Ru  | Tj
2 агрегати Роғун 1млрд 700 млн квт/с барқ коркард кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

2 агрегати Роғун 1млрд 700 млн квт/с барқ коркард кардааст

2 агрегати Роғун 1млрд 700 млн квт/с барқ коркард кардааст

Нашр шуд

Иншооти бузурги энергетикии Роғун , ки сохтмони он дар Тоҷикистон идома ёфта истодааст ва то инҷониб ду агрегати он дар солҳои 2018 ва 2019 ба истифода дода шудааст, беш аз 1 миллиарду 700 млн квт/с барқ коркард кардааст. Ва ин дар ҳолест, ки агрегатҳои  НОБ-и Роғун бо иқтидори  минималӣ кор карда истодааст.

Дар гузориш гуфта шудааст, ки барои афзоиши иқтидори истеҳсолии агрегатҳо об ҷамъоварӣ карда мешавад.
Дар маҷмӯъ, дар толори турбинаҳои НБО Роғун насби шаш агрегати гидроэнергетикии 600 МВт бо турбинаҳои радиалӣ-меҳварӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз руи нақша, сохтмони истгоҳ соли 2033 ба анҷом расида, пурра коркарди нерӯи барқро оғоз мекунад.

Барои бунёди истгоҳи Роғун имсол 2,1 миллиард сомонӣ маблағ аз буҷаи давлат ҷудо карда мешавад. Тибқи иттилои Вазорати молия, аз ин миқдор 1,3 миллиард сомонӣ аллакай дар нимсолаи аввали соли равон харҷ шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, аз оғози сохтмони НБО Роғун аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 28 миллиард сомонӣ сарф шудааст.

Коршиносон ба он ақидаанд, ки пас аз пурра ба кор даровардани нерӯгоҳ, истеҳсоли миёнаи солонаи нерӯи барқ дар як сол беш аз 17,0 миллиард кВт / соатро ташкил хоҳад дод.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед