Ru  | Tj
24 ҳазор долар мукофот барои даст кашидан аз телефон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

24 ҳазор долар мукофот барои даст кашидан аз телефон
Акс: аз манбаъҳои боз

24 ҳазор долар мукофот барои даст кашидан аз телефон

Нашр шуд

Дар Узбекистон ба мактабе, ки донишомӯзонаш аз телефон даст кашиданд  24 ҳазор долар мукофотпулӣ тақдим шуд.

Зоир Мирзоев, раиси вилояти Тошканд ба мактаби рақами 17-и шаҳри Ангрен, ки дар аввали моҳи март ташаббуси “Мактаби бе телефон”-ро ҷорӣ карда буд, 300 милён сӯм (23,6 ҳазор долар) ҳадя кард. Дар ин бора вебгоҳи gazeta.uz хабар дод.

Гуфта мешавад, ки дар ин муассисаи таълимӣ 50 рӯз боз донишомӯзон дар вақти дарс аз телефон истифода намекунанд.

“Кӯдакон метавонанд бо телефон ба мактаб омада, онҳоро барои нигоҳдорӣ дар ҷойи махсус ҷудошуда гузоранд. Ин тасмим ба он нигаронида шудааст, ки таваҷҷуҳи донишомӯзон ба гирифтани дониш равона карда шавад”, - гуфта мешавад дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки моҳи феврал Зоир Мирзоев, раиси вилояти Тошканди Узбекистон аз муассисаҳои таълимии ин вилоят даъват карда буд, ки ин ташаббусро амалӣ созанд.

Раиси вилояти Тошканд гуфт, ки дар мувофиқа бо волидон, донишомӯзон ва омӯзгорон аз истифодаи телефон дар ҳудуди мактаб манъ карда шаванд. Сипас раиси ин вилоят ба мактабҳое, ки ин ташаббусро амалӣ мекунанд, 300 милён сӯм мукофотпулӣ ваъда кард.

Баъд аз ин аз рӯзи 6-уми март дар мактабҳои №13 ва 17-и шаҳри Ангрен низоми “Мактаби бе телефон” ҷорӣ карда шуд.

Гуфтанист, соли 2023 ЮНЕСКО даъват кард, ки истифодаи смартфон дар мактабҳо манъ карда шавад, то мушкилоти интизом дар синфхонаҳо ҳал шуда, сатҳи омӯзиш беҳтар шавад.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон тибқи Қонуни маориф овардан ва истифодаи телефон барои донишомӯз ва донишҷӯён дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ манъ аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед