Ru  | Tj
Раънои Зоирдухт: “Бояд посдори фарҳанги ниёгон бошем!”
Раънои Зоирдухт: “Бояд посдори фарҳанги ниёгон бошем!”
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Раънои Зоирдухт: “Бояд посдори фарҳанги ниёгон бошем!”

Нашр шуд

Садри Фарҳангсаройи ориёӣ, раиси бахши бунёди забони тоҷикӣ, котиби Иттифоқи нависандагон дар шаҳри Истаравшан, намояндаи Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - "Пайванд", барандаи ҷоизаи Бӯриниссо Бердиева  рӯзноманигор ва  шоир Раънои Зоирдухт, ба синни 60 қадам ниҳод. Ба ин муносибат фурсат пайдо кардем, ки бо эшон сӯҳбат кунем.

- Муаллимаи азиз, айёми кӯдакиатон чӣ гуна гузаштааст ва Шумо аслан дар кадом муҳит ва чӣ гуна бавоя расидаед?

- Нигоҳи ёдҳо ба кӯчаҳои кӯдакии ширин ворид гашт. Ашкҳо ҳам дар соғари дидаҳоям давра заданд.  Пеши назарам танҳо симои падари ҷафокашу меҳнатписанд ва таъмингару меҳрубон падид омад. Равонашон шод бод! 11 сол мешавад, ки мо аз сурати дилкашу зебо, қомати баланду лабханди ширини қиблагоҳамон маҳрумем. Мо эркаи хонавода набудем ва боре як сухани падару модарро ду накардаем. Меҳнати хонаводагии мо ҷомаи тӯёнадӯзиву тоқии мардонаро шинонидан буд. Яъне дӯхтаҳои гуногуни тоқиро аз занону духтарони ҷойи зистамон модарам мехариданд ва мо тоқиҳоро барои фурӯш омода мекардем. Мо дар хона 8 нафар духтару се нафар писар будем. Кори хонавода тақсим шуда буд ва ҳамаи мо аз пайи масъулияти худ будем. Бибиамон моро сахт дӯст медошт ва бештар дар канори ӯ будем. Намегузошт, ки падару модарамон моро ҷанг кунанд. Ӯ фарзандони зиёдро ба хок додаву танҳо як писару як духтарро ба қавли худаш аз даргоҳи Худо бо ниёишу зораву тавалло аз чанголи марг халос карда ба камол расонида буд. Дар як шаб се фарзанди бибиам бар асари вабои он солҳо, ки бо ном бемории “сурхак” дар тиб маъмул аст, аз олам гузашта буданду фарзандони дигараш аз 3 сола то 10 сола пайиҳам мефавтиданд. Серфарзандии падарам шодии беанҷоми бибиам буд. Модарам баногоҳ моро озор диҳанд, бибиам гиря карда таб мебароварданд ва чанд рӯз чизе намехӯрданд. Гоҳ-гоҳ суханони бибиам ёдам меояд. "Илоҳо он рӯзҳои дидаи ман ба сари ягон кас наояд, келин илоҳо заҳри доғи фарзандро начаш, ман дидам ту набен ва назди ман ягонтои инҳоро озор мадеҳу ҷигари маро реш макун."   Чӣ қадар вазнин аст таҳаммули ҷудоӣ аз наздикону пайвандони меҳрубон.

- Аз замони мактабхонӣ чӣ хотираҳо доред?

-  Ман мактаби миёнаи рақами 36-и ба номи А.С. Пушкинро то синфи 7 хонда пас аз кӯч бастанамон таҳсилро дар мактаби рақами 20 идома додаам. Мактаби пешинаам мактаби кӯҳна буд ва баъди омадан ба мактаби нави замонавӣ барномаҳову маҳфилҳо ва хонишҳои иловагиро пайгирӣ мекардам. Муҳаррири нашрияи девории мактаб будам. Дар ёдам ҳаст, ки директори мактабамон, Саврӣ Бердишукурова барои баргузории маҳфилҳову чорабиниҳои фарҳангӣ серталаб буданд. Ман барои анҷоми ин корҳо ба қавли модарам устухон надоштам. Бо ҳамсафонам Мунира Ҳамдамова, (имрӯз пизишки амрози занона) Азиза Сармисоқова, (омӯзгори забони русӣ) дугонаи азизам шодравон Шарифа Абдуғаффорова (педиатор – духтури кӯдакон) ва Барно Муҳаммадиева (имрӯз духтури асабшинос) бо майли том барои баргузории маҳфилу озмунҳо камар мебастем. Аз баргузории чорабиниҳо директори мактабамон гул-гул мешукуфтанд. Он солҳо саҳнаеро дар мактаб ба намоиш гузошта будам, ки “Ғазаби Қиличбек” унвон дошт. Мазмуни саҳна ин буд, ки Қиличбек духтарашро ба яке аз дӯстони босмачиаш номзад карда, ба ӯ дигар иҷозат намедиҳад, ки мактаб равад...

Хотираҳои овони мактабхонӣ басо зебову гуфтанӣ ва оҳанги таассуф ҳам дорад, зеро бештарашон тарки ин олами фонӣ кардаву ба олами бақо пайвастаанд.

- Чӣ тавр ба донишгоҳ дохил шудед ва чаро маҳз ихтисоси молшиносиро интихоб кардед?

- Хуб кардам, лоақал ин ихтисосро, ки моҳияташ чисту масъулияташ чист намедонистам, интихоб кардам. Барои чӣ ба шаҳри Тошканд ҳуҷҷатҳоямро супоридам? Зеро, маро ҳам мисли духтари Қиличбек падару модарам бо вуҷуди дониши хуб доштанам иҷозати таҳсил надоданд. Дар хонаамон духтарон паси якдигар калон шуда меомаданд ва хостгорони меомадаро модарам рад карда наметавонистанд. Навбати ман расида буду ба гиряву зориҳоям касе гӯш намедод. Арӯси акаам аз ноҳияи Ховоси вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон буду ман ҳамроҳи арӯсамон барои меҳмонӣ рафта будам. Куҷое ки равам ҳамроҳам ҳуҷҷатҳои барои идомаи таҳсил омодакардаам ҳамроҳам буд. Модару падарам медонистанд, ки дохили халтачаам ҳуҷҷатҳои зарурӣ доштам ва намедонистанд, ки ман тарҳи роҳи таҳсилро дар зеҳнам ҷой додаам. Вақте назди хонаи арӯсамон духтарони зиёд ҷамъ омада барои дохил шудан ба техникуми савдои шаҳри Тошканд омодагӣ медиданд, зуд ба сӯҳбаташон ҳамроҳ шуда "маро низ ҳамроҳатон мебаред?" гуфтам... Ҳамин тавр, ҳамроҳи духтарони хешовандону ҳамсояҳои келинамон озими шаҳри Тошканд шудам. Чанд рӯз то имтиҳон омодагӣ дидем ва аз имтиҳони хаттӣ баҳои 4 гирифтам. Аммо аз ӯҳдаи иҷрои реаксияҳои химиявӣ ва навиштани формулаҳои химиявӣ, ки бояд бо забони ӯзбекӣ фаҳмонам баромада натавонистам. Устоди мо самарқандӣ буданд ва иҷоза доданд, ки бо забони тоҷикӣ фаҳмонам. Вақте баҳо мегузоштанд наздашон омада: - Устод ман аз хона бе иҷозати падару модар омадаам. Оё дохил мешавам?,- гӯён пурсидам, Устод сарашонро аз дафтари қайди баҳоҳо бардошта сӯям нигоҳ карданду "майлӣ, майлӣ, ҳали шунақа денг" – гуфта, чӣ ишораеро рӯи дафтари қайд гузоштанд. То саҳар миёни духтарони бегонаи ӯзбек монда, маро хоб намебурд. Бо тарсу бо ҳарос саҳар ҳамроҳи духтарон ҷониби имтиҳонгоҳ шуда, тозон назди тахтаи эълонҳо, ки рӯйхати дохилшавандагонро насб карда буданд, чашм давондам. Номи худро дарёфта дод задам, ки аз имтиҳон гузаштаам. Аммо маро тарс дар пеш буд, ки  чӣ гуна ба падару модарам мефаҳмонам. Баъдан ҳамроҳи арӯсамон ба хона баргаштаму баъди гузаштани чанд соат келинамон оҳиста аз донишҷӯ шуданам модарамро хабардор кард.

 - Сабаби маҳз дар шаҳри Истаравшан таъсис ёфтани Фарҳангсаройи ориёӣ дар чист?

- Ин кори қисмат ва оғози таҷлили 2500 солагии шаҳри қадимаи Истаравшан аст. Баъди созишномаи истиқрори сулҳ ва хомӯш гаштани оташи ҷанги шаҳрвандӣ бо ибтикори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон фармони таҷлили ҷашни 2500-солагии шаҳри Истаравшан ба тасвиб расид. Ҳадаф ин буд, ки форсизабонони бурунмарзӣ ва меҳмонони аз хориҷа даъватшуда ба фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати қадимаи тоҷик ошно гарданд. Омадану дидани кишвари озоду обод ва сулҳҷӯ будани мардуми тоҷикро бо чашмони худ дида, ба Президенти хирадманду хирадсолор ва сиёсатмадори арсаи ҷаҳонии мо аҳсанҳо мехонданд, ки  миллату Ватанро аз вартаи фалокату нобудшавӣ эмин дошт.

Бунёди ин маркази фарҳангӣ, ки ба нону намаки тоҷикон арҷгузорӣ намуда, хоки муқаддаси қалъаи таърихии Муғро, ки аз тамаддуни қадимии мо дарак медиҳад, азизу гиромӣ дошта, форсизабонони муқими Аврупо бо сарварии Раиси Анҷумани "Мероси ниёгон" тасмим гирифтанд марказе бунёд кунанд. 

Ин марказ як макони сухани дил аст. 

- Дар ҷомеаи имрӯзаи мо ки ҷаҳонишавӣ таъсири бевосита дорад, то имрӯз кадом нишонаҳои фарҳанги ориёӣ ҳифз шудаанд? 

- Таҷлили Наврӯз таҷассумгари рӯшани олии фарҳанги ориёист, ки дар он ва таркиби он тамоми хислату рафтору кирдор ва пиндори некро дар худ инъикос мекунад. Ҳамин кофист, ки барои ба тафаккури ҷомеаи башар тарбияи равонӣ, аз қабили меҳрварзӣ, садоқат, эҳтироми калонсолон, мурувват, саховат, дасти фитодаеро гирифтан, бунёдкорӣ, заҳматписандӣ додааст.

- Шумо ки шоири соҳибмактабед, дар шеърҳоятон унсурҳои фарҳанги ориёӣ чи гуна инъикос меёбанд?

 - Шоир озод аст ва унсурҳои мардумпарвариву хислату хусусияти неки инсониро дар нигоштаҳояш тараннум мекунад, ки ин мероси бойи ниёгонамон буду ҳаст.

- Се ҳикмати бузурге, ки дар 60  соли ҳаёти худ бардоштаед, каме шарҳ медодед?

1. Ғофил машав зи марг, ки ба чашми аҳли ҳуш, 

Мӯи сафед ришта ба ангушт бастан аст...

(А. Бедил)

2. Роҳбари ҷонат дар ин торик ҷой,

 Ҷавҳари илм асту илмат ҷонфизой. 

(Ф. Аттор)

3. Бирав аз хонаи гардун бираву нон маталаб,

К-ин сияҳкоса дар охир бикушад меҳмонро.

(Ҳофиз)

- Ташаккури зиёд барои суҳбати неку самимиятон!

- Саломат бошед!


Муҳриддин Сабурӣ: “Хеле аз шоирони ҷавони мо дар сояи шеъри Лоиқу Бозор хуфтаанд”



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед