Ru  | Tj
Нуриддин Бозорзода: “Ғурур дошта бошед, вале аз хатти қирмизи эҷодӣ нагузаред”
Нуриддин Бозорзода: “Ғурур дошта бошед, вале аз хатти қирмизи эҷодӣ нагузаред”
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Нуриддин Бозорзода: “Ғурур дошта бошед, вале аз хатти қирмизи эҷодӣ нагузаред”

Нашр шуд

Профессор Нуриддин Бозорзода 60-умин баҳори умри худро пешвоз гирифт. Ӯ мутаваллиди 8-уми марти соли 1962 дар Деҳқонободи Ӯзбекистон буда, фориғуттаҳсили риштаи филология (1986) ва аспирантураи журналистика дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1996) аст. Бозорзода аз соли 1992 дар факултаи журналистикаи ДМТ заҳмати устодӣ мекашад. 30 сол таҷрибаи рӯзноманигорӣ ва устодӣ дошта, наздик ба 10 соли дигар муассис ва ношири 3 нашрия будааст.

Ба андешаи мавсуф, гардиши вақт шароитҳои хуберо барои насли нав омода кардааст, вале “бештари корҳои мо ба хотири ин ё он касест ва кунун тобеи ҳамдигар гаштаем”. Ба ин муносибат доир ба худшиносӣ, бархӯрди наслҳо, андешаҳо, интиқод ва пешниҳодот ва дигар соярӯшанҳояш аз профессор Бозорзода пурсон шудем.

Аз зодгоҳ то Душанбе

- Аз баҳори бачагиву зодгоҳ ва падару модар чӣ хотира монда?

- Аз деҳа мӯйсафедони оқилу фозил, онҳое, ки барои рушду нумӯи ҷомеа саҳм мегузоштанд, ба таълиму тарбия машғул буданд, панду насиҳату раҳнамоӣ мекарданд, дар варақаҳои хотирам нақш бастаанд.

Зодгоҳи камина деҳаи Дуоби ноҳияи Деҳқонобод дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. Муҳити деҳа ба ҳамагон маълум: киштукор, дарав, чорвочаронӣ, ҳосилғундорӣ... Вале бештари вақти мо ба омӯзиш сарф мешуд, китоб мехондем, дониш меҷӯстем. Зеро падарам омӯзгор буданд ва ба мо - фарзандон ҳамеша талқин менамуданд, ки илму ҳунар омӯзем. Он кас ҳамчунин кандакор, боғбон ва шикорчии моҳир буданд.

Падар насиҳат мекарданд, ки бихонем ва аз шахсони дар мактабҳои олӣ таҳсилкарда ҷӯёи ҳолу раванди таҳсилу илму дониш шавем. Ва бо ин ҳама роҳкушоиву роҳнамоиҳои падар хоҳишу ҳавасу дилгармии мо ба илму маърифат беш мешуд.

“Як гуноҳи зодгоҳ”

- Зинаи аввали таҳсилро дар куҷо гирифтед ва чаро гузинаи Шумо сари филология ва он ҳам дар Тоҷикистон афтод?

- Таҳсили ибтидоиро аслан дар мактаби деҳа гирифтам, вале баъди бузург шудану гӯиё ба пои худ рост истодан, ду соли ахири онро дар шаҳри Ҳисори шодмон гузаронидам.

Падарам бисёр мехостанд, ки ҳуқуқшинос шавам, аммо барои ман театр азиз буд ва як ҳавасе дар дили ҷавонам зуҳур карда буд. Вале камина баъди фикррониҳои зиёд ба факултаи ҳуқуқшиносии Университет (имрӯза ДМТ) ҳуҷҷат супоридам. Дар имтиҳон ду хол нарасид. Бе машварати падару модар, аз он ки тайёр будам ва заминае доштам, аз нав ҳуҷҷатҳоямро ба шуъбаи тайёрии факултаи филологияи ин донишгоҳ супоридам.

Камина зодаи Ӯзбекистонам ва он замон зодагони ин кишвар, сарфи назар аз миллат, зери назорат қарор доштанд. Ба раванди дохилшавӣ ба факултаи филология ҳам, бо ин “гуноҳ”, мушкил пеш омад ва баъзеҳо намехостанд, ки мо дар ин ҷо таҳсил карда бошем. Аз имтиҳон баҳо нагузоштанд. Ман ки дар курси омодагӣ хеле хуб мехондам ва устоди воқеан донишманд, равоншод Эргаш Шоев дарс медоданд, аз ин имтиҳон гузаштам.

Баъди солҳо ҳамон нафари ёваре, ки маро аз имтиҳон гардонида буд, дар як гӯшае узр пурсид ва гуфт, “он амалкард майли ман набуд, балки супориши боло буд”.

- Сабаби ин назорат ба Шумо рӯшан шуд?

- Ин ба фикрам, аз як воқеаи чанд соли пеши қабул ба макотиби олӣ дар Тоҷикистон маншаъ мегирифт...

- Таҳсили аспирантураи Шумо дар замони ҷанги дохилӣ (1992-96) буда: чӣ Шуморо дар ин давраи бесарусомонӣ ба таҳсил кашидааст? Аз он солҳо чӣ хотираҳои талху ширин  доред?

- Соли 1986 пас аз хатми Университет ба идораи “Газетаи муаллимон” (имрӯза “Омӯзгор”) рафтам ва 12-сол дар он ҷо фаъолият доштам. Дар ин байн ду сол ба хидмати афсарӣ дар шаҳри Тирмиз будам ва пас аз он бо тавсияи устодон ба аспирантураи факултаи навтаъсиси журналистика ва тарҷумонии ДМТ ҳуҷҷат супоридам. Бале, таҳсили камина дар айни даргириҳои дохилӣ рост омаду бо ҳазорон таассуф шоҳиди ҳодисоти дилгиркунандаву нангин шудам.

Дар кӯчаву паскӯчаҳо инсонҳоро медоштанд ва ошкоро мекуштанд. Мошинҳоро манъ мекарданд ва соҳибашро латукӯб карда, онро гирифта мерафтанд. Дар берун тани танҳо гаштан хеле хатар дошт. Рӯзе ба редаксияи “Газетаи муаллимон” рафтам, касе набуд. Фаҳмидам, ки ҳама корро таваққуф дода, ба хонаҳо рафтаанд. Вале ҳам кору ҳам таҳсил ва ҳам кори рисолаи номзадиам маро пойбанди Душанбе карда буд. Замони душворе буд, ки Худо ба сари ҳеҷ миллате наорад.

Сарпарасти саркаш

 - Ҳине, ки Шумо ба “Газетаи муаллимон” (имрӯза “Омӯзгор”) рафтед, он шӯҳрати 3 соли пешро (то сардабирии Б. Бердиева - 1983) дошт? Ва ё фазои баҳамовардаи Бӯриннисо Бердиева он замон ҳам ҳис мешуд ва ё на?

- Бӯриннисо Бердиева дар 20 соли фаъолияташон рӯзномаро ба мавқеи баландаш оварда расонида буданд ва бо рӯзноманигорони маъруф ва зиёиёни равшанфикр ин даргоҳ ба донишкадаи илму адабу маърифату фарҳангу таъриху худшиносӣ бадал гашта буд. Беҳтарин қаламкашон, ба монанди Сайидаҳмади Қаландар, Дорои Дӯст, Сармад ва як зумра чеҳраҳо фаъолият мекарданд. Воқеан, бону Бердиева дар риштаи рӯзноманигорӣ ҷасуртарин зан буданд, ки эшонро гоҳо “сарпарасти қаламкашони саркаш” меномиданд.

Вақте камина ҳам ба ин даргоҳ рафтам, ин муҳит зинда буд ва ҳамон шӯру шари аҳли эҷоди рӯзнома ва фазои баҳамовардаи Бердиева хеле рӯшан ҳис мешуд. Ҳатто ҳамкасбон мегуфтанд, ки замоне як ҳайат барои барканории Бӯриннисо ба редаксия омаданд, ҳамааш метарсиданд ва намедонистанд, ки он хабарро чӣ гуна ба ин сардабир расонанд. Бобои Насриддин, сардабири навро маҳз шахси Бӯриннисо Бердиева ба ин симмат интихоб намуда буданд ва ҳатто дар охирин ҷаласа гуфтаанд:

- Ман аз овардани Бобои Насриддин бисёр хурсанд. Лекин, агар як мӯйи сари як корманди ман аз сараш кам шавад ва ягон қасде дошта бошед, инро дониста монед, ки Бобо ҳам дар ин ҷо кор намекунад, шумо ҳам дасти холӣ меравед ва ин идора боз мемонад ба дасти Бердиева!

- Ошноии Шумо бо Бердиева чӣ гуна буд ва аз сӯҳбатҳояшон баҳравар гаштаед?

- Эшон баъди канор рафтан аз симмати сардабирӣ ҳам ҳар вақте ба идораи рӯзнома сар мезаданд ва аз ҳолу аҳволи дастпарваронашон огоҳ шуда меистоданд. Он касро аз рӯи эҳтиром ҳама “Апа” мегуфтем. Ба ҳама якранг буданд ва касеро ҷудо намекарданд. Аз ин сӯҳбатҳо камина ҳам баҳравар шудаам. Дар зимн, сӯҳбати он кас хеле гарм, пурмеҳр ва дар навбати худ, мардона мегузашт. Ҳама суханашонро ошкоро мегуфтанд ва аз касе бим надоштанд.

Баъдан, дар замони фаъолияти камина дар ин редаксия, бо ҳамон таъкиди Бердиева, қаламкашону дастпарварони шахси Бердиева фаъолият доштанд ва саркашиҳову ошкорбаёниҳо боқӣ буд. Он замон ҳам ба мисли Дорои Дӯст устодоне буданд, ки матолиби сахти проблемавиро аз зери дасти Бобои Насриддин, сардабири нави аз мақомоти идеологӣ ба ин симмат омада, коре карда мегузарониданд ва анъанаи Бердиева нигоҳ дошта мешуд.

Аз “Ҳамрози ҷавонон” то “Садои Хуросон”

- Шумо баъдан нашрияҳои худро ташкил додед: омилҳои ба ҳам омадан ва барҳам хӯрдани онро шарҳ медодед...

- Камина то соли 1998 дар “Омӯзгор” фаъолият намудам ва дар ин самт аллакай таҷрибаи 12-сола доштам. Ҳамзамон, ҳине дар факултаи журналистикаи ДМТ ба кор пардохтам, муддате дар маҷаллаи “Студент” ҳам фаъолият кардам. Баъд аз “Студент” ин бозор холӣ монд ва дигар маҷаллае набуд, ки ҳамрози ҷавонон бошад. Соли 2004 камина низомномаи маҷалларо омода кардам ва “Ҳамрози ҷавонон” номаш ниҳодам. Пас аз ба қайд гирифтан якзайл он ба табъ мерасид ва фазоеро барои ҷавонони ҳушманд ба бор оварда буд. 

Ин маром каминаро ба фикри минбари ҳаҷвиву танқидии “Шакарханд” овард ва соли 2009 онро ҳамчун замимаи “Ҳамрози ҷавонон” аз қайди Вазорати фарҳанг гузаронидам. Муддате пас мо - чор ёрон, Шодмон Каримов, Шодӣ Малахов, Абдураҳмон Алиқулов ва банда ба фикри мушкилоти ҷиддии давр уфтодем ва ҳафтавори “Фардо”-ро ҳам таъсис додем.

Вале дар ин байн камина 3 сол муовини декан дар шӯъбаи ғоибонаи факулта таъйин шудам, кори докторӣ ба миён омад ва мушкилот пайи ҳам рӯй заданд. Бо ин ҳол ин 3 нашрия аз чоп бозмонд...

- Як равуои кӯтоҳе дар байни факулта ва расонаи дигар доштаед, шарҳаш медиҳед?

- Бале, тирамоҳи соли 2012 бо масъалаи кори докториам ба Машҳади Эрон сафар кардам ва замоне бо бахши тоҷикиву ӯзбекии Радиои “Садои Хуросон” ҳамкорӣ доштам. Дар баҳори 2013 боз маро аз раёсати донишгоҳ даъват карданд ва баргашта баъди чанд сол идомаи корро ба поён расонидам.

Устод ва андеша

- Устоди донишгоҳ будан чӣ масъулият дорад ва устоди факултаи журналистика будан чӣ?

- Устоди донишгоҳ будан дар замони мо хеле обрӯву ҷойгоҳ дошт ва ҳар касеро қабул намекарданд. Аммо замона дигар гашту баъзе арзишҳо тағйир карданд ва имрӯз ҳар бесаводе дохил мешавад, мехонад ва устод ҳам мегардад.

Вале устоди факултаи журналистика будан ва бо ҷавонони журналистшаванда кор кардан дигар аст, сахт аст. Дар ин ҷо вазн дигар аст, мавқеъ дигар аст, масъулият дигар аст. Андешаҳои ҷавонони журналистшаванда тамоман дигар аст. Ин даргоҳ бо ҷомеа сарикор дорад ва масъулияти вазнине бар дӯш гирифтааст: ин ҷо бояд журналистоне тарбият ёбанд, ки бо ҷамъият, бо фардҳо, гурӯҳҳо, табақаҳо, бо хурдҳову бузургҳо кор карда тавонанд.

- Андешае ҳаст, ки аксаран журналистон якрав ва саркаш мешаванд. Ин хуб аст ва ё бад?

- Журналисти асил ғами миллатро мехӯрад. Агар ӯ дар мавқеи худ истодагарӣ кунад, якравӣ дошта бошад, ҳатман бурд мекунад.

- Ғурури эҷодӣ чӣ? Ин ба суди эҷодкор аст ва ё бар зиёни ӯ?

- Ғурур дар ниҳоди ҳама кас нест ва агар ҳаст, он дигар асту нуктаи ишораи мо дигар. Ин ғурур дар эҷоди худ мустаҳкам будан, ба он такя намудан, ба худ боварӣ доштан ва дар ибтидо дигарҳоро ҳатто эътироф накардан аст. Он агар бунёдӣ бошад, ба манфиати эҷодкор ва ба манфиати миллат аст. Ҳам муаллиф ва ҳам ғурури ӯ замоне мераванд, аммо осори ӯ бо ҳама бовариҳояш боқӣ хоҳанд монд. 

Вале дар ин баробар ғурури эҷодӣ метавонад гоҳо ба зарари эҷодкор ҳам тамом шавад. Масалан, ҳунари дигаронро эътироф накардан, рашки ноҷо бурдан, нотавонбин шудан, албатта бар зиёни эҷодкор аст. Пас, такя бар худ ва ғурури худ дошта бошед, вале аз хатти қирмизи эҷодӣ нагузаред ва нотавонбин набошед.

- Шогирд тарбият кардан сахт аст ва ё фарзанд?

- Тарбияти фарзанд дар хона сурат мегирад ва падару модар ҳама чиро барои хушахлоқ ва намунавӣ будани писар ё духтарашон муҳайё месозанд. Устоди мактаб ва донишгоҳ будан, яъне падар ё модари сонӣ будан аст ва мебояд, ки шогирдро ҳам мисли фарзанд тарбият кунанд. Ҳар ду ҳам душвор аст ва боз муаллим будан, устод будан душвортар аст.

- Сахтгир ва принсипнок. Ин сифотро ба Шумо рабт медиҳанд... 

- Ман бо бисёр душворӣ ва сахтгириҳои устодон таҳсил кардам ва имрӯз аз ҳамаи онҳо барои хидматҳои кардаашон сипосгузорам. Кунун ин масъулият ба сари ман уфтода ва каму беш сахт мегирам. Пештар дигар буд ва бо шогирдон хеле ҷиддӣ кор мекардем. Фаъол буданд ва сахтгириҳо самара ҳам медоданд. Лекин ин сахтгириҳо боз ба садорат хуш наёмадааст, ки борҳо гуфтанд, сахт нагиред. Баъзе меъёрҳоро тағйир додам, вале то кунун маҳаки принсипнокиро доштаам ва аз он розӣ ҳам ҳастам.

Ман зидди онам, ки ба донишҷӯ ихтиёр диҳем ва ӯ бояд озодона ин давраро гузаронад. Бале, донишҷӯ бояд худаш хонад, вагарна устод маҷбур кунад, то бихонад.

Худҷӯиву худёбӣ

- Дар ҳамин ҳол, аз ин ки дар як гурӯҳ хатмкунандҳо ҳамагӣ 2-3 рӯзноманигори ҷавон сар баланд мекунанд, Шуморо нигарон намекунад ва ё аз он розиед?

- Ман мехоҳам, ки бештар аз ин бошад. Лекин дар замоне, ки донишҳо паҳнои нав пайдо кардаанд, ҷаҳонбиниҳо васеъ шуда, техникаву технология ва масъулиятҳо тамоман тағйир кардаанд, агар 3 журналисти ҷавон, ки маҳаки касбиро донад, сар баланд кунад, фикр мекунам, рисолати устоди факултаи журналистика то дараҷаи муайян иҷро гардидааст.

- Пас тақдири 20-25 нафари дигар чӣ мешавад ва онҳо чӣ бояд кунанд?

- Бубинед, на ҳамаи онҳое, ки ҳама гуна ихтисосро хатм мекунанд, мутахассис мешаванд. Аз қадим ҳам чунин буд. Махсусан, дар замони иқтисоди бозаргонӣ танҳо омадану рафтан корро ҳал намекунад ва ҳамоне нон меёбад, ки ба бозори меҳнат ҷавобгӯ бошад. Ҳар нафаре, ки худро дар ин ё он ҷода наёфт, кашф накард, бигузор аз баҳраш барояд, тарки ҷода кунад ва роҳашро дарёбад. Ман дар ҳама гурӯҳе, ки дарс мегӯям, таъкид мекунам, ки шумо агар ҳунар надоред, нон ёфта наметавонед, агар нигоранда нестед ва ҳунари сухан гуфтан надоред, журналист буда наметавонед. Пас,  агар худро дар журналистика наёфтед, таркаш кунед ва роҳу кори худро дар дигар ҷо ҷӯед.

Пешниҳод: Озмуни “Рӯзномадон”?

- Аз фардои насли мо чӣ умед доред?

- Замона насли шуморо танбал кардааст. Дигар намехоҳед, ки ҷиддӣ кор карда бошед, бихонед, зиндагии ормонӣ бикунед. Бештари корҳои шумо ба хотири ин ё он касест ва кунун тобеи ҳамдигар гаштаед. Намехоҳед, ки худро биҷӯеду биёбед. Дар донишгоҳҳо аз 30 нафар донишҷӯ 3 нафар толибилм пайдо мешавад. Тақаллуб дар рагу пайванди бисёриҳо ҷой шудааст. Худфиребӣ моро рӯзе мекушад. То ба кай?

Шуморо ба илм ҳавасманд кардан даркор аст. Ба забондонӣ, ба китобхонӣ. Озмуни “Фурӯғ...”, гарчанде ҳоло ҳавасмандкунӣ аст, ба пулу ҷоиза талош доранд, лекин хуб аст. Бидонед, ки ҳар чизе такрор шуд, баъд ба одат бадал мегардад. Он озмун баъзе чеҳраҳои ояндаро муаррифӣ кард ва ҷавононро дигарбора маҷбур кунонд, ки китоб хонанд. Ҳамин гуна озмунро барои ВАО, аз ҷумла матбуот низ, ташкил мебояд кард. Масалан, Озмуни ҷумҳуриявии “Рӯзномадон” ташкил намоем ва сардабирони нашрияҳоро бар он масъул кунем, боварӣ дорам, дар давоми як-ду сол мавқеи рӯзнома дигар мешавад ва ин фарҳанг дубора рӯидаст меояд. Аз он метавонем, “Рӯзномахони беҳтарин”, “Рӯзномаи беҳтарин”, “Рӯноманигори беҳтарин”, “Мусоҳибаи беҳтарин”, “Очерки беҳтарин”, ҳатто “Хабари беҳтарин”-ро номинатсионӣ кард ва аз довталаб 100 публистист, 100 рӯзнома, 100 матлаби жанрӣ, 100 чеҳраи асри ХХ ё ХХ1-ро бипурсем. Иттифоқи журналистон, Академия ва Шӯрои ВАО бояд сари ин масъала андеша кунанд.

Аз ҳақиқат то дурӯғ

- Мавзӯи рисолаи илмӣ ва доктории Шумо сафарнома аст ва ин жанр ҳам дар байни баҳсҳои гарми журналистон ва адабиётшиносон монда. Ба таври фишурда хулосаатонро мегуфтед.

- Сафарнома жанри публистистика аст. Он комилан ба воқеият такя мекунад ва бадеияте, ки истифода мешавад, ба воқеият тобеъ аст. Бубинед, оғози пайдоиши ин жанр аз “Сафарнома”-и Носири Хусрав маншаъ мегирад, ки ӯ менигорад: “аз саргузашт он чӣ дида будам, ба ростӣ шарҳ додам. Ва баъзе, ки ба ривоятҳо шунидам, зикр кардам, агар дар он ҷо хилофе бошад, хонандагон аз ин заиф надонанд ва муаххазат ва накӯҳиш накунанд” ва такя бар ҳақиқат ва воқеанигорӣ мекунад. Пас, дар бадеият дурӯғ ҷой дорад ва бар ин ҳақ ҳам доранд, вале дар публистистика ҳамеша такя бар ҳақиқат мешавад ва танҳо воқеият тасвир мегардаду бас.

- Воқеан, ба назаратон шарт аст, ки ҳамасола нафарони зиёде рисолаҳои номзадиву докторӣ ҳимоят кунанд. Натиҷаи онро Шумо мебинед?

- Дар замони пеш номзади илм шудан хеле душвор буд, кам касон ба он рӯ меоварданд. Имрӯз бошад, баръакс, аксарият мехоҳанд, ки номзади илм ё доктор шаванд. Аммо ба назар мерасад, ки дар байни онҳо тасодуфиҳо хеле зиёданд ва қаллобон низ пайдо шудаанд. Аз онҳо илми тоҷик ҳеҷ фоидае намебинад.

6 саволи интиҳоӣ

- Субҳ бо кадом ният бармехезед ва шом бо кадом ният сар ба болин мениҳед?

- Пеш аз ҳама шукр мекунам, ки боз як субҳро пешвоз гирифтам. Баъдан, нақшаи рӯзро мекашам ва дар давоми рӯз онро амалӣ мегардонам. Шом то хуфтан ба худ ҳисобот медиҳам, ки аз корҳои дар пеш гузошта кадомеро иҷро кардаму кадомеро на...

- Се хислате, ки мехоҳед ҳар башар дошта бошад? Ва се кирдоре, ки бадаш мебинед?

- Инсони хислати ҳамида дошта, дигаронро эҳтиром мекарда ва тавозунро риоя менамударо дӯст медорам. Бар шахсони ғайбатчӣ, чоплус ва хиёнаткор нафрат дорам.

- Як хатои насли аз Шумо пеш, хатои насли Шумо ва хатои насли мо чӣ аст?

- Як хатои вазнини насли шумо камсаводӣ асту мутолиа надоштан. Агар дар имрӯз вақти худро сарфи интернет накунед ва ба донишомӯзӣ пардозед, фардоятон тамоман дигар хел хоҳад буд.

Инро аз хатои насли худам гуфтам: ба шумо шароит муҳайё асту намекӯшед, ки биомӯзед, вале барои мо шароит муҳайё набуд, ки оламро омӯзем ва дар қолаби рехтаи ҳукумати Шӯравӣ боқӣ мондем.

Ин ҳам хатои насли аз мо пеш буд, ки дар ҷаҳолат зиндагонӣ карданд, қолаберо нашикастанд ва баръакс, истеъдодҳоро саркӯб карданд ва куштанд.

- Вақте аз хабару воқеаҳо хаста мешавед, барои фароғат чӣ мекунед?

- Мусиқӣ гӯш мекунам. Аҳмад Зоҳир, Гугуш, Ҷӯрабек Муродов, Зафар Нозимов, Олим Бобоев, Афзалшо Шодиев. Ҳатто вақти хӯрокхӯрӣ ё кори эҷодӣ.

- 60-ро камолоти умри одамӣ меноманд. Ба дирӯз чӣ гуна менигаред ва фардои худро чӣ гуна мебинед?

- Дирӯз кор, эҷод, дарс, зиндагӣ буд. Ва аз дирӯз то имрӯз - 60 сол сипарӣ шуд. Фардо, агар умр боқӣ бошад, боз аз пайи эҷод ва таълими насли нав мешавам.

- Агар варақи сафеде диҳанд, ягона ҷумлаи Шумо дар он чӣ хоҳад буд?

- Зиндагӣ идома дорад! Ҷӯянда бошед, роҳ кушоед, худро ҷӯед, худро ёбед!


“Боварӣ, наҳаросидан ва дӯст доштан”. Хубон Орзуева аз формулаҳои осони муваффақият мегӯяд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед