноат кунад.

Барои намоиши хуб маблағи хуб лозим аст, вале, мутаассифона, аз ин ҷиҳат театри тоҷик хеле танқисӣ мекашад, ҳунарманди тоҷик дар ба дари вазорату идораҳо мегардад, эҳтиёҷоти санъат бароварда намешавад.

Ҳамин тавр, ин маблағгириҳо то ба кай? То рӯзи марги театр? Ё то миннат?

 

“КОРГАРДОНҲОИ ХУБ ДАР РӮЙИ САҲНА НЕСТАНД”

- Омили дигар чист?

- Боз ба чунин мушкил гирифтор гаштани театри тоҷик дар рӯи саҳна набудани коргардонону ҳунармандони ҳирфавӣ ва аз замона огоҳ аст.

Умри ман ба ҷое расид, дарунам пур аз ҳунар аст ва хостаҳои зиёде дорам, вале саломатӣ имкон намедиҳад, то бароварда созам. Дигар коргардонҳои муваффақ низ ҳастанд, аммо ҳама баҳонаи худро доранд ва бештарашон аз саҳнаҳо дуранд.


Нозим Меликов бо коргардони саршиноси театр Фаррух Қосим

Дар ҳамин ҳол, онҳое, ки имрӯз ба коргардонӣ даст задаанд, аз ин касб камтар огоҳанд, завқи корӣ камтар доранд, забони саҳнаро кам дарк кардаанд, набзи ҷомеаро кам ҳис менамоянд ва корашонро ба намоишҳои театрҳои минтақа ва ҷаҳон камтар дар таносуб мегузоранд.

Ин саҳна ва ин толор муқаддас ва бузург аст. Ҳар нафаре, ки ба сӯйи театр меояд, бояд аз худ суол кунад, ки театр барояш чӣ медиҳад ва ӯ ба театр чӣ дода метавонад? Посух дода тавонад, ба театр ояд, натавонад - наояд.

 

“ДАРДҲОИ ХУДРО ДАР САҲНАИ ТЕАТР НАМЕБИНАНД”

- Тамошобинон даъво доранд, ки дардҳои худашонро дар рӯи саҳнаи театр намебинанд. Оё театри тоҷик ҳамқадами замона шудааст?

- Ин ҷо раванди ҷаҳонгаройӣ ҳаст, бархӯрди тамаддунҳо ба вуҷуд омадааст ва андешаҳои ҷадид пайдо гардидаанд. Намоишномаҳои солҳои пешин ба рӯҳи ҷомеа таъсир мерасонид ва бинандагонро ба андеша водор мекард, ҳоло бошад, ин кам ҳис мешавад.

Театр кӯшиш мекунад, ки ба раванди замона ҳамқадам шавад, аммо то ҳол ба ин даст наёфтааст. Бале, аз ин рӯ низ ҳаст, ки тамошобин дардҳои худро дар саҳнаи театр дида натавониста истодааст. Агар ӯ зиндагии худро дар театр дида тавонад, ҳатман сӯйи театр меояд.


Ҳунармандони Театри ҷавонон ба номи М.Воҳидов

Театр низ мушкилоти зиёд дорад. Барои омода намудани як намоиш дар баробари коргардон драмматурги огоҳ, ҳунармандони касбӣ, рассомон ва оҳангсозоне лозиманд, ки набзи ҷомеаро ҳис карда метавонанд.

Дар ин ҳол ҳам, намоишҳои хуб ҳастанд, аммо кам. Бояд иқрор шуд, ки театри мо на ҳамеша бинандаро ҷалб карда метавонад.

 

МАКТАБИ ҲУНАРИЕ ДАР НАЗДИ ТЕАТР НАДОРЕМ

- Пас, чӣ бояд кард ва роҳҳал куҷост?

- Дар давраи шӯравӣ дар назди театри академиву драммавии ба номи А.Лоҳутӣ мактабҳои ҳунарӣ фаъолият менамуданд ва аз ин даргоҳ ҳунармандону коргардонони номвар берун омаданд, ки театри тоҷикро маҳз ҳамин нафарон бунёд кардаанд.

Аммо ҳоло дар назди ҳеч кадом театр чунин мактабе нест. Донишкадаи ҳунарҳои зебо имрӯз ягона даргоҳи баровардани кадрҳои ҳунарӣ шудаасту бас. Ин ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда наметавонад. Ҳунарманду коргардони муваффақ дар кишвар камтар ҳастанд ва миёни насли ҷавон нафарони муваффақ ангуштшуморанд. Гӯё насли истиқлол ба ҳунар камтаваҷҷӯҳ ҳастанд.


Нозим Меликов бо Фаррух Қосим, Қурбон Собир, Абдумумин Шарифӣ ва Суҳроб Ҷанҷолов

Аммо ноумед набояд буд, мисли пешина метавонем, ки дигарбора ин ҳунари волоро ба тахт шинонем. Танҳо бояд талош кунем.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед