Ru  | Tj
200 нафар афсари ҷавон ба артиши Тоҷикистон шомил шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

200 нафар афсари ҷавон ба артиши Тоҷикистон шомил шуд
Акс: Вазорати мудофиаи Тоҷикистон

200 нафар афсари ҷавон ба артиши Тоҷикистон шомил шуд

Нашр шуд

Ба ҳайати Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ахиран гурӯҳи наздик ба 200-нафараи афсарони ҷавон зам шуд. Донишгоҳи низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хатмкунандагони навбатии худро ба сафҳои Артиш ва дигар сохторҳои қудратии ин кишвар гусел кард.

Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар ин маросим фармоиши вазири мудофиа дар хусуси ба вазифаҳо таъйин намудани хатмкунандагони ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ қироат карда шуд, ки тибқи он афсарони ҷавон вобаста ба ихтисосҳои ҳарбӣ дар ҳайати сохторҳои қудратии ин кишвар тақсим карда шуданд.

Дар ҷараёни ин ҳамоиши низомӣ ба хатмкунандагони ин муассисаи олии таълимии ҳарбии Тоҷикистон дипломи хатм супорида шуд.

Баъд аз анҷоми қисмати расмии ҳамоиши мазкур гузашти низомии афсарони ҷавон дар як саф бо ҳайати устодону дигар курсантон доир гардид.

Хотиррасон менамоем, ки Донишгоҳи ҳарбӣ дар тобеияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 ба ин сӯ амал мекунад, ки он аз рӯйи 18 ихтисос мутахассисони низомиро барои Артиши Тоҷикистон омода месозад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед