Ru  | Tj
Ҷаласаи Байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон: марзҳо кай кушода мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон: марзҳо кай кушода мешаванд

Ҷаласаи Байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон: марзҳо кай кушода мешаванд

Нашр шуд

Рузҳои 28-29 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон зери роҳбарии Қоҳир Расулзода сарвазири Тоҷикистон ва Абдулло Орипов сарвазири Ӯзбекистон дар масъалаи барқарор ва рушд  намудани ҳамкориҳои иқтисоди-тиҷорӣ ва фарҳангӣ-иҷтимоъи баргузор хоҳад шуд.

Масъалаи муҳими, ки ҳам шаҳрвандони ду кишвар ва ҳам тибқи мавзуи вохурии пешбинишуда, ин боз намудани сарҳадҳо ва авиахатсайрҳо мебошад.

Инчунин масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои буда ва бастани шартномаҳои нав дар соҳаи тиҷорат ва савдо, нақлиёт, энергетика.

Бояд хотиррасон кунем, ки Пандемияи коронавирус зарбаи шадиде ба ҳамкориҳои дуҷониба, ки то он замон бо суръат дар ҳамаи самтҳо меафзоид таъсири худро гузошт.

Ҳаҷми додугирифт байни ду давлат бори аввал коҳиш ёфт дар солҳои охир.Тоҷикистон аз аввали соли 2020 ба маблағӣ 35 млн.дол ба Узбекистон содирот намудааст ва Ӯзбекистон бошад ба маблиғӣ 113 млн.дол. маҳсулот ворид кардааст

Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 октябр сарҳадҳоро барои ҳамаи намуди нақлиёт бо риояи як қатор амалҳои пешгирии коронавирус мекушояд. Тоҷикистон интизори кушода шудани сарҳадҳо мебошад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед