Ru  | Tj
Ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон анҷом расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон анҷом расид

Ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон анҷом расид

Нашр шуд

Ҷаласаи навбатии байниҳукумати миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки барои барқарор ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф аз қабили тиҷорат ва иқтисод, нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва илм, гумрук, энергетика ва ғайра равона карда шуда буд, шоми 29 сентябри соли ҷорӣ ба итмом расид.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳамгироӣ, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди барраси қарор гирифтанд. 

Дар кори ҷаласа ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва ҳайати Ӯзбекистон таҳти раёсати сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов иштирок доштанд. 

Ҳамзамон зо маротиба афзудани гардиши мол миёни ду кишвар нисбат ба соли 2015 ва 2019 қайд карда шуд, ки ин ҳам аз 12 млн. ба 362 млн. расид. 

Ин ҷаласа низ бе самар анҷом нашуд, чун ки тибқи барномаи ба нақша гирифта шуда бо иштироки ҳайатҳои расмӣ зери роҳбарияти Сарвазирони ду давлат ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бизнесфоруми дустӣ баргузор шуд. 

Пас аз бизнес-форуми баргузор гардида, ки дар он 300 намояндаҳои ширкатҳо аз ҳарду кишвар иштирок намуданд 15 созишнома ба маблағи 50 млн. дол вобаста ба ҳамаи соҳаҳои фаъолияти иқтисоди баста шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед