Ru  | Tj
Равоншиносии бадан чист ва дар сарнавишти инсон чӣ нақш дорад? Амина Осимӣ нақл кард
Равоншиносии бадан чист ва дар сарнавишти инсон чӣ нақш дорад? Амина Осимӣ нақл кард
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Равоншиносии бадан чист ва дар сарнавишти инсон чӣ нақш дорад? Амина Осимӣ нақл кард

Нашр шуд

Кори равоншинохтӣ ва маънавӣ рӯйи худ, кор бо тафаккур, тағйири нигаришҳо ва эътиқод аз ҷумлаи мавзуъоти мубрами рӯз ҳастанд. Равондармонӣ шохаҳои зиёде дорад, ки яке аз онҳо тариқи созиш бо бадан кор мекунад. Амина Осимӣ, равоншинос ва ботиншинос дар мавриди равоншиносии бадан, вижагиҳои он ва мубрамияти он дар Тоҷикистон суҳбат кард.


Бояд гуфт, ки Амина се сол аст, ки ба равоншиносии бадан машғул аст. Илова бар ин ӯ раиси маҳфили занон аст, ки моҳи октябри соли 2022 фаъол шуд.

ДАРМОНИ БАДАНМЕҲВАР ЧИСТ ВА КОРБУРДИ ОН ЧӢ ГУНА АСТ?

- Равоншиносии бадан чист? Он аз равоншиносии маъмулӣ чӣ тафовуте дорад?

- Равоншиносии бадан шохае аз равоншиносӣ аст, ки бо дархостҳо, осебҳо, равонранҷуриҳои афрод тавассути бадан кор мекунад. Як фард тамоми эҳсосот, стресс, тарсу ҳарос ва хурсандиро дар сатҳи бадани худ таҷриба мекунад ва метавон муддати тӯлонӣ сари худро кор фармуд, аммо маҳз равоншиносии бадан аст, ки кумак мерасонад, то ба зудӣ ба худогоҳии худ бирасед, мушкилотро аз тариқи он ҳал кунед ва фардро ба сатҳи ҷадиди зиндагӣ бароред.

- Сеанси аввалин чӣ тавр мегузарад?

- Дар сеанси аввал ҳама чиз бо як муколамаи оғоз мегардад. Барои ман муҳим аст, ки бифаҳмам, ки оё дархости муштариро ҳал карда метавонам, ӯ низ дар навбати худ бо ман эҳсоси роҳатӣ мекунад. Вақте ки дархост шакл мегирад, бо кумаки тамринҳои хосе муколамаро бар асоси эҳсосоти мавҷуд дар бадан анҷом медиҳем. Бо гирифтани як эҳсоси манфии қавӣ иллати аслии онро пайдо карда, аз бадан “берун” мекунем. Ҳамин тариқ, метавон аллакай дар сеанси аввал ба натиҷаи дилхоҳ расид.

- Равоншиносии бадан барои чӣ касоне муфид аст?

- Ман фақат бо занон кор мекунам, аммо равоншиносии бадан барои ҳама муфид аст: кӯдакон, калонсолон, мардон ва занон. Равоншиносии бадан на танҳо мушкилоти руҳӣ ва равониро ҳал мекунад, балки ба аҳвол, саломатӣ ва зебоии бадан таъсиргузор мебошад. Ҳатто агар фард ниёзе ба ҳалли масоили даруни худ эҳсос накунад, метавонад аз тамриноти бадан ба унвони беҳбуди саломатӣ ва кайфияти зиндагӣ истифода кунад. Масалан, бисёре аз афроди машҳури ҷаҳон ва тоҷирони муваффақ ба таври давомдор бо тамриноти бадан машғул ҳастанд.

- Оё байни равоншиносии бадан ва оромандешӣ (медитатсия) умумияте вуҷуд дорад?

- Бале. Мо зеҳнро ором сохта, ба жарфи зеҳни нохудогоҳ фурӯ меравем. Равиши ба ном "изтирори бадан" вуҷуд дорад, ки дар он фард пурра ба худ фурӯ меравад ва пас аз усули муайян аз ин ҳолат комилан орому сабук мебарояд.

- Дар равоншиносии бадан аз кадом равишҳо истифода мекунед?

- Қаблан ба равиши «изтирори бадан» ишора кардам, зеро он маҳбубтарин ва созандатарин ба ҳисоб меравад. Инчунин, вобаста ба дархост як қатор тамринҳои бадан, аз ҷумла чизе байни йога, машқҳои нафаскашӣ ва оромандеширо интихоб мекунам. Он чизе, ки рӯҳ, зеҳн ва ҷисмро шакл медиҳад. Инчунин аз равиши муколамаи классикӣ истифода мекунам.

- Кадом узвҳои бадан барои чӣ масъуланд?

- Дар маҷмуъ дар бадан ҳафт банд мавҷуд аст, ки равоншиноси бадан аз тариқи онҳо кор мекунад: чашм, ҷоғу ҳалқ, гардан, қафаси сина, диафрагма, шикам ва коси хурд. Ин намунаи ҷолиби бандҳои бадан аст. Агар банди қафаси сина баста шуда бошад, пас ҳеч робитае бо шарик вуҷуд надорад ё бо мушкилоти зиёд метавон дучор шуд. Маҳкам будани банди гардан ба он оварда мерасонад, ки ҳама корҳои инсон дар сатҳи орзу боқӣ мемонанд. Банди пӯшидаи устухони кос бошад набуди пул ва рушди касбӣ аст. Ҳамаи ин имконпазир аст ва бояд ҳал карда шавад.

- Равоншиносии бадан дар айни замон дар миёни тоҷикон то чӣ андоза талабот дорад? Арзиши чунин сеанс чанд сомонӣ аст?

- Ман ба Тоҷикистон ба наздикӣ омадам, аммо инҷо ватани ман аст ва орзуи бузурги ман густариши фарҳанги равоншиносӣ дар кишварамон мебошад. Дар айни замон бисёриҳо майл доранд, аммо аз рафтан ба назди равоншинос меҳаросанд. Дар байни чунин одамон ақидае вуҷуд дорад, ки «танҳо одами бемор метавонад ба назди равоншинос равад». Онҳо тафовути байни равоншинос ва духтури бемориҳои рӯҳиро намедонанд. Мо бо одамони аз ҷиҳати равонӣ солим кор мекунем, ки мехоҳанд зиндагии худро беҳтар кунанд ва хушбахт бошанд. Ба ҳисоби миёна, чунин як сеанс барои ҳамкасбони ман аз Русия 5-10 ҳазор рубл нарх дорад. Аммо ҳадафи ман алъон касби даромад нест, балки шиносоии ҷамъият бо аҳамияти кор рӯйи худ мебошад. Аз ин рӯ нархи хидматрасонии ман комилан рамзӣ аст.

- Дар мавриди бархе аз тамриноти бадане, ки метавон ба танҳоӣ ва бе кумаки мутахассис истифода кард, нақл мекардед.

- Мо аксари вақт дар назди дастгоҳҳои техникӣ менишинем, аз ин рӯ дар чашмон эҳсоси хастагӣ ва дардро эҳсос мекунем. Ин тамрин ба чашмҳо барои оромишу барқароршавӣ кумак ва қисмати чашм ва ҷароҳатҳои дохилии бо он алоқамандро коркард мекунад. Бояд вазъиятеро тасаввур кард, ки шумо намехостед бибинед, ки чӣ рӯй дода истодааст, шояд онҳо намехостанд муносибати номақбулро нисбат ба шумо ё оилаатон эътироф кунанд. Ин тасвирро бо тамоми ҷузъиёташ дар пеши назаратон оред ва сипас чашмонатонро то як дарди сабук пӯшонед. Замоне ки эҳсоси омодагӣ кардед, чашмонатонро ба шиддат боз кунед ва ба худ бигӯед: "Ман диданро интихоб мекунам". Ин корро барои се давра иҷро кунед. Чунин тамрин барои беҳбуди биноӣ мусоидат мекунад.

ПАЙРОҲАИ АМИНА

- Шуғли худро аз чӣ оғоз кардед?

- Ман 8-сола будам, ки волидонам филми "Асрор" (“Секрет”)-ро хариданд ва маҳз бо шарофати он бо қудрати фикр ошноӣ пайдо кардам. Дар 12-солагӣ барои аввалин бор оромандешӣ (медитатсия)-ро тамрин кардам. Дар 14-солагӣ дар бораи нерӯи занона ва чигунагии таъсири вазъияти дарунӣ ба ҳаётро дарёфтам. Дар 18-солагӣ ба донишгоҳи тиббӣ дохил шудам, вале фаҳмидам, ки ин ҷодаи ман нест ва ба донишкадаи равоншиносӣ интиқол гирифтам. Албатта, аз сабаби осеби рӯҳии худ ба равоншиносӣ шавқ пайдо кардам. Падару модарам дар синни 12-солагиам аз ҳам ҷудо шуданд. Модарам бисёр заҳмат мекашид ва тамоми рӯзгорро ман пеш мебурдам. Ман чунон кӯшиш мекардам, ки дар ҳама чиз комил бошам, то он муҳаббатеро, ки барои худ эҳсос намекардам, ҳис кунам. Дар синфҳои 6-7 аз сабаби фишори баланд маро чанд бор аз мактаб бо худрави ёрии таъҷилӣ ба хона бурданд. Ва ин танҳо нуқтаи авҷи воқеъот буд, ки ман худам бо як равоншинос кор кардаам.


Чӣ тавр ба омӯзиши тамрини бадан пардохтед? Чаро маҳз онро интихоб кардед?

- Бо амри тасодуф. Ман бисёр роҳнамоиҳоро рўйи худам таҷриба кардам. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ коршиноси равоншиносии баданро дучор шудам. Нахуст худ аз табобат гузашта, дар як муддати кӯтоҳ натиҷаҳои хубро ба даст овардаму баъдан ба омӯзиш шуруъ кардам. Аз натиҷаи он гувоҳиномаи Русияро барои пешбурди чунин фаъолият дастрас намудам.

- Дар мавриди шуғли иловагитон нақл мекаардед.

- Ҳамакнун дар ҳоли дарёфти дипломи  байналмилалии MBA дар заминаи равоншиносии бадан ҳастам. Ҳамчунин яке аз аввалин касоне будам, ки маҳфилҳои занонро роҳандозї кард. Инҳо маҳфилҳои ҳузурие мебошанд, ки дар он занони зебо тамринҳои нерӯафзоӣ ва оромандешӣ (медитатсия)-ро анҷом медиҳанд. Ҳамзамон, як маҳфили занон ва вебнавишт (блог)-и худро дар Instagram пеш мебарам. Дар вебнавишт ман маълумоти зиёдеро гузошта, ангеза ва эътимод ба худро талқин мекунам. Ба одамон, бавижа занони зебо кумак мерасонам, то рўйи худ кор кунанд ва барои рушди худ саҳмгузорӣ намоянд, Инчунин натиҷаҳои олӣ ва таѓйироти мусбатро ба даст оранд. Худ оиладор ва соҳиби ду гурба ҳастам. Дӯст дорам сафар кунам, наққошӣ мекунам, ором меандешам, бисёр мехонам (бештар аз адабиёти ҳирфаӣ), оромандешӣ ва тамринҳои шахсиамро эҷод мекунам.

- Медонем, ки шумо роҳбари маҳфили занон ҳастед. Бигӯед, ки ин идея чӣ гуна ба саратон омад?

– Тасмим гирифтам ҷомеае аз занони қавӣ ва огоҳ бисозам. Ҳар духтар бо дархостҳои гуногун, аз ҷумла робита, молия, зебоӣ, эътимод ба нафс ба маҳфили маҷозӣ мепайванд. Ман ба мизоҷонам донишу тамринҳое медиҳам, ки на танҳо дархостҳоро ҳал мекунанд, балки тафаккуру зиндагии онҳоро ба таври куллӣ тағйир медиҳанд. Дар айни замон моҳи дуюми тамрин ба поён мерасад. Мо нақши қадимаи занонро омӯхта онро ҷорӣ кардем, ки ҳар яки онҳо тарафи қавии худро ёфта, аз истифодаи нуқоти заифи он ёд гирифтанд. Ҳадафи аслии ин омӯзиши моҳона ин аст, ки тавоноии расидан ба ҳар қулла ва дар ин ҳол як зани маҳбуб ва ҷазоб боқӣ монданро нишон медиҳад.

- Буд ҳолате, ки равошиносии бадан ба худи шумо кумак карда бошад?

- Бале. Баъд аз тарки Донишгоҳи тиб дучори афсурдагии шадид шудам. Пул дарнамеёфтам, ба худ нафрат доштам, метарсидам, ки иштибоҳ кардам, бо касе иртиботе надоштам, хеле хашмгин будам, зуд-зуд бемор мешудам. Ва як рӯз тасмим гирифтам, ки дигар ранҷ накашам. Тавассути равоншиносии бадан табобатро оғоз кардам. Дар охири моҳи аввал аз ҳолати афсурдагӣ баромадам, каме пул дарёфт кардам, бо шавҳарам шинос шудам ва ҳатто зоҳиран хеле тағйир ёфтам. Инчунин баъзе бемориҳои музмини хешро худ дармон кардаам.


- Оё дар кори худ бо ҳолатҳои манфӣ дучор шудаед?

- Агар дар мавриди муштариён суҳбат кунем, боре ҳодисае рух дода буд. Он замон муқими Русия будам. Зани тахминан 35-солае дар ҷараёни суҳбат алфози қабеҳ ба кор мебурд, вале нисбати ман не, балки барои ҳаёти шахсияш. Он замон тоза тамринро оғоз карда будам ва чанд рӯз ҳолати равониамро беҳтар мекардам. Агар дар бораи одамон дар умум ҳарф занем, боре ман бо нафрати сахт дучор шудам, ки он то ҳадди имкон беасос буд, ман ҳатто дар бораи он чизе шарҳ надодам. Он шахс танҳо зарбаҳои рӯҳӣ ва шубҳаи бузурги худро рӯйи ман рехт. Дар аввал ман таҷовузро аз сар гузарондам, вале баъд аз самими қалб ба ӯ хушбахтӣ орзу кардам.

- Дар робита ба боварманд набудани мардум ба қудрати нерӯи бадан чӣ гуна муносибат доред?

- Бетарафона. Ҳар кас ҳуқуқ дорад ба он чизе ки мехоҳад бовар кунад. Вақте мехоҳанд назари маро дар мавриди қазоватҳо ва арзишҳоям дигар кунанд, маро хуш намеояд. Ҳар он чизе, ки ман барои мардум талқин мекунам, бо таҷрибаи худам ва чандин бор озмоиш шудааст. Ман ҳама чизро худам месанҷам ва танҳо баъд онро ба кор мебарам.

- Оё қасд доред чизи дигаре азхуд кунед ва тамрин намоед?

- Ман тамоми умр чизҳои нав хоҳам омӯхт. Дар баробари машғулиятҳое, ки зикр кардам, ҳадаф дорам дар риштаи комишшиносӣ, ҳунардармонӣ, рақсдармонӣ, бисёре аз шеваҳои тамрини нафасӣ, равоншиносии тиҷорат ва ғайраҳоро омӯзам. Ҳамчунин мехоҳам ба ҷаҳони йога ва тағзия ворид шавам.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед