
Ризои Баҳромзод: Мо бояд мавқеи иҷтимоии олимонро дар ҷомеа баланд бардорем
Нашр шуд
Мо бо Ризои Баҳромзод, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, хатмкардаи зинаи аспирантураи факултети физикаи ДДМ ба номи М. В. Ломоносов, соҳиби сертификати ”Сарварони сиёсӣ”, ғолиб дар барномаи зеҳнии телевизионии “Интеллект ШОУ”, иштирокчии як қатор конфросҳои дохиливу хориҷӣ, олими ҷавон, ходими пешбари илмии Маркази байналмилалии таҳқиқоти ҳастаии Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ ва яке аз ғолибони озмуни «Next30 – роҳбарони ҷавони Осиёи Марказӣ» доир ба ҳаёти шахсӣ, иқдомҳо, илм, заруриятҳои ба илм машғул шудан, нафъҳои илм ба ҷомеа ва умуман зиндагии як олими ҷавон дар кишвар сӯҳбат намудем, ки инак манзури хонандагони Halva.tj мегардад.
Аз ҳамсоли Истиқлол то квотаи тақдирсоз
- Шумо яке аз ғолибони озмуни “Next30 – роҳбарони ҷавони Осиёи Марказӣ” шудед. Он чӣ гуна ба даст омад?
- Дар бораи ин озмун аз Facebook бохабар шудам. Нахуст, дархост барои иштирок гузоштам. Баъдан, анкета пур кардаму ба чанд савол, ки ҷойи кору таҳсилу нақшаҳои ояндаро фаро мегирифт, ҷавоб навиштам. Марҳилаи аввалро гузашта ва дар марҳилаи дуюм, ки аз Тоҷикистон 20 нафар гузашта будем, ба мо дархост шуд, ки як дақиқагӣ наворе омода карда, дар Instsgram гузорем. Хулоса, рӯзе фаҳмидам, ки яке аз ғолибони ин озмун гардидаам.
- Шумо дар соли ба даст овардани Истиқлолият ба дунё омадаед, ҳамсоли истиқлоли Ватан будан чӣ маъно дорад?
- Барои мо дар соли 1991 ба дунё омадан, аз як тараф бахт аст, зеро дар давлате ба дунё омадаем, ки он нав соҳибихтиёр гашта буд, аз ҷониби дигар бошад масъулияти бузург аст, зеро аввалин насле ҳастем, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлол ба дунё омадему ба воя расидем ва имрӯз нигоҳдошти истиқлол, беҳтар кардани вазъи кишвар ва рушди ҷомеа вазифаи асосии мост.
- Ба назари Шумо чанд фоизи ҳаёти минбаъдаи фарзанд аз волидон вобаста аст. Дар мисоли худатон бигӯед хуб мешавад.
- Ин ҷо як рақами дақиқ гуфтан номумкин аст, вале метавон гуфт, ки нисфи муваффақиятҳои фарзанд аз кӯшишҳои волидон ва дастгириҳои онҳо вобаста асту нисфи дигараш аз заҳмату меҳнат ва илмдӯстии худи ҳар нафар.
- Шумо дар мактаби оддии давлатӣ таҳсил кардаед ва то ин дараҷа расидед, агар дар мактаби махсус мехондед, имрӯз чӣ гуна мебудед?
- Аслан, дар кӯдакӣ орзу доштам, ки дар литсей ё гимназия таҳсил кунам, вале шароити иқтисодии оила имкон намедод. Фикр мекунам, ки агар дар ягон мактаби махсус таҳсил мекардам, ҳоло донишам зиёдтар мебуд, зеро дар ҳақиқат таҳсил дар макотиби махсус хубтар аст. Аммо аз ҷониби дигар, дар мактаби миёнае, ки ман таҳсил кардам шароити бад надошт, муаллимони хуб дошт, ки ба ман донишу малакаи заруриро додаанд.
- Пас аз дарси мактаб чанд соататонро ба хондан сарф мекардед?
- Ростӣ, вақти зиёдамро ба хондан сарф мекардам, вале қисми зиёдаш ба мактаб вобаста набуданд, яъне китобҳои бадеӣ мехондам.
- Шумо мехостед аз аввал дар Москав таҳсил кунед, вале шароити иқтисодиятон имкон намедод, чӣ қадар маблағ даркор буд то ки берун аз кишвар таҳсил кунед?
- Ҳозир аниқ гуфта наметавонам, ки чӣ қадар маблағ даркор буд, вале он вақт имкон надоштам. Аз ҷониби дигар мушкилии равонӣ доштам. Чун дар Москав ягон шиносу хешу табор надоштам ва бачае, ки дар деҳа ба воя расидаасту забони русиро хуб намедонад ва оё дар мактаби олии Москав мегузорад ё не бароиямон як риски калон буд, ки онро ҳамон замон накардем.
- Сабаби асосии давом додани таҳсил дар он шароити доштаатон будани квотаи Президентӣ буд, бигӯед, ки ин хизмати бузургро чӣ гуна баргардонидед ё баргардониданиед?
- Вақте ки инсон бо квота таҳсил мекунад, ӯ масъул аст, ки дар сохтори буҷавии давлат фаъолият намояд. Ман ҳам пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо роҳхат ба Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ омадам. Омаданам ба институт ҷавоби аввал ба ҳамон ғамхорӣ буд. Баъдан, маро аз АМИТ барои таҳсил дар зинаи аспирантура ба Москав фиристоданд ва он ҷо ҳам бо квотаи Президентӣ ва стипендияи “Дурахшандагон” таҳсил кардам. Имрӯз дар Ватан ба фаъолияти илмӣ ва оммавигардонии илм машғулам.
- Пӯшида нест, ки ҳоло қисме аз волидон мехоҳанд фарзандашон духтур ё ҳуқуқшинос шавад, аҳли оилаи Шумо дар бобати касби интихобкардаатон чӣ назар доштанд?
- Ростӣ, дар аввал ман мехостам, журналист ё шарқшинос шавам, вале волидонам мехостанд, ки фанҳои дақиқу техникиро интихоб кунам, зеро модарам муаллимаи математика ва падарам муҳандис-гидротехник буданд ва хуб медонистанд, ки дар оянда ин фанҳо ба ман зиёдтар кӯмак мекунанд.
Аз мавқеи илму олим то ташаккур ба Президент
- Аз журналистон чӣ будани журналистикаро мепурсанду аз иҷтисодчиён чӣ будани иқтисодро, мо, ки дар ин қисмат бо Шумо дар бобати илм сӯҳбат мекунем нахуст бигӯед, ки илм чист?
- Илм раванди ҷамъ овардан, коркард кардан ва таҳлил кардани дониши объективӣ дар бораи олам мебошад. Илм ё ҳодисаҳоро пешгӯӣ мекунад ё раванди онро тавсиф медиҳад ва ё ҳодисаҳои дар гузашта баамаломадаро шарҳ медиҳад.
- Дониши илмӣ чист?
- Донише, ки дар таҷриба санҷида мешавад, мантиқӣ ва такроршаванда аст. Яъне олим агар аз рӯи кадом моддаи кимиёие формула сохтааст, бояд дигарон ҳам онро такрор карда тавонанд, агар натавонанд он ба талаботи кори илмӣ ҷавобгӯ нест.
- Зарурияти ба илм машғул шудани инсон дар чист?
- Пеш аз ҳама кунҷкобӣ. Агар кунҷкобӣ дар инсон набошад, олим шудан бисёр душвор аст. Масалан, барои чӣ барг сабз аст, барф сафед аст, об беранг аст. Дуюм, тарс, яъне тарс аз ҳодисаҳои табиат. Дар гузашта мардум аз ба амал омадани радду барқ метарсиданд ва ҳоло, ки олимон чунин ҳодисаҳоро омӯхтанд, дигар тарс нест. Зарурияти дигар ин истифодаи маҳсули илмӣ дар рӯзгори инсон аст. Масалан, илм намебуд, имрӯз бо ҳавопаймо ба тамоми кунҷи дунё бо сарфи чанд соат вақт сафар карда намешуд.
- Шумо ба кори илмӣ машғулед, бигӯед, ки як олимшаванда бояд дар худ кадом хусусиятҳоро дошта бошад?
- Кунҷкобӣ, қобилияти таҳлил кардан, эқодкорӣ ва бо сабр будан.
- Шумо дар як рӯз чанд соат ба кори илмӣ машғул мешавед?
- Фаълияти эҷодӣ ҳеҷ гоҳ аз сари одам дур намешавад, зеро вақте ки мо хона равем ҳам фикрҳои доштаамон аз сарамон дур намешавад. Яъне дар фаъолити эҷодӣ наметавон гуфт, ки фалон соат кор мекунам.
- Дар фаъолияти илмӣ кадом вақт ноумедӣ ба вуҷуд меояд?
- Баъзе вақт дар кушодани муаммое танқисӣ мекашем ва он гоҳ хоҳу нохоҳ ноумедие пайдо мегардад.
- Муваффақ шудан дар соҳаи илми Шумо осон аст?
- Муваффақ шудан дар соҳаи илм бисёр душвор аст. Якум, маоше, ки як нафар олим мегирад, нисбат ба дигар соҳаҳо кам аст. Дуюм, мушкил будани раванди таҳқиқот аст, махсусан, соҳаи мо. Масалан, як филолог дар бораи эҷодиёти шоире таҳқиқот анҷом медиҳад, шояд дар дигар давлатҳо он шоирро ҳатто нашиносанд, вале вақте ки мо дар бораи ягон ҷирми осмонӣ ё галактика таҳқиқ мекунем, онро тамоми дунё медонад ва мо бояд бо ҳама дар рақобат бошем.
- Тавре медонем, Шумо кори илмиятон аз соли 2013 инҷониб таҳқиқ доред, чаро то ҳол ҳимоя накардаед?
- Мушкилот зиёданд, ният дорам, ки дар чанд моҳи оянда рисолаамро дифоъ кунам.
- Шумо нафаре ҳастед, ки дар суханрониятон дар назди Президенти кишвар озмуни “Илм - фурӯғи маърифат”-ро пешниҳод намудед. Чӣ гуна идеяи ин озмун пайдо шуд ва ҳоло он дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Идея аз озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” пайдо шуд. Мо дидем, ки ин озмун дар ҳақиқат барои китобхону китобдӯст шудани хеле аз мардуми мо такони ҷиддӣ гардид. Аз ин рӯ, ба он назарам, ки озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” низ барои ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷавонон ба илм мусоидат карда метавонад. Ҳоло даври ноҳиявиву вилоятии озмун гузашт.
- Шумо дар раванди озмун ширкат доштед?
- Бале, дар раванди озмун иштироки бевосита доштам. Дар даври вилоятии озмун дар вилояти Суғд роҳбари ҳакамони бахши физика ва астрономия будам.
- Ба муаллифи идея ба ҷузъ савоб чӣ расид?
- Фикр намекунам, ки идея додан қаҳрамонӣ бошад. Балки ин ҷо ман ба Президенти кишвар ва масъулине, ки барои таҳияиву ташкили ин озмун мусоидат карданд, ташаккури зиёд изҳор менамоям. Ман бошам аз ин озмун ҳурмат, эҳтиром ва шиносони зиёд пайдо кардам.
Чанд саволи пароканда
- Ҳоло наврасону ҷавонони мо барои худ ҳамчун идеал блогерону ҳунармандону овозхонҳоро интихоб мекунанд, чӣ бояд кард то дар ин баробар онҳо олимони соҳаҳои гуногунро ҳам пайравӣ кунанду дӯст доранд?
- Мо бояд мавқеи иҷтимоии олимонро дар ҷомеа баланд бардорем. Онҳоро тарғиб кунем, дастгирӣ кунем, ҳамон тавре ки ҳастанд ба ҷомеа нишон диҳем ва аз пушти абрҳои сиёҳ раҳо намоем.
- Киро метавон ҷавони муваффақ гуфт?
- Ҷавоне, ки дар соҳаи худаш аллакай дар ҷомеа шинохта шудааст.
- Чӣ гуна истироҳат мекунед?
- Мо имконият надорем, ки барои истироҳат кардан ба ягон ҷазира равем, бештар бо фарзандонам ба боғҳо меравам ва расм мекашам.
- Шумо расм ҳам мекашед?
- Бале, шуғли дӯстдоштаам расмкашӣ аст ва ман расмҳоямро дар Facebook ва Instagram мегузорам.
- Ин шуғлатон чӣ гуна пайдо шуд?
- Вақте ки дар синфи 3-юм мехондам муаллимаи расм тасвиреро доданд, вале ман онро кашида натавонистам. Аз ҳамон вақт дар варақҳои кӯҳнаву истифодашуда расм мекашидам. Дар давраи донишҷӯиву аспирантӣ ба рассомӣ ҷиддитар машғул шуда ва то андозае аз интернет нозукиҳои ин пешаро омӯхтам.
- Facebook, Instagram ва YouTube доред, ин се шабака ба Шумо чӣ медиҳанд?
- Ба ман ин шабакаҳо барои тарғиби илм, ибрози андшаҳо ва мутолиаи матлабҳои дигар хизмат мекунанд.
- Оила барои ба илм машғул шудан кӯмак мерасонад ё халал?
- Ё ҳарду.
- Хоҳиш ё нақшаи навиштани китоби илмие доштед, ки дар миёни мардум машҳуру хонданӣ гардад, ҳамонро навиштед?
- Не, ҳоло. Одатан, инсонҳо 40-50 сол заҳмат мекашанд баъд чунин китоб менависанд.
- Аз оне ки солҳои ҷавониятонро ба илм бахшидед, пушаймон нестед?
- Не, пушаймон нестам, вале агар аз сари нав донишҷӯ мешудам, шояд соҳаи дигарро интихоб мекардам.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед