Ru  | Tj
Саидқул Билол: Ба пойе сарфарориҳо накардам ман...
Саидқул Билол: Ба пойе сарфарориҳо накардам ман...
Аксҳо: аз манбаъҳои боз

Саидқул Билол: Ба пойе сарфарориҳо накардам ман...

Нашр шуд

Саидқул Билол, овозхони мумтозу хушноми тоҷик имрӯз 70-солагии худро таҷлил мекунад. Ӯ аз пурмаҳсултарин ҳунармандонест, ки шумори суруду оҳангҳои эҷодкардааш хеле зиёданду аксари онҳо эътирофшудаву мондагоранд. Давраи роҳбарии ӯ барои ансамбли “Дарё” замони дастёбӣ ба маҳбубияти зиёд маҳсуб мешавад. Ӯ соҳиби унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ҳасту барандаи ҷоизаи Рӯдакӣ.

Бо баҳонаи зодрӯз бо устод Саидқул Билол перомуни рӯзгор, фаъолияти босамар дар ансамбли “Дарё”, дӯстӣ бо шоир Бозор Собир ва чанд соли будан дар арсаи сиёсат суҳбате анҷом додем.

Нахуст аз ӯ пурсон шудем, ки чаро 70-солагиро бо пешниҳоди барномаи ҳунарӣ ё шаби эҷодие таҷлил накард.

- Барои гузаронидани чунин барномаҳо ансамбл лозим аст, то дар ҳамдастӣ кор кунем. Аммо ман имрӯз, ки бознишастаам, аз имкон қадре дуртар мондаам. Дар телевизён сабти чанд барномаҳои консертиям ҳаст, ки онҷо ба таври зинда суруд иҷро кардаам ва метавонанд онҳоро пешниҳод кунанд.

- Барои баргузории шаби эҷодӣ аз ҷониби худатон талошҳое нашуд, ба ҷое муроҷиат накардед?

-Не. Чунин одат надорам.

Ба пойе сарфарориҳо накардам ман,

Ба ҷое бадгумориҳо накардам ман,

Фиғон аз нобарориҳо накардам ман,

Тамаъ ҷуз дӯстдориҳо накардам ман.

- Айёми бознишастагӣ чӣ гуна пушти сар мешавад?

- Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов омӯзгорӣ мекунам. Ба тарбияи шогирдон машғулам.


САРОБИ “ДАРЁ”

- Соли 1989 аз ҳисоби ҳунармандони соҳибистеъдод ансамбли “Дарё” таъсис шуд, ки шумо яке аз асосгузорони он ҳастед. Баъзе сарояндаҳо аз дигар ансамблҳо интиқол шуданд инҷою баъзеи дигар тавассути озмун шиновари “Дарё” гардиданд. Зарурати таъсиси чунин як ансамбл пеш аз ҳама дар чӣ буд?

- Соли 1982 вақте ба сафи ҳунармандони ансамбли “Шашмақом”-и Кумитаи телевизён ва радиё пайвастам, онҷо танҳо се ансамбл фаъолият мекард: “Шашмақом”, “Гулшан” ва “Зебо”. Дар ансамбли “Шашмақом” баъзе сарояндаҳое ворид шуданд, ки дар ин сабк намесароиданд. Онҳо сабки худро доштанд. Ҳамчунин шумори мо – сарояндаҳои ин ансамбл зиёд буд ва ба ҳама навбат барои пешниҳоди суруду сароидани он намерасид. Раиси ҳамонвақтаи кумита ба чунин қарор омад, ки ансамбле созмон дода шавад ва баъзе сарояндаҳо ба он ҷо гузаронида шаванд. Онҳоеро, ки дар сабки кӯҳистонӣ ё анъанаӣ месароиданд, ба “Дарё” гузаронидему як қатор овозхонҳои дигарро ба тариқи озмун ба кор гирифтем.

- Чаро маҳз “Дарё” унвонаш додед?

- Чунки ҳунармандон намояндагони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон буданд ва аксари онҳо бо лаҳни минтақаи худ тарона месароиданд. Онҳо шохобҳое буданд, ки аз ҳар сӯ ҷамъ шудаву дарё шуданд.

- Чанд сол аст, ки дигар бо ин ансамбл нестед. Нахостед, ки баъд аз баромадан ба бознишастагӣ ҳам фаъолиятро идома диҳед?

- Дар зиндагӣ ҳарчӣ оғозу анҷом дорад. Ман чор соли дигар баъд аз баромадан ба бознишастагӣ ҳам кор кардам. Аммо вақти рафтан расиду идомаи корро ба шогирдон супоридем.

- Аксари он овозхононе, ки бо шумо дар ин ансамбл фаъолият доштанд, байни “Дарё”-и имрӯзу дирӯз тафовути зиёде мебинанд. Шумо чӣ?

- Бигзор инро дигарон гӯянд, на ман. Аммо роҳбари кунунии ансамбл низ боистеъдод ва пурталош аст.

- Роҳбарии шумо чӣ вижагиҳо дошт, ки “Дарё”-ро хеле шуҳратманд сохт?

- Бисёр сахтгир будам. Бо оҳангсозони шинохта, аз ҷумла Фаттоҳ Одинаев, Муборакшо Ҷумъаев ва дигарон кор мекардем, ки оҳангҳои онҳо ба дили мардум наздик буд. Худ ҳам бисёр оҳанг эҷод мекардам. На ҳар сурудро қабул доштам. Аммо ҷойи суруди напазируфтаам талош мекардам як суруд эҷод карда пешниҳод кунам. Мо ҳамчунин ҳунаркадаи “Хунёгар”-ро созмон додем, ки он ҷо ҳунармандони ҳирфаӣ ба ҷавонон нозукиҳои ҳунарро меомӯзониданд ва аз ин ҳунаркада низ якчанд овозхони соҳибистеъдод кашф шуд. Он замон ҳам навохтани мусиқӣ ва ҳам сароидани “Дарё” зинда буд. Имрӯз ин чизро дар ин ансамбл намебинам.

- Имрӯз шуморо хумори “Дарё” мегирад?

- Албатта. Хумори он рӯзҳо, хумори он ёрону ҳамкасбоне, ки имрӯз миёни мо нестанд, хумори он фазои солими эҷодӣ зиёд мегирад.


САДАФИ НОХУНИ ТУ МОРО БАС...

- Бо устод Бозор Собир хеле наздикӣ доштед ва матни қисмати зиёди таронаҳои шумо моли устод аст. Шуруъи ин ошноиҳо аз куҷо буд?

- Солҳои 1982-1983 шеъри “Бӯса ба дунё задам”-ро оҳанг бастам. Аммо ду сол гузашту ба он иҷозаи пахш шудан ба эфирро намедоданд. Сабабаш ҳамин ҷумлаи “Бӯса ба дунё задам” буд ва шӯрои бадеӣ мехостанд, онро тағйир диҳем. Назди устод Бозор рафтам ва масъаларо изҳор доштам. Пурсиданд, ки кист он кас ки иҷоза намедиҳад? Номи масъули шӯрои бадеъиро гуфтам ва устод ба ӯ тамос гирифтанду бо ғазаб пурсиданд, ки ту шеъри маро эрод гирифтӣ? Он кас аз тарс “не, устод” гуфт. Ҳамин тавр, ин суруд пахш шуду ҳамнишиниҳои мо низ зиёдтар шуд. Ҳарҷо бо ҳам будем, аз суҳбатҳояшон, гуфтаҳояшон, шеърҳояшон як ҷаҳон лаззат мегирифтам. Ҳамин тавр, ба 50 шеъри устод оҳанг бастааму сароидаам.

- Шумо ҳатто замоне ки дигарон аз зикри номи Бозор Собир меҳаросиданд, шеърҳои ӯро месароидед. Шуморо хатаре таҳдид намекард?

- Чандин кас мепурсиданд, ки ту аз сароидани шеърҳои Бозор Собир наметарсӣ? Мегуфтам касе то ҳадди устод Бозор дар бораи миллату давлат ва шахсиятҳои торихӣ шеър нагуфтааст. Дар шеъри ӯ ман чизеро муқобили миллату давлат намебинам. Дар суҳбатҳо таъкидам мекарданд, ки сароидани ин таронаҳо пайомади хуб надорад. Аммо аз ҳукумат ё ягон сохтор боре чизе  дар ин бора ба ман нагуфтаанд.


- Замони набуданашон дар кишвар робита қатъ нагардида буд?

- Доим ҳамроҳашон дар суҳбат будам. Зуд-зуд тамос мегирифтам. Баъзе шеърҳоро ин барои худат мегуфтанду бароям мефиристоданд. Ҳамон дастхатҳояшонро то ҳол ҳифз кардаам.

- Бозор Собир баъди бозгашт ба ватан чанд вақте дар хонаи шумо мондаанд...

- Бале. Чанд ҷойҳо пешниҳодашон карда буданд, аммо написандиданд ва чанд вақте дар хонаи ман монданд. Як рӯз гуфтанд хонаат бисёр зебо, аммо як камбудӣ дорад. Гуфтам чӣ камбудӣ, устод? Гуфтанд дар ин ҷо “чирчирак” нест. Ҳамон ҳашаротеро дар назар доштанд, ки садои махсус мебарорад. Ҳамеша бо ёди деҳа буданд.

САРОЯНДА ДАР СИЁСАТ

- Солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будед. Чӣ шуморо вориди майдони сиёсат кард, чун бархе ба ин назаранд, ки ҳунарманд бояд аз сиёсат дур бошад?

- Ҳунар худ сиёсат аст. Аксари шеърҳое, ки оҳангбандӣ кардаам, сиёсианд. Инҳо наметавонанд аз ҳам дур бошанд. Вақте аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳамчун вакил пешниҳод шудам, инро қабул доштам. Хостам дар ин самт низ худамро бисанҷам. Мутобиқи моддаи 50-и Қонуни асосии Тоҷикистон ҳар вакил метавонад ба фаъолияти эҷодӣ ва илмиву омӯзгорӣ машғул бошад. Ман ҳам дар ин муддат аз “Дарё” дур набудаму пайваста эҷод мекардам. Дар ҳамин чор сол тавонистам ба мухлисонам се консерти ҳисоботӣ пешниҳод кунам.

-  Дар ин муддат дар қабули кадом қонунҳо саҳм гузоштед?

- Дар тайёр ва қабул шудани Қонуни театр ва фаъолияти театрӣ иштирок доштам ва саҳмгузор будам. Ба шаҳрвандони алоҳида низ борҳо кумак расонидаам.

- Шумо имкони гирифтани мансаби хуберо доштаед, аммо қабули онро нахостаед. Пас ҳунармандро хоси мансаб намешуморед?

- Мегӯянд, ки агар хоҳӣ истеъдоди ҳунармандро бикӯшӣ, ба ӯ мансаб деҳ.

- Шумо Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаи Рӯдакӣ ҳастед. Оё чунин унвонҳою мукофотҳо зарур аст?

- Дар бисёре аз кишварҳо чунин унвонҳо нестанд. Ман ҳам боре барои соҳиб шуданаш талош накардаам. Чун гуфтаи Низом Қосим ман аз пушти унвон не, балки унвон аз паси ман давидааст. Аммо ба андешаи ман довталаби унвони Ҳунарпешаи мардумӣ чун барандаи ҷоизаи Рӯдакӣ бояд ҳамчун ҳисобот як барномаи консертии зинда ба мардум пешниҳод кунад. Ӯ арзандаи ин унвон буданро бояд собит созад.


БА ПИРӢ МЕРАСАМ АЗ ХЕШ БОЛИДА

- Дар хазинаи тилоии радиои “Тоҷикитон” шумори сурудҳои эҷодкардаи шумо хеле зиёданд. Теъдоди онҳо ба чанд расидааст?

- Дар ин хазина 450 таронаи ман маҳфуз аст. Ин танҳо як сухани ҳавоӣ нест. Мудири хазина сурудҳои маро шумурда, ном ба ном зикр карда, дар зераш муҳр мондааст. Боз чанде аз сурудҳои эҷодкардаи дигар ҳам ҳастанд, ки дар ин феҳрист ҷо нашудаанд.

- Аз таронаи “Ворисон” (“Аз хуни Сиёвуш”) аксар вақт ҳамчун суруди миллии тоҷик унвон мегиранд. Дар шабакаи ҷаҳонии Ютуб баъзе наворҳое мушоҳида мешаванд, ки намояндагони кишварҳои Эрону Афғонистон ин сурудро ҳамчун суруди миллии Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд...

- Дар чунин наворҳо аслан аз муаллифи матну оҳанг ном ҳам намебаранд, вале маро ҳамин бас аст, ки сурудамро мардум чунин хуб пазируфтаанд ва як рӯзе ҳатман аз муаллифони ҳақиқӣ ёд хоҳанд кард. Суруди миллии Тоҷикистон қабул шудааст ва ба иваз кардани он ҳоҷат нест. Аммо дар бисёре аз кишварҳо сурудҳое ҳастанд, ки дар қатори суруди миллӣ мақом доранд ва садо медиҳанд. Фикр мекунам ин сурудро бояд тамоми донишомӯзони мактабҳои миёнаву олӣ аз ёд донанд. Чунки дар он корнамоиҳои тамоми қаҳрамонони мардуми тоҷик ҷо шудааст. Суруд набояд танҳо барои рақсидану шодӣ кардан бошад, балки  рисолати тарбиятгарию маънибахширо ҳеч гоҳ аз даст надиҳад.

- Шумо сурудҳои мотамӣ низ эҷод кардаед. Яке аз онҳоро шодравон Нигинаи Рауф хеле муассир сароидааст. Эҷоди онҳо дархостӣ буд ё хоҳишмандӣ?

- Боре дар мотами яке аз наздикон иштирок доштам ва нидоҳои ҷонгудозе, ки он ҷо садо дод, дар зеҳнам ҷо гирифт. Вақте намояндагони ноҳияи Файзобод барои озмуни “Бӯстон” ба ман ин шеърро пешниҳод карданд, ки оҳангбандӣ кунам, ҳамон садоҳо ба ёдам омад. Бо истифодаи онҳо сурудро эҷод кардам, ки аз ҷониби Нигинаи Рауф бисёр хуб иҷро шуд. Мардум баъзан ба чунин сурудҳо низ ниёз пайдо мекунанд.


- Суруде доред бо номи “Пушаймон нестам аз умри полида”. Ҳарчанд ин шеър аз ҷониби Сафар Муҳаммад Аюбӣ ба устод Зафар Нозим эҳдо шуда буд, аммо мегӯед ба дунёи шумо низ дахл аст. Пас воқеъан пушаймон нестед аз умри полида?

- Аслан не. Ман то ин дам кишта кардам, чизҳои зиёдеро ки сабзондаму рӯёнидам ва онҳо намегузоранд эҳсоси пушаймонӣ кунам.

- Вақте ин сурудро ба устод Зафар Нозим пешниҳод кардед, аз сабаби маризӣ натавонистанд иҷро кунанд ва гуфтанд, ки “дилам дигар намесарояд. Аммо шукр, ки дили Саидқул Билолов ҳоло месарояд...”

- Ҳоло ҳам дар пайи эҷодам. Боз ҳам суруд меофарам. Сурудҳоеро, ки марбути ин айёми ман аст.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед