Ru  | Tj
Зебунисо Солиева: “Профессоре аз шаҳри Маскав гуфт, ки ба дардам танҳо йога кӯмак карда метавонад”
 Зебунисо Солиева: “Профессоре аз шаҳри Маскав гуфт, ки ба дардам танҳо йога кӯмак карда метавонад”
Аксҳо: Аз ҳамсуҳбат дастрас гардидааст

Зебунисо Солиева: “Профессоре аз шаҳри Маскав гуфт, ки ба дардам танҳо йога кӯмак карда метавонад”

Нашр шуд

Имрӯзҳо аксарият ба навъи дигари табобат, яъне ба табобате, ки бе истифодаи дорувориҳои қимат сурат мегирад, рӯ меоранд. Йога ва парҳез аз ҷумлаи роҳҳоест, ки дар шароити муосир қобили таваҷҷӯҳ гардидааст. Дар ин ҷода, Зебунисо Солиева аз  аввалин бонувонест, ки дар Тоҷикистон  маркази вобаста ба йога-терапияро созмон додааст.

Зебунисо Солиева дар суҳбат бо мо дар бобати моҳияти йога ва махсусиятҳои парҳез ҳадс зад.  


- Зебунисо,  лутфан мегуфтед, ки  нутритсиолог кист?

- Нутритсиолог – мутахассисест, ки барои истеъмоли дурусти ғизо ва маҳсулоти  дар он истифодашуда, ба мизоҷон тавсия медиҳад. Иловатан, нутритсиолог метавонад хусусияти мусбату манфии ғизоҳо, тарзи омодакунии онҳо ва муайянкунии вақти тановули хӯрокаро аз нуқтаи назари илми тиб муайян созад. Ба вазифаи вай дигаргун кардани одатҳои ғизохӯрии бетартиби одамон, мураттаб кардани вояи хӯроки шабонарӯзӣ, муайян кардани қабули шабонарӯзии калория ва сарфи нерӯ, тавсиякунии дигар воситаҳои биологие, ки барои бой шудани организм (витаминҳою микроэлементҳо ва минералҳо) ёрӣ мерасонад ва ғайра дохил мешавад.

Ҳатҳа-йога, маҷмӯи амалҳои қадимиест, ки  дар муддати кӯтоҳ  ба бемор барои шифо ёфтан аз бемориҳои  сутунмӯҳра, буғумҳо, асаб, фишори хун ва диабети қанд кӯмак карда метавонад. Мо дар маркази «ЗОЖ» дастовардҳои илми нутритсиология ва йогаро дар ҳамбастагӣ барои шифоёбии мизоҷон истифода мекунем, ки бештари вақт барои зудтар шифо ёфтан аз ҳамаи бемориҳо таъсири мусбат расонида истодааст.


- Чӣ сабаб гардида, ки Шумо махсусан ба йога машғул шудед?

- Тахминан 10 сол пеш, ман аз дарди шадиди сар хеле азоб мекашидам. Табобати духтурон маро аз дарди азиятдиҳандаи сар раҳонда натавонист. Профессоре аз шаҳри Маскав гуфт, ки ба дардам танҳо йога кӯмак карда метавонад. Худи ҳамон рӯз ман ба йога ва машқҳои нафасӣ машғул шудам. Тартиби ғизохӯрии худро низ дигар кардам, аз ҷумла дигар маҳсулоти гӯштӣ нахӯрда ва дар натиҷа дарди сарам низ оҳиста – оҳиста кам шуд. Аз ҳамон вақт сар карда, машқҳои йогаро давом медиҳам ва реҷаи дурусти  ғизохӯриро риоя мекунам.


  - Барои  нутритсиолог ва мураббии касбии йога шудан, кадом сабақҳоро аз худ кардед?

- 10 сол инҷониб бо барномаҳое дар мавриди “Тарзи ҳаёти солим”  кор мекунам. Феълан, дар Донишкадаи нутритсиологияи интегративии шаҳри Маскав якчанд курсҳои кӯтоҳмуддатро хонда истодаам. Йогаро дар курсҳои кӯтоҳмуддат, ки дар кишварҳои Ҳиндустон (шаҳри Майсор), ИМА (шаҳри Санта-Барбара), Непал (шаҳри Покҳара),  Русия (шаҳри Маскав)  доир мешуд, иштирок карда омӯхтаам.  Айни ҳол дар курси дарозмуддате, ки барои муаллимони йога доир шуда истодааст, аз мактаби машҳури www.oum.ru омӯхта истодаам. Аслан, таваҷҷӯҳи маро йога-терапия, ки барои шифоёбии одамон  аз бемориҳои гуногун бидуни ягон доруворӣ, албатта, бо иваз кардани тарзи пешбурди ҳаёт мусоидат карда метавонад,  бештар ҷалб мекунад.   

- Идеяи таъсиси маркази "ЗОЖ" (Абрикосовый Рай) чӣ хел пайдо шуд?

- Ташкили чунин маркази саломатиро аз он рӯзе, ки ба йога машғул шуда, беҳбудӣ ҳис кардам, орзу мекардам. Он вақт дар шаҳри Хуҷанд барои машқи йога ягон студия вуҷуд надошт. Аммо ин толорҳо ба одамони аз ҳад зиёд вазндошта, ба онҳое, ки бемориҳои сутунмӯҳра, буғум ва ғайраҳо доранд, мувофиқ нест.

Дар маркази «ЗОЖ» мо барномаҳои беҳдошти саломатӣ, аз ҷумла барномаи “Йога – детокс” -ро, ки барои беҳбуд бахшидан ба вазъи саломатӣ, харобшавии безарар, зебоии намуди зоҳирӣ, покизагии  на фақат ҷисм, балки тозагии ҳолати равонӣ низ мусоидат мекунад, рӯйи кор овардем.

- Дар марказ барои одамони аз 40 то  60-сола кадом маҷмӯи машқҳои йога пешбинӣ мешаванд?

- Феълан, ба маркази мо бештар одамони аз 40 то 60-сола муроҷиат мекунанд. Аксарияти онҳо мушкилии буғумҳо (артриты, артрозы), сутунмӯҳра (межпозвонковые грыжи, остеохондрозом всех отделов позвоночника) доранд. Табобати анъанавӣ, ки бо воситаҳои доруҳо танҳо дардро гум мекунад, кӯмаки пурра карда наметавонад. Бидуни дигаргунӣ ба реҷа ва номгӯйи ғизо фақат бо машқҳои йога  имконе вуҷуд надорад, ки  беҳдошти саломатӣ бароямон муяссар шавад. Одатан, ғизо ва реҷаи ғизохӯрии мо - тоҷикон бо машқи йога номувофиқ аст. Яъне, фарз кардем, чизеро, ки ҳар вақте хостем, бихӯрем ва баъд ба йога  машғул шавем, албатта, бефоида аст.


- Барои нафароне, ки бемориҳои музмин доранд, кадом машқҳои йога мумкин аст?

- Одамоне, ки бемории музмин доранд, танҳо дар сурати риояи меъёри «детокс-ғизо», ки бо он метавонем узвҳои дарунии худро пурбор накунем ба йога машғул шуда метавонанд. Дар марказ мо хусусияти фардии ҳар иштирокчии барномаҳоро ба инобат мегирем.

- Шумо  дар яке аз телевизионҳои маҳаллӣ бахши "Азбука здоровья", ки пахш мешавад, омода мекунед. Бигӯед, ки ҳадафи аслии ин кор дар чист?

- «Азбука Здоровья» ин рубрикаи телевизионӣ аст, ки ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дар телевизиони маҳаллии шаҳри Хуҷанд – «Азия» пахш мешавад. Аллакай, 4 сол аст, ки ин рубрика таҳия мегардад. Ҳар ҳафта мо масъалаҳои муҳимми тарзи ҳаёти солим (ЗОЖ)-ро баррасӣ карда, методҳои беҳдошти саломатӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои паҳншавандаро шарҳ медиҳем. Ба тамошобинон рубрикаи «Азбука здоровья» хеле писанд омадааст. Он дар барномаи субҳгоҳӣ мустақиман пахш мешавад ва тамошобинон саволҳои гуногуни худро вобаста ба тарзи ҳаёти солим пешниҳод мекунанду ҷавобҳои қонеъкунанда мегиранд.


- Бархе  йогаро ба як  дину мазҳаб  мутааллиқ дониста, онро ба  мусулмонҳо нораво медонанд,  оё ин дуруст аст?

- Ба одамоне, ки йогаро ба дину мазҳаб алоқаманд медонанд, тавсия медиҳам, ки моҳият ва  таърихи онро бештар омӯзанд. Ҳатҳа-йога ба ягон дин тааллуқ нест. Он дастгоҳи унверсалиест, ки барои такмилдиҳии ҷисм ва рӯҳ 8 ҳазор сол инҷониб ба инсоният кӯмак мекунад. Дар замони мо ба йога аз одамони сарватмандтарини ҷаҳон сар карда, то миёнаҳол, ки солим будан мехоҳанд, машғул мешаванд.  Йога-терапия дар ИМА, Олмон ва Ҷопон методҳои табобати тиббӣ ҳисобида мешавад.


- Барои онҳое, ки ба йога тоза машғул шудан мехоҳанд, чӣ тавсия медиҳед?

- Нахуст, тавсия медиҳем, ки наворҳои вобаста ба йогаро аз интернет зиёдтар тамошо кунанд. Зеро дар қадамҳои аввал мумкин аст, ки мустақилона машқҳои содатари йогаро иҷро кунанд ва пасон, албатта, аз тавсияҳои мураббии йога ва нутритсиолог истифода баранд. Ҳамчунин, метавонанд, аз саҳифаҳои маркази «ЗОЖ» (Абрикосовый рай), ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст, бо барномаҳои марбут ба йога шинос шаванд.


Тоҷири 20-солаи муваффақ. “Ҳамсолонам бояд муайян кунанд, ки чӣ мехоҳанд!”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед