Ru  | Tj
Ёде аз Фарида Мансурова: Сӯҳбати хотирмони ӯ дар бораи Айнӣ ва падараш Ҳ. Мансуров
Ёде аз Фарида Мансурова: Сӯҳбати хотирмони ӯ дар бораи Айнӣ ва падараш Ҳ. Мансуров
Акс: Одил Нозир

Ёде аз Фарида Мансурова: Сӯҳбати хотирмони ӯ дар бораи Айнӣ ва падараш Ҳ. Мансуров

Нашр шуд

Санаи 1-уми июли соли равон дар шаҳри Душанбе олими маъруфи тоҷик, табиби некном Фарида Мансурова бар асари короновирус аз олам даргузашт. Номбурда, ҳамчун табиби ҳозиқ миёни мардум маҳбубият дошт ва ҳамчун олими забардаст дар доираҳои илми тиб шуҳратёр буд...

Соли гузашта, дар арафаи мавлуди академик Ҳамид Мансуров бо фарзанди эшон профессор Фарида Мансурова ҳамсӯҳбат шуда будем, вале бо сабаби ташвишҳои зиёд ин сӯҳбат чоп нашуда монд. Инак, пас аз марги Фарида Ҳамидовна, ин сӯҳбатро дар Рӯзи табибон пешкаши хонандагон менамоем.

КЛИНИКАИ МАНСУРОВ


- Фарида Ҳамидовна, баъди даргузашти падар вақте “Клиникаи Мансуров”-ро мешунавед, шуморо чӣ эҳсосот фаро мегирад?

- Ман дар ин даргоҳ ба воя расидам. Аз рӯзгори ҷавонии мо ин пажӯҳишгоҳ “Клиникаи Мансуров” ном дошт. Ҳатто ин маҳалларо мардум чунин ном мегиранд.

Чанд рӯз қабл савори таксӣ шудам. Вақте ронанда фаҳмид, ки ба Клиникаи Мансуров меоям, пурсид:

- Тенҷӣ апа, беморед?

Рости гап, вақте савори таксӣ мешаваму ронанда беҳудаву баҳуда гап мезанад, хеле асабӣ мешавам, вале ба ин ронанда посух додам:

- Не, ман он ҷо кор мекунам...

- Ман чанд сол пеш назди худи Мансуров омада будам. Ҷигарам сахт касал буд, худораҳматӣ табобат фармуд. Шукр, ки сиҳат шудам. Ҷояш ҷаннат шавад, марди донишманд буд. Шумо Мансурова медонистед?

- Ҳа, мо ҳамкор будем...

- Табибе чун ӯ дигар дар Тоҷикистон нест.

- Рост.

- Мегӯянд духтараш ҳозир кор мекунад, ӯро ҳам таъриф мекунанд...

Табассум кардам.

Ронанда гуфт:

- Бо худатон набошед?

Вақте тасдиқ кардам, хурсанд шуд.

- Яъне ному кори падаратон ҳанӯз ҳам дар хотираи мардум ҳаст!

- Бале. Корҳои падарам дар илм мондагор мебошанд. Эшон дар соҳаҳои гастроэнтерология (пеш аз ҳама гепатология), кардиология, гематология, нефрология, пулмонология ва ғайра корҳои зиёде анҷом додаанд. Зиёда аз 900 асари илмӣ, аз ҷумла 18 монография навиштаанд, ки дар илм ҳама навгонӣ ба ҳисоб мераванд. Он кас яке аз асосгузорони биопсияи сӯзании ҷигар дар собиқ ИҶШС мебошанд...

ФАРЗАНДХОНИ АЙНӢ


- Оё падаратон дар сӯҳбатҳо аз устод Айнӣ ёдоварӣ мекарданд?

- Ҳамеша. Падарам аз волидайнашон барвақт маҳрум мешаванд. Аз синни 7- солагӣ тарбияи он кас ба дӯши холаашон – Салоҳат, ки ҳамсари устод Садриддин Айнӣ буданд, гузошта мешавад, чароки дигар хешу табори наздик надоштаанд. Тағояшон Вадуд Маҳмудӣ, ки ягона будаанд, зиндонӣ мешаванд. Ҳамин тавр, то хатми Институти тиббии Самарқанд падарам дар ин хонадон зиндагӣ мекарданд. Баъди барои таҳсил ба Москва рафтан, аз хонаи устод баромадаанд.

- Дар даврони мактабхонии падаратон як воқеаи машҳур рух медиҳад, он ҳам имтиҳони Герасимов аз ҷониби устод Айнӣ, қабл аз кушодани қабри устод Рӯдакӣ. Оё эшон худашон дар ин бора нақл мекарданд?

- Бале. Нақли падарам дар ёдам ҳаст. Вале эшон ба ман гуфта буданд, ки ин воқеа зимни кушодани гӯри Амир Темур рух дода буд. Падарам нақл мекарданд: Герасимов мебоист гӯри амирро кушода ва аз устухонҳои он тасвири чеҳраи ӯро барқарор мекард. Герасимов дар меҳмонии устод Айнӣ қарор дошт. Ман акнун аз мактаб баргашта будам ва дар тан либосҳои тоза доштам. Камол бо либосҳои гардолуд, он ҷо нишаста буд. Аз ӯ пурсиданд, ки кадоме аз мо писари устод Айнӣ ҳастем. Вай ба мо нигоҳ карду шояд ба либосҳо эътибор дод, маро нишон дод. Баъд аз рафтани ӯ устод Айнӣ ба занашон (холаи ман) нигоҳ карда гуфтанд, ки бинии ману бинии Камолро бинед, қариб як хел, ҳаминро, ки сарфаҳм рафта натавонист, чӣ тавр аз устухонҳои пӯсидаи амир сурати ӯро барқарор мекардааст? Баъдан, борҳо хондам, ки ин воқеаро ба кушодан ва барқарор кардани чеҳраи устод Рӯдакӣ нисбат додаанд...

- Таъминоти молии падаратон ба дӯши кӣ буд?

- Алабатта, ба дӯши устод Айнӣ ва падарам ҳамеша аз эшон миннатдор буданд. Мегуфтанд, ки Айнӣ нагузоштаанд, ки он кас дар кӯдакӣ худро сағира ҳис кунанд.

- Дар мавриди хасисии устод Айнӣ нақлҳо зиёд аст ва Шумо дар ин бора аз падаратон чӣ шунида будед?

- Ин овозаҳо беасосанд ва муболиға ҳастанд. Падарам нақл мекарданд, ки устод Айнӣ ба ҳама кӯмак мекардаанд. Ҳатто вақте падарам дар Москва дар докторантура мехонданд, ҳар моҳ устод пул мефиристодаанд. Дар ин замина як нақли падарам фаромӯш намешавад ва то имрӯз дар ин маврид андеша мекунам. Ҳар моҳ устод Садриддин Айнӣ ба падарам ва писарашон - Камол 500 сӯмӣ мефиристодаанд, ки дар он замон он пули кам набудааст. Ба духтарашон Холида, бошад, ки дар шаҳри Ленинград таҳсил мекард, ҳар моҳ 1000 сӯм мефиристодаанд. Боре Камол Айнӣ эрод мегиранд, ки чаро ба Холида зиёду ба бачаҳо камтар пул мерасад? “Вай духтарбача, агар пул лозим шуда монад, бояд азоб накашад. Ҷавонмард бепул монад, ба гуруснагиву сардиву душворӣ тоқат мекунад, ҳеҷ нашавад, ягон кори сабук карда, нонашро меёбад, вале духтар набояд ниёзманд шавад, зеро ҳар хел фалокат рух доданаш мумкин” – гуфтаанд, устод дар посух.

- Яъне устод Айнӣ байни Камол ва падаратон фарқ намегузоштанд ва ба ҳар ду як хел муносибат мекарданд?

- Бале. Устод падарамро аз фарзандашон кам намедонистанд. Ҳатто боре пешниҳод кардаанд, ки падарам насаби Айниро гиранд? Вале падарам розӣ намешаванд.

Устод Айнӣ ба падарам “Абдуҳомид” гуфта муроҷиат мекардаанд, вале дар чанд мактубашон ва соядастҳояшон, ки ба падарам навиштаанд он касро “Нури чашм Абдуҳомид”, яъне фарзандам Абдуҳомид гуфтаанд.

ПЕШНИҲОДИ ВАЗИРӢ


- Устод Айнӣ ба падаратон дар соҳибкасб шуданашон ҳам ёрдам кардаанд?

- Интихоби риштаи тиб хоҳиши падарам будааст. Зеро модарашон дар 7 - солагиашон аз бемории сил вафот карда будаанд. Падарам мехостанд, ки табиб шуда ва ба мардум кӯмак кунанд. Идомаи таҳсил дар аспирантура ва докторантура низ бо кӯшиши худи падарам сурат гирифт, зеро он кас лаёқати пажӯҳишро доштанд. Вале дар ҳама корҳояшон устод Айнӣ машваратчӣ буданд. Дигар ин ки шӯҳрати устод Садриддин Айнӣ барои падарам кӯмаки зиёд кардааст. Устод дар назди роҳбарияти кишвар обрӯйи зиёд доштанд. Падар боре чунин нақл каданд: Вақте институтро хатм кардам, устод як мактуб ба роҳбарияти кишвар навиштанд ва хоҳиш карданд, ки маро барои идомаи таҳсил ба Маскав фиристанд. Ин як дастгирии хеле муҳим буд. Баъди баргаштан ба Сталинобод ба Кумитаи Марказӣ ба назди Пӯлодов, ки он вақт котиби дуюми Кумитаи Марказӣ буд, рафтам. Он кас ба ҷойи номаро хондан ва бевосита дастгирӣ кардан, гуфтанд: “Истед, Шумо вазири тандурустӣ шудан мехоҳед?” Ман - не гуфтам, чароки тоза донишгоҳро хатм карда будам ва мехосатам таҳсилро идома диҳам. Баъдан гуфтанд: “Ин тавр бошад, биёед шуморо директори институт таъйин кунем”. Яъне ҳамин гуна пешниҳодҳо ҳам будаанд.

ОХИРИН ҲАРФИ НАВИСАНДА


- Дар дасти ман китоби хотироти академик Ҳамид Мансуров “О жизни – с грустью и улибкой” ҳаст, ки соли 1995 ба нашр расидааст. Аз ин китоб бармеояд, ки падаратон то рӯзҳои охир дар паҳлӯи устод Айнӣ будаанд...

- Бале. Падарам то охирин нафас устод Айниро табобат мекарданд. Якуним-ду соли охир устод гирифтори саратон мешаванд ва албатта азоб ҳам мекашанд. Чун фарзанди устод - Камол Айнӣ дар рӯзҳои марги устод дар Душанбе набуданд, падарам рисолати фарзандии худро ба ҷо оварда, то охир болои сари устод буданд. Охирин ҳарфи устод Айнӣ низ “Абдуҳомид...” будааст.

- Гӯё устод Айнӣ ба падаратон васият кардаанд, ки пас аз маргашон фалон муллоро оварда, ҷанозаи мусалмонӣ кунанд, вале дар ин бора дар ин китоб ҳарфе нест.

- Ин ҳарф ҳақиқат дорад. Устод Айнӣ мефармоянд, ки қабл аз он ки аз маргашон ҳукуматро огоҳ кунанд, шарикдарси мадрасагиашон Олимхонро даъват карда, аркони мусалмониро ба ҷо биёранд. Ҳамин тавр ҳам мекунанд.

МАБЛАҒ БАРОИ ИСТИРОҲАТ

- Падаратон боз чӣ хотироти аҷиберо нақл мекарданд?

- Боре падарам, назди устод рафта, ду ҳазор қарз мепурсанд. Устод бо ҳайрат суол медиҳанд: “Абдуҳамид, ин қадар маблағро чӣ кор мекунед?”. “Бо оилаам мехоҳем Сочӣ рафта истироҳат кунем” – мегӯянд падарам. “Агар барои зарурати муҳим мепурсидед, худам пул медодам, албатта, қарз не, вале чун истироҳат зарурати муҳим нест ва дар ин синну сол шумо сахт ба он ниёз надоред, беҳуда ба шумо ин қадар маблағ намедиҳам. Беҳтараш аз Холида қарз кунед”-мегӯянд устод. Чун ваҷоҳати норозигии падарамро мебинанд, боз илова мекунанд: “Агар ман ба шумо пул диҳам, баргашта намегирам, вале чун гуфтам, ки барои истироҳат қарз намедиҳам, аз Холида гиред”. Ҳамин тавр ҳам мешавад ва падар аз Холида Айнӣ маблағро мегиранд. Баъди баргаштан, устод падарамро насиҳат мекунанд: “Аз ин пас аввал пул ҷамъ кунед, баъд истироҳат равед. Истироҳат бо қарз фароғат надорад”. Ин гуна қиссаҳо зиёданд.

- Аз устод Айнӣ маблағи зиёде ба мерос монд. Оё ба падари шумо ҳам чизе расид?

- Мерос гуфта пулро дар назар доред?

- Бале.

- Не, албатта.


Мухтасари шарҳи ҳол

Фарида Ҳамидовна Мансурова 2-уми майи соли 1952 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, 1-уми июли соли 2021 бар асари коронавирус вафот кардааст.

Фарида Мансурова — олим, пизишк, доктори илмҳои тиб ва профессор мебошад. Фарида Мансурова фарзанди академик Ҳамид Мансуров аст. Номбурда Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро соли 1975 хатм мекунад. Ӯ ординатори клиникии кафедраи терапияи госпиталии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1977), корманди хурд ва калони илмии шуъбаи ҷигару ғадуди зери меъда (1977—1984), мудири лабораторияи биохимияи клиникӣ (1984—2002) буд. Соли 1984 кори илмии худро дар Академияи ба номи Сеченови Москва дифоъ намудааст. Соли 1998 дар Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Аз 1 –уми феврали соли 2002 вай ба ҳайси муовини директори Институти илмӣ-тадқиқотии гастроэнтерология хидмат намудааст. (2002—2010). Аз соли 2010 дар лабораторияи Маркази биология ва тибби амалӣ кор мекард. Мансурова, узви Академияи илмҳои Тоҷикистон, дар тӯли фаъолияти худ понздаҳ асар ва дар маҷмӯъ зиёда аз 235 асари илмӣ, аз ҷумла се монография нашр кардааст, ки ба роҳҳои табобат ва пешгирии санги талхадон бахшида шудаанд. Ковиши илмиаш оид ба масъалаҳои гуногуни гепатология ва гастроэнтерология аст.

Раҷаб Мирзо: “Луқмаи ҳароме ҳаромам бод”


Одил Нозир

Муаллиф

Одил Нозир

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед