Ru  | Tj
Ҳамкории “Роспотребнадзор” бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамкории “Роспотребнадзор” бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон

Ҳамкории “Роспотребнадзор” бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон

Нашр шуд

Мутахассисони миссияи WHO-GOARN-и “Роспотребнадзори Федератсияи Россия” бо роҳбарии Александр Семенов қайд намуданд, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон таҷрибаи ба даст овардаашро барои рушди соҳаи вирусолгӣ истифода хоҳад кард. 

Мақсади ҳамкории вирусологҳои ҳар ду кишвар ин мубодилаи таҷриба ва омузонидани кор ба мутахассисони Тоҷикистон мебошад.

Мутахассисони миссия ба тамоми шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ барои татқиқот тақсим шуданд ва бо мутахассисони маҳалли омузонданд.

Инчунин иброз дошт Александр Семенов, доктори илмҳои биологӣ, профессор  вирусолог: "Ҳадафи мо шикасти сирояти вирусӣ аст ва дар ин қисмат мутахассисони мо таҷриба ва малакаи худро ба ҳамдигар нақл карданд. Русия дар ин вазъияти душвор яке аз аввалинҳо шуда ба муроҷиати дӯстон дар Осиёи Марказӣ посух дод ва кумаки зарурӣ расонд".

Ба гуфтаи профессор коронавирус дер ё зуд аз байн меравад, аммо кадрҳои пайдошуда хоҳанд монд.

Коронавирус дар Тоҷикистон бори нахуст 30 апрели соли ҷорӣ ба қайд гирифта шуд. То имруз 9769 нафар бемор шуда 76 нафар ҷонбохтанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед