Ru  | Tj
Сӯҳбат дар атрофи китоби “Худоё, худро бишносам”-и Расул Ҳодизода
Сӯҳбат дар атрофи китоби “Худоё, худро бишносам”-и Расул Ҳодизода
Аксҳо: Halva.tj

Сӯҳбат дар атрофи китоби “Худоё, худро бишносам”-и Расул Ҳодизода

Нашр шуд

Мусоҳибаи профессор Иброҳим Усмонов бо Фаридун Ҳодизода, коршинос, номзади илмҳои филологӣ, фарзанди адабиётшинос, мунаққид, нависанда, тарҷумон - Расул Ҳодизода атрофи китоби “Худоё, худро бишносам”-и донишманд Расул Ҳодизода.

И. Усмонов: - Падари бузургвори Шумо дар таърихи илм ва адабиёти тоҷик нақши бузург доранд. Мардум муаллимро ҳамчун олим, адиб ва аҳли зиё сахт эҳтиром мекунанд. Аммо насли ҷавон на ҳама аз зиндагиашон огоҳии пурра доранд. Аз ин лиҳоз, хуб мешуд мухтасари зиндагиномаашонро мегуфтед.

Ф. Ҳодизода: - Ба ҷону дил. Санаҳои муҳимми зиндагии падарам инҳоянд: Омӯзишгоҳи педагогии Самарқанд (1940), Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1944) ва факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ӯзбакистонро (1950) хатм кардаанд. Гӯянда, муҳаррири шӯъбаи тоҷикии Радио (1945—1950), мудири шӯъбаи адабиёт ва маданияти рӯзномаи тоҷикии «Ӯзбекистони Сурх» (1950—1954), (минбаъд- «Ҳақиқати Ӯзбекистон», ҳоло — «Овози тоҷик»), аспиранти филиали Тоҷикистонии АИ ИҶШС (1950—1953) буданд. Рисолаи номзадиашонро дар мавзӯи «Маъхазҳои омӯзиши адабиёти тоҷик дар нимаи дуввуми асри XIX» дар Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (1954) ва рисолаи докториро дар мавзӯи «Аҳмади Дониш ва адабиёти маорифпарварии тоҷик» дар Шӯрои илмии Институти шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон дифоъ кардаанд (1967). Ходими калони илмии АИ ҶШС Тоҷикистон (1954—1960), мудири шӯъбаи таърихи адабиёти Институти шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон (1960—1993) буданд. Аз соли 1993 — корманди пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон шуда кор кардаанд. Падарам, 4 –уми апрели соли 2010 дар Душанбе аз олам даргузаштаанд.

И. Усмонов: - Имрӯз ману Шумо ният дорем, ки як шахсияти бузурги фарҳанги мо, яке аз бунёдгузорони фарҳанги навини тоҷик - профессор Расул Ҳодизодаро ёд кунем.

Падари Шумо на танҳо дар илм, балки дар адабиёт, яъне дар эҷоди бадеӣ ҳам устоди бисёр барҷаста буданд. Муаллим, на танҳо адабиёти асри XIX ва XX – и тоҷикро, балки адабиёти классикии моро низ таҳқиқ кардаанд. Расул Ҳодизода бунёдгузори Фонди “Рӯдакӣ” ҳам ҳастанд. Муаллим, дар нишон додани симоҳои адабиёти барҷастаи мо, аз ҷумла Аҳмади Дониш дар қолаби бадеие, ки романи таърихиро бештар ба ёд меорад, нақши барҷастае доштанд.

Имрӯз мехостам бо назардошти ин ҳама фаъолияташон дар бораи фақат як китоби муаллим - «Худоё, худро бишносам” сӯҳбат кунем. Зеро ин китоб равияи устод Айниро дар ёддоштнависӣ дар шакли хоси ба муаллим мутааллуқдошта давом медиҳад. Албатта, ин монанди китоби устод Садриддин Айнӣ бо тафсилоту ҷузъиёти бисёре нест. Яъне устод Айнӣ тамоман шакли дигари навиштан доштанду муаллим Расул Ҳодизода дигар. Дар асари “Ходоё, худро бишносам” воқеаҳои хосу бисёр барҷаста ва шахсиятҳои хосе, ки дар сарнавишт ва умуман зиндагиашон нақш доштанд, нақл кардаанд. Ва инак, аз Шумо пурсиданиям, ки таърихи пайдоиши ин китобро ба мардум чӣ гуна шиносонидан ва фаҳмонидан мехоҳед?

Ф. Ҳодизода: - Бисёр ташаккур, ки аз падари бузургворам ёд кардед. Ба фикри ман китоби «Худоё, худро бишносам” яке аз шоҳасарҳои падарам ба ҳисоб меравад ва яқин медонам, ки ин китоб дар таърих мемонад. Чунки ин китоби беҳамто аст. Падарам бисёр афсӯс мехӯрданд, ки симоҳои барҷастаи адабиёти мо - Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ ва дигарон ёддоштҳои худро нанавиштаанд. Гуфтан мумкин аст, ки агар домулло Айнӣ соли таваллудашон 1878 бошад, он нависандагоне, ки соли 1905 яъне насли дигари нависандагон мисли М. Турсунзода ва дигарон буда, онҳо ёддоштҳояшонро нанавиштанд. Соли таваллуди падарам 1928 аст, яъне гуфтан мумкин аст, ки домулло Айнӣ тақрибан 50-сола буданд, вақте ки падарам ба дунё омаданд. Тақрибан аз соли 1905 то рӯзи таваллуди падарам 23 - сол ба истилоҳ “лакуна” ба миён омад. Мутаассифона, “лакуна”-ро ҳеҷ кас пурра накард ва падарам бисёр метарсиданд, он хотироте, ки он кас доштанд дигар бо эшон меравад, мисли М. Турсунзода, С. Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Ҷалол Икромӣ ва дигарон.

И. Усмонов: - Фаридун, ман ин ҷо ба ин масъала андак равшанӣ андохтан мехоҳам. Воқеан, ҳақиқати халқи тоҷик аз соли 1905 то охири солҳои 20-и асри XX ба ёддоштҳои адабӣ дохил нашудааст. Гарчӣ С. Улуғзода, Р. Ҳошим, М. Миршакар, Ҷ. Икромӣ китобҳои ёддоштӣ доранд, аммо асарҳои онҳо воқеияти умумӣ набуда, хусусияти шахсӣ доранд. Тарси Расул Ҳодизода ин буд, ки замон ногуфта мемонад.

Ф. Ҳодизода: - Бале, ҳамин тавр. Бисёр метарсиданд, ки эшон ин китобро навишта наметавонанд. Чунки фикри навиштани ин китоб охири солҳои 2000-ум ва аввалҳои соли 2001-ум ба миён омада буд. Бисёр андеша мекарданд, ки композитсияи китобро чӣ гуна созанд. Дар робита ба ин, чандин асарҳо ва хотираҳои дигар нависандагонро хонда буданд. Ва он чизе, ки ба падарам бештар таъсир кард, ин асари Рокуэлл Кент буд ва агар диққат диҳад услуби навишти китоби «Худоё, худро бишносам” ба услуби асари ин нависандаи амрикоӣ бо номи “Это я, Господи!” монанд аст. Падарам аз ҳамон асар илҳом гирифта, ба он пайравӣ карданд. Рокуэлл Кент яке аз беҳтарин рассомони дунё ба ҳисоб меравад.

Аввал номи китобро интихоб карданд. Пеш аз он, ки навиштани китобро шурӯъ кунанд, ба як бемории баде гирифтор шуданд. Духтурон муайян карданд, ки бисёр бемории сахт аст, аз ин рӯ ҷарроҳӣ кардан лозим. Ҳамин тавр, падарамро ҷарроҳӣ карданд ва ҷарроҳӣ хело хуб гузашт. Пеш аз он ки падарам ба беморхона раванд ду рӯзи охир нишаста, проспекти китобро тартиб доданд. Падарам баъди навиштани ин асар худро хушбахт меҳисобиданд.

20- уми август падарам ҷарроҳӣ шуданд, тахминан баъди шаш моҳи ҷарроҳӣ оҳиста – оҳиста ба навиштани китоб шурӯъ карданд. Аввал корашонро дар мошинка шурӯъ намуданд. Ҳама вақт бо мошинка кор мекарданд, дастнавис надоштанд. Баъдтар дар синни 76- солагӣ дар компютер навиштанро низ аз худ карданд. Дар пешгуфтори китобашон эшон гуфтанд, ки мехостам бо навиштани ёддошт хостаи Фотеҳ Ниёзӣ, Ҷ. Икромӣ, Сотим Улуғзода ва дигаронро бароварда кунам.

Мегуфтанд, аз охири солҳои сиюм на ҳама воқеаҳо дар хотирашон ҳаст. Масалан, мактабҳои аввалини тоҷик кам-кам дар ёдашон боқӣ монда буд. Аммо аз 12- солагиашон ҳама чизи ба чашм дидаашон дар хотирашон пурра буд ва аз ин рӯ, ба навиштани асар шуруъ карданд. Падарам мегуфтанд, ки ин китоб, на танҳо дар бораи худам, балки бештар дар бораи шоирон, нависандагон, инсонҳои хуб, ҳамсояҳо, амакҳо ва дигарон, ки бо онҳо вохӯрдаанд, навишта шудааст. Яке аз хусусиятҳои муҳимми эҷодии падарам дар ин китоб ин аст, ки эшон бештар рафтору кирдори ҳар як инсонро нишон додаанд. Дар ин китоб портретҳои домулло Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Шавкатҷон Ниёзӣ ва дигарон бисёр зебо оварда шудааст.

И. Усмонов: - Муаллим Ҳодизода дастпарвари Университети Осиёи Миёна дар Тошканд ҳастанд. Дар сӯҳбатҳояшон ба Шумо, ба фарзандон, аз ҷумла дар ин китоб ҳам, дар бораи муҳити тоҷиконаи Университети Тошканд чизе мегуфтанд ё не?

Ф. Ҳодизода: - Ҳа албатта, муаллим ба муҳити тоҷикона афтоданд. Аммо вақте ки ба Тошканд омаданд, эшонро ҳеҷ кас намешинохт. Падарам дар ибтидо дар вақти донишҷӯиашон бисёр азоб кашидаанд.

Ҳамин тавр, дар вақти донишҷӯӣ падарам дар радиои Ӯзбекистон ба ҳайси наттоқи бахши тоҷикӣ ба кор шуруъ мекунанд. Хабари ғалабаро бар фашизм дар соли 1945 падарам аз радиои ӯзбекӣ бо забони тоҷикӣ хондаанд. Баъд аз ин эшон мудири шӯъбаи адабиёти бадеии адабӣ таъин гардиданд. Дар он вақтҳо ҳама чиз мустақим буд.

Дар он ҷо театри “Ҳамза” вуҷуд дошт, ки он бо забони ӯзбекӣ буд, аммо аксарияти ҳунарпешаҳои театр тоҷикзабонон, тоҷикҳо ва яҳудиҳо буданд. Тариқи радио дуто пийесаи падарам шунавонида шуд. Он замон радиои тоҷикро шахси якуми Ӯзбекистон низ гӯш мекардааст. Аз рӯи нақли падарам он замон Усмон Юсупов, яъне котиби якуми КМ ҲК Ӯзбекистон шахсан ба падарам чанд маротиба барои таҳияи барномаашон дар бораи шоирони классикии тоҷик, ташаккур баён кардааст. Яъне барномаи падарамро дастгирӣ мекардааст.

И. Усмонов: - Фаридун солҳои 40- ум вақте ки муаллим дар Тошканд мехонданд, яке аз сиёсатҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Бобоҷон Ғафуров пеш гирифта буд, ба Тоҷикистон баргардонидани тоҷиконе ба ҳисоб мерафт, ки дар Ӯзбекистон кор мекарданд. Масалан, Султон Умаров, шашмақомхонҳо ва дигарон аз зумраи онҳо буданд. Муаллим аз ин раванд ба Шумо чизе гуфта буданд?

- Падарам дар ин маврид бисёр чизҳоро нақл карда буданд. Масалан, дар бораи Фазлиддин Шаҳобов. Медонистанд, ки Бобоҷон Ғафуров бисёр кӯшиш мекарданд, ки тоҷикони он тарафро ба Тоҷикистон ҷалб кунанд. Ин ҷо аслан ду чиз буд. Гуфтан мумкин аст, ки солҳои 40-ум байни Тоҷикистону Ӯзбекистон як мусобиқа буд. Дар он тараф як шахсияти бузург Усмон Юсуфпов, аз ин тараф Бобоҷон Ғафуров буданд. Инҳо албатта байни ҳамдигар як мусобиқаи хоси миллӣ доштанд. Ҳар кадом аҳли ҳунарро дастгирӣ мекарданд. Фазлиддин Шаҳобов инсони калидӣ, мутахассиси калидӣ буданд. Чунки Фазлиддин Шаропов консерваторияро хонда тамом карда буданд. Масалан, Бобоқул-ако ва Файзуллоев маълумоти консерватория надоштанд, шогирди мактаби классикӣ буданд. Фазлиддин Шаҳобов касбӣ буданд ва саводи ҳақиқии мусиқӣ доштанд. Файзуллоев ва Шоҳназар Соҳибов ҳамчун маъхаз буданд. Вақте ки онҳоро аз Тошканд ба Душанбе гирифта оварданд аз ҷониби давлат тамоми кӯмакҳо равона карда шуда буд. Баъд домулло Айниро ба Душанбе оварданд ва Президенти Академияи фанҳо таъин карданд. Падарам дар вақти таҳсилашон дар Тошканд хело номдор шуда буданд. Вақте ки курси чорум мехонданд, газетаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” таъсис ёфт ва падарамро ҳамчун мудири редаксияи адабӣ – фарҳангӣ ба кор гирифтанд. Ҳанӯз аз даврони донишҷӯии падарам, Бобоҷон Ғафуров барои ҳавасманд гардонидан ва ҷалб кардани он кас барои кор дар Тоҷикистон, яъне баъди хатми донишгоҳ, махсус аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон стипендия ҷудо мекунанд.

И. Усмонов: - Дар «Худоё, худро бишносам” муаллим мегӯянд, ки ман коммунист ҳастам ва ақидаам ҳам коммунистӣ аст. Ман давлати Советиро дӯст медорам ва барои ҳамин меҳнат кардаам. Вале ман эҳсос мекардам, ки коммунист будан барои ҳақиқатро пурра гуфтан на ҳамеша имконият фароҳам месохт. Масалан, он чизе, ки ба эътиқоди динӣ вобастагӣ дорад, ба ҷаҳонбинии динӣ вобастагӣ дорад, умуман тасаввур мекунем, ки барои китобҳои динӣ вобастагӣ дорад. Яъне дар бораи эътиқод сухан гуфтан душвор буд. Оё баъди аз байн рафтани давлати Шӯравӣ баъди соли 1987 муаллим чизе навиштаанд, ки ин навиштаашон дар фаҳмишу дунёшиносӣ муқобили фаҳмиши пештараашон бошад. Яъне акнун имконияти гуфтан буд?

Ф. Ҳодизода: - Дар ин бора як китоби бисёр пуррзише навиштаанд, аммо вай бештар барои муҳаққиқон нигаронида шудааст на барои аксарият. Ин китоб “Тасаввуф дар адабиёти форсу тоҷик” ном дорад. Дар ин китоб ба суфизм рӯ оварда, онро таҳқиқ кардаанд. Махсусан, китоби “Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ”-и падарам, ки дар замони Шӯравӣ чоп шудааст, ба ин далел шуда метавонад. Зеро он солҳо чунин асарҳоро навиштаву чоп кардан бисёр мушкил буд.

Падарам мухолифи сарсахти сотсиализм набуданд. Мегуфтанд, ки таълимоти иҷтимоӣ ва иқтисодии он барои ҷомеа муфид аст ва ман онро қабул дорам. Аммо ба он ки сотсиализм шахсияти инсонро хор мекунад, муросо карда наметавонам. Ҳамчунин, мегуфтанд, ки ба инсон фишор овардан дуруст нест. Масалан, дар Эрон вақте ки бо падарам сафар доштем, аз падарам пурсидам, ки дар Ислом чӣ чизро афзалтар медоред? Падарам гуфтанд, ки ахлоқи ҳамида, яъне одоби инсон. Барои падарам одоби инсонӣ, ахлоқи ҳамида аз ҳамаи таълимоти дигари динӣ муҳимтар буд. Барои ҳамин, моро дар ҳамин рӯҳия тарбия карда буданд.

И. Усмонов: - Ташаккур, мо имрӯз дар сӯҳбат атрофи як асари ин донишманди бузург гуфтугӯ кардем. Мундариҷаи онро накушодему ба хонанда ҳавола кардем. Дар бораи муаллим гуфтаниҳои бисёре ҳаст. Пеш аз ҳама ҳамчун олим, нависанда, муаллифи асаре дар бораи Рӯдакӣ, Анварӣ, Соиб, Аҳмади Дониш ва дигарон. Албатта мо имкон дорем, ки дар атрофи дигар асарҳои устод, масалан, дар бораи «Рӯдакӣ ва шоирони ҳамзамони ӯ», «Парвози Шоҳин», «Ситорае дар тирашаб», «Ҳафт гуфтор дар бораи Қуръон» ва дигарҳо сӯҳбати алоҳидае ороем. Барои гуфтугӯи имрӯза бори дигар ташаккур мегӯям.

Ф. Ҳодизода: - Саломат бошед, устод. 

И. Усмонов: “Халқи тоҷик аз онҳое, ки барои ба роҳи сулҳ расидан ба мо кӯмак карданд, бояд ҳамеша миннатдор бошад”

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед