Ru  | Tj
17 варзишгари тоҷик дар 100-гонаи беҳтарини ҷудокорони ҷаҳон қарор гирифт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

17 варзишгари тоҷик дар 100-гонаи беҳтарини ҷудокорони ҷаҳон қарор гирифт
Акс: judo.tj

17 варзишгари тоҷик дар 100-гонаи беҳтарини ҷудокорони ҷаҳон қарор гирифт

Нашр шуд

Мавқеъи ҷудокорони тоҷик пас аз мусобиқаи «Dushanbe Grand Prix 2023» дар радабандии ҷаҳонӣ тағйир ёфт.

Тибқи иттилои вебгоҳи varzishtv.tj, баъди ширкат дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Prix 2023» ҷудокорони тоҷик мавқеъашонро дар радабандӣ (рейтинг)-и ҷаҳонӣ беҳтар карданд.

Ба навиштаи ин манбаъ, Темур Раҳимов мавқеъашро дар зинаи аввали вазни беш аз 100 кг ҳифз кард. Ҳамзамон Меҳрзод Сӯфиев, ки дар «Dushanbe Grand Prix 2023» дар вазни то 60 кг медали биринҷӣ гирифт, мавқеъаш дар раддабании ҷаҳонӣ 249 зина боло шуд.

Барандагони медалҳои тиллои «Dushanbe Grand Prix 2023» - Обид Ҷебов (-66кг) 66 зина, Сомон Маҳмадбеков (-81кг) 12 зина, Комроншоҳи Устопириён 4 зина, барандагони медалҳои нуқра - Шодмон Ризоев (-81кг) 15 зина ва Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) 9 зина боло шуданд.

Дар баробари ин Шакармамад Мирмамадов (+100кг) 133 зина, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг) 59 зина, Мавлуда Одинаева (-63кг) 97 зина боло баромаданд.

Мадина Қурбонзода (-48кг) дар аввалин иштирокаш дар мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо 182 хол гирифта, дар ҷойи 92-юм мавқеъ дорад.

Ҳамин тариқ, агар қабл аз Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Давҳа Тоҷикистон 11 варзишгар дар 100-гона дошт, ҳоло 17 варзишгари тоҷик ба ТОП 100-и ҷудои ҷаҳон шомил ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Prix 2023», ки рӯзҳои 2-4 июн дар Душанбе баргузор шуд, се медали тилло, се нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

Тими мунтахаби Тоҷикистон бошад аз рӯйи медалҳои тилло дар Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ миёни 40 давлати иштирокдор мақоми аввалро касб кард.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед