Ru  | Tj
Журналистшавандае, ки камонвар шуд. Зебинисо Рустамова доир ба камонварӣ
Журналистшавандае, ки камонвар шуд. Зебинисо Рустамова доир ба камонварӣ
Аксҳо: Аз Интернет

Журналистшавандае, ки камонвар шуд. Зебинисо Рустамова доир ба камонварӣ

Нашр шуд

Яке аз намудҳои варзиш, ки аз ниёгонамон ба мо мондааст, камонварӣ мебошад. Камонварӣ навъи варзишест, ки аз қадимулайём гузаштагони мо ба он машғул мешуданд. То пайдоиши милтуқу дигар аслиҳаи шикорӣ камонро ҳамчун василаи шикор истифода бурдаанд. Дар замони Шӯравӣ ин намуди варзиш дар Тоҷикистон хеле зиёд тараққӣ карда буд. Таваҷҷӯҳи тоҷикистониён ба камонварӣ камтар аз дигар намудҳои варзиш набуд. Вале, мутаассифона, дар солҳои нооромии кишварамон камонварӣ аз таваҷҷӯҳҳо дур афтод. То солҳои 1998-1999 мардуми мо аз ин намуди варзиш бо сабабҳое пурра даст кашида буданд. Пас аз он дар ҷумҳурӣ камонвариро ҳамчун навъи варзиши роиҷ шинохтанд, аммо, бадбахтона, аллакай дар муддати чанд соли пешин мураббиёни соҳаи мазкур ба дигар давлатҳо кӯч баста буданд. Дар натиҷа ҷойи камонварӣ миёни дигар навъҳои варзиш холӣ монд.

Ба ин ҳама норасоиҳову нуқсон ва монеаҳо нигоҳ накарда ҷавонони мо ба камонварӣ назари нек доранд ва кам ҳам бошад, ба ин соҳа рӯ меоранд.

Мо ин навбат бо Зебинисо Рустамова ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ дар соли 1976 доир ба камонварӣ суҳбат кардем.

– Муаллима, мо фикр мекунем, ки камонварони оянда ба суҳбати нафаре чун Шумо, ки аллакай дар ин соҳа барои худ пайроҳаи муайянро сохта ва метавонад дигаронро роҳнамоӣ кунад, ниёз доранд.

– Раҳмати калон, агар чунин бошад хуш ба ҳоламон. 

– Чандин маротиба шунидаву хондаам, ки нафарони зиёде Шуморо “Гурдофарид” мегӯянд, лутфан бигӯед, ки малоли хотиратон намешавад?

– Маро дар бисёр мақолаҳо “Гурдофарид” гуфта менависанд. Аммо ман боре ба як журналист гуфта будам, ки маро Гурдофарид нагӯед, зеро вай медонист, ки Суҳроб фарзанди Рустам аст, аммо набарди онҳоро пешгирӣ накард. Ин дар ҳолест, ки варзиш бисёр тоза аст ва варзишгар бояд ҳамчунин бошад. Ман некхоҳ будан мехоҳам, на Гурдофарид!

– Оё дуруст аст, ки Шумо журналист шудан мехостед ва…?

– Аслан ман дар наврасӣ бисёр булҳавас будам ва пеш аз он ки ба варзиш биёям чанд соҳаи дигарро ҳам интихоб карда будам. Яке аз онҳо журналистика буд. Ман барои журналист шудан хеле кӯшиш ҳам карда будам. Яке аз он кӯшишҳое, ки дар ин роҳ анҷом додам, ҳамкорӣ бо нашрияҳои машҳуру овозадори он замон ба мисли “Машъал”, “Пионери Тоҷикистон” ва “Комсомоли Тоҷикистон” буд. Пайваста набошад ҳам, аммо навиштаҳоям дар нашрияҳои номбурда чоп шуданд.

– Омадани Шумо ба камонварӣ чӣ гуна сурат гирифт?

– Ман пеш аз ҳама футболро дӯст медоштам. Баъдан гимнастика писандам омад ва боз шиновар шудан хостам. Яъне то ба камонварӣ омадан ба чанд намуди варзиш рағбат доштам. Ин аз он буд, ки дар мактаби мо клуби варзишӣ амал мекард. Баъди ин ҳама, бародарам ба ман тавсия доданд, ки ба намуди варзиши ниёгонамон, яъне камонварӣ машғул шавам. Ҳамин тавр, ба камонварӣ ворид шудам.

– Ҷараёни одаткунӣ чӣ гуна буд?

– Мисли он ки кӯдакон дар синфҳои ибтидоӣ ба зӯр ё бо фиреб мактаб мераванд, ман ҳам моҳҳои аввали ба тамрини камонварӣ рафтанам, ҳамин гуна будам. Бисёр хаста мешудам. Ва пас аз як соли тамрин ин пешаро тарк кардам. Соли 1969 аз тарафи клуби варзишии мактабамон ба Лагери байналмилалии варзишӣ ба Олмон рафтам. Дар он ҷо гуфтанд, ки ту духтари Шарқӣ ҳастӣ, бояд шоҳмотбозиро тавонӣ ва ман бо дили нохоҳам ба мусобиқаи шоҳмот баромадам. Хушбахтона, ҷойи дуюмро гирифтам.

– Ба камонварӣ кай баргаштед?

– Дар тантанаҳои “Занги охирин” бо чанд тан духтароне вохӯрдам, ки пештар бо онҳо якҷо тамрини камонварӣ мекардам. Дидам, ки дар гарданҳои онҳо чандтоӣ медал овезон аст ва дар як муддати кӯтоҳ ин натиҷаи бисёр хуб буд. Аз ҳамон вақт ба камонварӣ дубора баргаштам ва ногуфта намонад, ки бо диду назари ҷадид.

 – Барои камонвар шудан чӣ лозим аст?

– Пеш аз ҳама донистани таърихи гузаштаамон, ки ин барои дониш гирифтан дар бораи пешаи ифтихории камонварӣ сабаб мешавад. Ҳамчунин, шавқ, ки бе он одамизод ҳеҷ чизеро интихоб карда наметавонад. Боз ирода, ки дар ҳама ҳолат ба ҳар нафар лозим аст, хусусан дар вақту замони мушкиливу душвориҳо.

– Таваҷҷӯҳи ҷавонон ба камонварӣ чӣ гуна аст?

– Бад нест, аммо наметавонем, бигӯем, ки таваҷҷӯҳ зиёд аст. Бояд гуфт, ки дар ин соҳа мо бачаҳои болаёқати хеле зиёд дорем.

– Дар ҷумҳурии мо мактабҳои камонварӣ чӣ ҳол доранд?

– Хушбахтона, ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 мактаби камонварӣ фаъолият мекунанд, ки аз онҳо дутояш дар пойтахтамон ва якеаш дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Шукр, ки корашон хуб аст. Ҳоло мактаби камонварии шаҳри Хуҷанд ба зинаҳои баланд рафта истодааст.

– Мушкилии асосӣ дар омода кардани камонвар чӣ бошад?

– Хушбахтона, омӯзиши камонварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон аст. Мушкилии асосӣ харидани камон ва тир аст.

– Магар метавон харидани камон ва тирро мушкилӣ номид?

– Мушкилӣ ба он хотир гуфтам, ки ҳоло ин соҳа дар мо хуб тараққӣ накардааст. Намояндагони камонварӣ ба ҷойи аз ин пеша нон хӯрдан, пул сарф мекунанд. Мақсадам, агар дар ҷумҳурии мо нисбати камонварӣ ҳам ба монанди дигар намудҳои варзиш таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шаваду мусобиқаҳои дохилию байналхалқӣ зиёд бошанд, хуб мешавад ва мушкилиҳо бартараф мегарданд. Чунки аллакай камонварӣ ба камонвар фоида меоварад.

– Хатмкунандагони мактабҳои камонварӣ пас аз хатм чӣ кор мекунанд?

– Мураббӣ мешаванд.

– Дар мо мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди камонварӣ доир мегарданд?

– Шукр, ки сол аз сол мусобиқаҳои мо зиёд шуда истодаанд. Мо кӯшиш мекунем, ки ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳам роҳ ёбем.

– Ба андешаи Шумо ояндаи камонварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд? Офтобӣ ё абрӣ?

– Ман пурра метавонам бигӯям, ки дар солҳои наздик ин соҳа рушд мекунад. Зеро ба барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ онро ворид кардаанд ва далели дигар фаъолият кардани мактабҳои камонварӣ аст. Ин ҳамаро ба назар гирифта, ояндаи камонвариро дар Тоҷикистон офтобӣ гуфтан мумкин аст.

– Аз суханҳои Шумо ман ҳаминро фаҳмидам, ки дар ҳоли ҳозир камонварии мо қудрати таъмини рӯзгори камонварро надорад, ҳамин тавр?

– Ман дар ҳама баромадҳоям мегӯям, ки мо то варзиши касбӣ надошта бошем, наметавонем ба натиҷаҳои дилхоҳ бирасем ва ба воситаи варзиш рӯзгору эҳтиёҷоти варзишгаронро таъмин кунем. Дар ин шабу рӯз бо варзиш, махсус бо камонварӣ зиндагӣ кардан хеле душвор аст.


Давлатмурод Каримов: “Ҳар як соҳаи эҷод ҳатман ҳадафи идеологию сиёсӣ дорад, аз ҷумла филмҳои аниматсионӣ низ”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед