Ru  | Tj
«Пайраҳаи бобо». Самир Афардӣ: Аз аккосӣ то филмбардории мустанад
«Пайраҳаи бобо». Самир Афардӣ: Аз аккосӣ то филмбардории мустанад
Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

«Пайраҳаи бобо». Самир Афардӣ: Аз аккосӣ то филмбардории мустанад

Нашр шуд

Самир, ҷавони соҳибистеъдоду бомаҳорат ва намояндаи хонаводаи “Афардист”. Албатта ин ном барои пиру ҷавони  Тоҷикистон ошност. Насли ҷавон ӯро чун аксбардори болаёқату умедбахш мешиносанд. Барои насли калонсол бошад ӯ набераи коргардон ва нависандаи шинохтаи тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардист. Самир ҳамагӣ 15 сол дорад, аммо асарҳои офаридааш дар Инстаграм аллакай ҳаводорони зиёд пайдо кардааст. Ӯ дар сӯҳбат бо мо дар бораи фаъолияти озодаш дар санъат, муҳаббаташ ба синамо ва санҷиши маҳораташ дар офаридани филмҳои мустанад гуфт.

Муҳаббат ба кино ин авлодист

“Афардӣ - ин номи мустаор ё худ тахуллуси эҷодии бобоям аст. Бо мақсади шод кардани рӯҳи бобоям ва ҷовидона мондани номи ӯ, аҳли оилаи мо тасмим гирифтанд, ки оилаи “Раҳимовҳо”-ро ба “Афардӣ” иваз кунанд. Дар лаҳзаҳои мушкил ҳамеша ба ёд меорам, ки чӣ насаб дорам ва гузаштагонам  чӣ таърихе доштанд?! Бо ёдоварӣ аз гузаштаи худ, мақсад мегузорам, ки ин анъанаро бояд идома диҳам”- мегӯяд аккоси ҷавон.

Самир боварӣ дорад, ки ҳанӯз  аз  хурдиаш муҳаббат нисбати синаморо дар замираш маҳз аҳли оилааш бедор намудаанд. Ӯ бо ифтихору ҳаяҷон аз бобои маъруфу шинохтааш ва мероси ӯ ҳарф мезанад. 

Сайфулло Раҳимов ё Сайф Раҳимзоди Афардӣ яке аз нависандагон ва журналистони машҳур дар замони шӯравӣ буд. Ӯ як муддат ба ҳайси раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Муаллифи китобҳои «Ситораҳои сари танӯр» (1984), «Аз ёдҳо, азёдҳо» (1987), «Васвасаҳои Зикривайҳ» ё «Таронаҳои хоки тӯтиён», (1999), «Падруду пайғом» (2000), «Доғҳои Офтоб» (2003), «Чашми саҳар» (2014), қиссаҳои «Таронаҳо ва тавбаҳо» ва «Доғистон» мебошад, ки дар матбуоти даврӣ ба чоп расидаанд. Намунаҳое аз осораш ба забонҳои русӣ, украинӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва нашр шудаанд. Ӯ соли 2000-ум ҳангоми аз кор ба хона баргаштан дар роҳрави бинои истиқоматияш аз ҷониби ашхоси номаълум паронда мешавад. 

«Мутаассифона, дидор бо бобоям ба ман муяссар нашуд.  Аммо ӯ барои ман ҳамеша намунаи ибрат, роҳнамо ва маншаъи илҳому эҷод аст. Умуман, ман аз аҳли оилаи худ барои дастгириҳояшон миннатдорам. Ба мактаби филмбардорӣ маро бибиям оварданд. Дар зарфи ду сол бибиям ба ман нозукиҳои санъати киноро омӯзонданд. Чӣ гуна тамошо намудани филм, қисматҳои он, дарку фаҳми синаморо ба ман ёд доданд. Маҳз дар ҳамин давра меҳру муҳаббати ман нисбат ба филмофарӣ зиёд гардид.

Сиёҳу сафед

Бояд гуфт, ки дар санъати аксбардорӣ Самир услуби хоси худро дорад. Ӯ танҳо аксҳои сиёҳу сафед мегирад. 

«Ман гуфта наметавонам, ки мактаби аксбардорони машҳур ба ман таъсир накардааст. Албатта, дар Инстаграм кори аккосони машҳурро тамошо мекардам, аксҳои онҳоро мушоҳида менамудам. Аммо бо гузашти вақт, дарк кардам, ин он чизе нест, ки ман мехоҳам. Ман бояд дар ин ҷода услуби хоси худро дошта бошам, «ман»-и худро дошта бошам. Пай бурдам, ки услуби расмҳои сиёҳу сафед ба ман наздиктар аст. Пас, ин гуна расмгириро интихоб намудам. «Баъзан вақт бачаҳо ба наздам меоянд ва мегӯянд «Шумо ҳамон бачаи сиёҳу сафед нестед, ин маро рӯҳбаланд мекунад» - бо табассум мегӯяд Самир.

Миқдор бозгӯи сифат нест 

Ба андешаи қаҳрамони мо имрӯз дар Душанбе ҷавонони зиёде пайдо шудаанд, ки аз рӯйи ҳавову ҳавас аксбардорӣ мекунанд ва худро аксбардори касбӣ меҳисобанд. 

«Баъзан вақт ба назар чунин менамояд, ки Душанбе шаҳри аккосон ва рэпсароён аст. Ман аз рэп дурам, аммо аз муваффақияти аксбардорони ҷавон хурсанд мешавам. Ягона чизе, ки маро ғамгин мекунад ин аст, бо мурури замон аксбардории мо ба ҳамдигар монанд мешаванд ва аксҳои мо шабеҳи якдигаранд. Шахсан, намехоҳам касбияти худро аз даст диҳам ва мехоҳам дар ин самт роҳи худро дошта бошам, ки мутафовит аз дигарон бошад. Ман чанд вақт боз нақшаи таъсиси як ташкилоти аксбардориро дорам, ки умедворам ин чиз ба рушди санъати аккосӣ таъсири хуб мерасонад. Ин ҳоло танҳо як нақша аст, умедворам, ки амалӣ мешавад!».

Самир андеша дорад, ки бо сабаби зиёд шудани телефонҳои мобилии замонавӣ сатҳу сифати санъати аксбардорӣ коҳиш ёфтааст. Ҳоло аккоси ҷавони мо баҳри беҳбудии ин соҳаи санъат тамоми саъйю кӯшиши худро мекунад, то санъати аккосӣ ба маънои аслияш боқӣ монад.

Ба  аксбардории мустанад гузаштам

«Тақрибан, якуним моҳ қабл фаҳмидам, ки аксҳои моделиро калонтар гирифтам. Дарк намудам, ки ҳар қадар кӯшиш кунам ҳам аз аксбардории мустанад дилканда наметавонам. Ман ба наздикӣ ба яке аз деҳаҳои наздики шаҳри Кӯлоб сафар намуда, он ҷо бо аҳолии маҳаллӣ зиндагӣ кардам. Дар он ҷо расмҳоеро гирифтам, ки дер боз гирифтани чунин расмҳоро орзу мекардам. Гуфта наметавонам, ки онҳо беҳтарин асарҳои мананд. Зеро агар шумо фаҳмед, ки натиҷаи комилро ба даст овардаед, дигар аз болои худ кор намекунед. Аммо ин аксҳо ба ман хеле зиёд таъсир карданд. 

Ҳоло Самир Афардӣ ба аксбардории мустанад ва суратгирии кӯчагӣ (стрит-фотограф) гузаштааст. Ӯ фармоишҳои тиҷоратиро қабул намекунад. Яъне дар ҷодаи эҷод озод аст. Пас аз анҷоми ҳар як акс ӯ нуқта намегузорад, яъне ин маънои онро дорад, ки ӯ ба кори худ хотима  надодааст ва боз тасвирҳои наверо аксбардорӣ мекунад. 

«Вақте ки мактаби филмофариро хатм кардам, хеле ғамгин шудам. Он вақт 13-сола будам ва бисёр чизҳоро намефаҳмидам. Дар дилам меҳр нисбат ба санъати аккосӣ ҷӯш заду ба аксбардорӣ рӯ овардам»

«Муколама»

Тобистони соли гузашта Самир дар лоиҳае ширкат намуд, ки ҳадафаш рушди санъати муосир пас аз пандемияи СОVID-19 буд. 

«Чун дигар лоиҳаҳо дар ин лоиҳа низ нахуст моро омода намуданд, дар ҷодаи санъат дарҳои наверо ба рӯи мо кушоданд. Сипас, ба мо супориш доданд, то филмҳои кӯтоҳро наворбардорӣ кунем, ки арзиши бадеӣ дошта бошанд. Ман аз ҳамон рӯз сар карда, бо бачаҳо кор карда истодаам», - мегӯяд Самир.

«Муколама»- филме аст, ки Самир онро ба навор гирифтааст. Он аз 9 саҳнаи алоҳида иборат буда, саҳнаҳо мантиқан пайвандгари якдигаранд. Филми мазкур дар бораи муҳаббати пок ва ҳама он чизҳое, ки дар назари қаҳрамони мо боарзиш аст, наворбардорӣ шудааст.

«Дар лоиҳа як зермазмун ҷойгир аст, ки он то ба ҳол аз тамошобин пинҳон мебошад. Ин сир танҳо ҳамон лаҳзае ошкор мешавад, эҳсос шавад, ки тамошобинон аз ҷиҳати равонӣ ба камол расидаанд. Ҳангоми ба навор гирифтани ин филм карантин эълон шуда буд. Он вақт бо асарҳои коргардони даниягӣ - Ларса фон Триера ошно шудам. Ҳангоми тамошои филмҳои ин коргардон таҳти таъсири он қарор гирифтам. Махсусан, ҳангоми тамошои филми «Догвилль». Маҳз ҳамин филм асоси тавлиди идеяи филми «Муколама» шуд.

Нақшаҳои оянда

«Мехоҳам дар оянда ба омода намудани намоҳангҳо машғул шавам. Мехоҳам ба мусиқиҳои хубе, ки гӯш мекунам, клипҳои зебо таҳия кунам. Ҳамчунин, ният дорам дар ояндаи наздик намоиши аксҳоро ташкил кунам».

Мо низ орзу мекунем, ки ин ҷавони соҳибистеъдод дар ҷодаи интихобнамудаи худ муваффақ гардад.


Фатҳиддин Замон: “Мо бояд барои наҷоти худу миллати хеш талош кунем”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед