Ru  | Tj
«Оянда аз дунёи криптоӣ аст». Парвизҷон Розиқов дар бораи чӣ гуна мутахассиси IT-технология шудан қисса кард
«Оянда аз дунёи криптоӣ аст». Парвизҷон Розиқов дар бораи чӣ гуна мутахассиси IT-технология шудан қисса кард
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

«Оянда аз дунёи криптоӣ аст». Парвизҷон Розиқов дар бораи чӣ гуна мутахассиси IT-технология шудан қисса кард

Нашр шуд

Парвизҷон Розиқов барномасоз аст. Дар муддати 7 соли фаъолияти кории худ, ӯ тавонист бо лоиҳаҳои зиёде кор кунад: аз барномаҳои десктопии QT C++ шурӯъ намуда, то лоиҳаҳои серверии баландҳаҷми бо забони java/kotlin омодашуда. Ӯ омӯзгори мактаби оинлайни украинии Hillel IT School буда, ҳамзамон бо “СберТех”-и Русия ҳамкорӣ дошт. Ҳамчунин, Парвизҷон имрӯзҳо дар “стартап”-е кор мекунад, ки ба ҳамгироии blockchain тахассус дорад.


"Соли 2017, тасмим гирифтам, ки тарҷумаи ҳоли худро дар hh.ru пур карда мушаххасоти худро дар linkedin.com навсозӣ намоям. Пас аз муддате ба ман якчанд пешниҳоди корӣ омад, ки яке аз онҳо аз ҷониби СберТех (корхонаи зертобеи Сбербанки Русия) буд. Ман аллакай медонистам, ки онҳо ният доранд, як платформаи нави рушди тиҷоратро таҳия карда, дар доираи он пулро барои баровардани маҳсулот ва модулҳои нави тиҷорат, сарфа мекунанд. Ман барои татбиқи ин лоиҳа миёнаҳои соли 2017 ба шаҳри Новосибирск рафта, дар охири соли 2019 тариқи кори лоиҳаи мазкур ба шаҳри Москва сафар намудам. Дар аввали соли 2021 мо корро бо платформаи Platform V бомуваффақият оғоз кардем, ки ман дар он модули Platform V Audit-ро коркард кардам,”- мегӯяд Парвизҷон.

"Аз ҳама мушкили асосие, ки ба он рӯ ба рӯ шудам, ин сардии боду ҳаво буд. Ҳавои шаҳри Новосибирск дар фасли зимистон хеле сард аст. Дар баъзе ҷойҳои ин шаҳр сардии ҳаво ба 25 дараҷа ва дар баъзеи дигар ҳатто то ба 40 дараҷа мерасад. Ман дар «Академгородок» зиндагӣ мекардам, ки он берун аз шаҳр воқеъ буд. Гарчанде дар он ҷо афроди зиёде зиндагӣ намекунад, аммо онҷо ба лаҳзаҳои нороҳаткунанда низ гирифтор шудем. Масалан, ҳангоми ҷустуҷӯи хона барои иҷора мушоҳида намудем, ки мутаассифона, баъзеҳо нисбат ба мо хушбин нестанд."


Дунёи асъори криптоӣ

Ба наздикӣ Парвизҷон Розиқов ҷои корашро боз иваз карда, тасмим гирифт, ки худро дар “стартап” санҷад. Ин кор аз он сабаб писандаш омад, ки лоиҳаи мазкур бо асъори криптоӣ алокаманди дошта кор бо дунёи криптоиро (харид, фурӯш, нигоҳдорӣ, амонатгузорӣ, кредит) содда мекунад. Ин як навъи криптобонк аст.

"Ман дар “стартап”-и Crypterium ба таври фосилавӣ кор мекунам. Ин як платформаи ғайримарказонидашудаи криптобонкӣ мебошад, ки ба корбарон хизмати молиявиро пешкаш мекунад. Аммо ба ҷойи асъори воқеӣ он асъори криптоии crypterium.com-ро истифода менамояд. Аъзоёни гурӯҳи мо аз гӯшаҳои гуногуни олам кор мекунанд. Ин бисёр хуб аст, ки дар кор ягон маҳдудияте вуҷуд надорад, масалан ман аз Душанбе истода кор мекунам. Яке аз ҳадафҳои аслии ин “стартап” пешниҳоди хидмати қулай аст, то муштарӣ тавонад асъори криптоиро бихарад, фурӯшад ва ба корт гузаронад. Ман узви гурӯҳи «crypto» ҳастам, ки барои ҳамгироӣ бо блокчейнҳо ва биржаҳои криптоӣ масъул мебошад" - мегӯяд Парвизҷон.

Ба гуфтаи ӯ, асъори криптоӣ маҳз дар соли 2020 дар арафаи ҳамагирии коронавирус маҳбубият пайдо кард, зеро сармоягузорони калон ба хотири наҷот додани дороиҳои худ аз таваррум ва фурӯпошии бозорҳо, ба харидани асъори криптоӣ шурӯъ кардаанд. Агар ба арзиши «биткоин» дар аввали соли 2020 нигоҳ кунед, он тақрибан 8-10 ҳазор доллар буд, дар соли 2021 бошад, он аллакай ба 60-63 ҳазор доллар расидааст.

Асъори криптоӣ чист?

Асъори криптоӣ як навъи дороии электронӣ, воситаи пардохт ва асъоре аст, ки аз ҷониби ашхоси зиёд ва ҳатто баъзе кишварҳо (давлати Салвадор «биткоин»-ро ҳамчун пули расмӣ эътироф кардааст) ва бонкҳои бузург эътироф гардидааст. Ин як навъ дороиест, ки онро дар айни замон харида, фурӯхта ва дар амонатҳо нигоҳ дошта мешавад.

Биткоин (bitcoin) аввалин асъори криптоӣ дар ҷаҳон аст. Сатоши Накамото офарандаи ин навъи асъор ба ҳисоб меравад, аммо то ҳанӯз маълум нест, ки оё воқеан чунин шахсе вуҷуд дорад ё не. Дуюмин асъори криптоӣ «эфир» (Ethereum) мебошад.

Хусусияти хосаи асъори криптоӣ ин сохтори ғайримутамарказонидашудаи онҳост, яъне онҳо ягон марказ ё биное надоранд, ки дар он тамоми система кор кунад: “Он дар ҳазор дастгоҳ дар саросари ҷаҳон ҷойгир аст. Дар ҳоле ки системаҳои анъанавии пардохт марказонида шудаанд, яъне онҳо дафтари худ, шахси ҳуқуқӣ ва иҷозатнома доранд. Шумо метавонед ба назди онҳо равед ва ҳолати маблағҳои худро аз назар гузаронед ва ҳамчунин метавонед, ки суратҳисоби худро маҳкам намоед. Аммо бо асъори криптоӣ наметавон ба таври нақд чизеро пардохт намуд” - шарҳ медиҳад қаҳрамони мо.


Оянда системаҳои ғайримарказонидашуда ҳукумрон мешаванд

«Айни замон дар хусуси хизматрасонии ғайримарказонидашудаи молиявӣ (DeFi) кори зиёд анҷом дода шудааст. Ҳадафи аслии онҳо тағйир додани системаи бонкӣ ва иваз кардани технологияҳои анъанавии низоми молиявии муосир бо протоколҳои сарчашмаи кушода мебошад.

Дар мавриди сармоягузорӣ ба асъори криптоӣ бошад, пешниҳоди шахсии ман ин аст, ки бояд эҳтиёткор бошед, зеро сарвату дороии шумо дар ин ҷо хеле ноустувор аст. Ба ин тариқ шумо метавонед дар давоми ду моҳ ё пули зиёд ба даст оред ва ё ҳама пасандозҳои худро аз даст диҳед».

Дар куҷо таҳсил карда ва аз куҷо кор пайдо кунем?

«Мутаассифона, на дар ҳама донишгоҳҳои Тоҷикистон барои омода намудани мутахасисони IТ-технология заминаи хуби таҳсил мавҷуд аст, зеро аксарияти барномаҳо ва технологияҳои онҳо аллакай кӯҳна шудаанд. Ман ба ҷавонон маслиҳат медиҳам, ки барои мутахассиси хуб шудан, дар баробари таҳсил дар донишгоҳ, инчунин ба худомӯзӣ низ машғул шаванд. Хушбахтона, дар интернет курсҳои онлайнии омӯзиши IТ-технология: наворҳо доир ба омӯзиши он, китобҳо, хулоса маводи хеле зиёде мавҷуд аст, ки шумо метавонед аз онҳо истифода баред.


Ба фикри ман, имрӯз ба таҳиягарони пешсаф (фронтенд) талабот зиёдтар аст. Барои таҳияи веб хуб мешавад агар javascript / typescript ва 3 «фреймворк»-и беҳтарин: react, angular ва vue интихоб шавад.

Агар ба «бекэнд» ва технологияҳои молиявӣ («финтек») назар андозем, онҷо аз забони java истифода мебаранд ва тадриҷан забонҳои kotlin, goLang ва c #, python низ маъмул шуда истодаанд. Инчунин шумо метавонед, омори маъруфияти забон ва шумораи ҷойҳои холии як забони барномасозии мушаххасро мушоҳида кунед».

Парвизҷон маслиҳат медиҳад, ки татбиқи амалии лоиҳаҳоро на бояд фаромӯш кард: “Вақте ки шумо дар ҷустуҷӯи кор ҳастед, таҷрибаи шумо бо лоиҳаҳои гуногун ба шумо кӯмаки хуб мерасонанд. Шумо метавонед маҳорати худро дар лоиҳаҳои кушодаи github.com бисанҷед. Ман фаъолияти аввалини худро аз бозори маҳалӣ оғоз мекардам».

Корро дар куҷо ҷустуҷӯ кунем?

«Агар дар Россия кор ҷустуҷу карда истода бошед, пас шумо метавонед тариқи сомонаи hh.ru кори ба худ мувофиқро пайдо кунед. Нахуст бояд ба ин сомона аъзо шуда, худро номнавис кунед. Тарҷумаи ҳолатонро ба таври дуруст пур карда дар кадом кишвар кор кардан мехоҳед, онро низ интихоб намоед. Дар идома ба шумо ду шакли пешниҳод мешавад: аввал, дар саҳифаи «дар ҷустуҷӯи кор хастам» («ищем вакансии») ба шумо рӯйхати ҷойҳои кори холӣ пешниҳод мегардад ва шумо ба он ҷо дархост мефиристед, дуюм, шумо метавонед саҳифаи худро дар шакли «барои дархостҳо кушода» («открыт к предложениям») гузоред ва корфармоён анкетаи шуморо дида, ба шумо барои пешниҳоди кор паём мефиристанд. Агар дар дигар гӯшаю канори дуньё кор кобед пас аз linkedin.com истифода баред. Барои худ тахассус месозем ва онро мувофиқи завқи худ бо забони англисӣ пур мекунем ва ба саҳифаи худ корфармоёнро илова мекунем.

Барои пайдо намудани кор дар кишвари Белорус метавонед, ба ин сомона муроҷиат намоед: rabota.by ва dev.by;

Барои пайдо намудани ҷойи кори мувофиқ дар кишвари Украина ба сомонаи мазкур муроҷиат кунед: djinni.co ва dou.ua;

Ҳамчунин қайд кардан ба маврид аст, ки дар баъзе кишварҳо “паркҳои технологӣ”-е фаъолият мекунанд, ки шаҳравандони хориҷӣ имконият доранд, бе иҷозатномаи расмии кор, фаъолият намоянд. Масалан, кишварҳои Белорус, Украина ва Ӯзбекистон чунин имкониятҳоро доранд.

Мутахассиси ҷавон ба ҳамсолони худ маслиҳат медиҳад, ки пайваста аз болои худ кор кунанд, худомӯзӣ намоянд, забонҳои нави барномасозиро омӯзанд ва кӯшиш кунанд, то бо забонҳои русӣ ва англисӣ озодона суҳбат карда тавонанд.

«Бояд ба пеш ҳаракат кард ва таслим нашуд»: Наргиза Ҳакимова доир ба сафар ба Русия ва хизматрасонии MigrantHelp


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед