Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Амри Тоқаев: Аз ҳар як лоиҳаи муҳими сармоягузорӣ як додситон назорат кунад
Нашр шуд
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев гуфт, ба ҳар як лоиҳаи муҳими сармоягузорие,ки дар ин кишвар амалӣ мешавад, як корманди додситонӣ бояд назорат барад. Дар ин бора рӯзи 19-уми апрел дар ҷаласаи марбут ба рушди иқтисодиву иҷтимоии Қазоқистон эълом шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Тоқаев.
Ба гуфтаи ӯ, пурзӯр кардани нақши додситонӣ дар ин раванд имкон медиҳад, ки низоми масъулияти дастаҷамъӣ ба роҳ монда шуда, кормандони давлат аз қабули қарори нодуруст парҳез кунанд.
Илова бар ин иқдоми мазкур самаранокии кори ҷалби сармояро афзоиш дода, кафолати амнияти маблағҳои соҳибкорони хориҷӣ, ки ба лоиҳаҳои Қазоқистон сармоягузорӣ кардаанд, таъмин мекунад.
Бар асоси омори расмӣ, соли 2022 Қазоқистон 28 миллиард доллар сармояи мустақими хориҷиро ҷалб кард, ки ин нишондод дар даҳ соли охир рекордӣ аст.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки ҳаҷми бештари сармоягузориҳо, яъне беш аз 43%-и ҳаҷми умумӣ ба бахши истихроҷи маъдан рост меояд, дар ҳоле ки сармоягузорӣ ба саноати коркард ҳамагӣ панҷякро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, ба навиштаи ин манбаъ, раисҷумҳури Қазоқистон дар ҷаласа таъкид кард, ки барои ба сафи кишварҳо бо даромади боло шомил шудани ин кишвар зарур аст, то рушди солонаи иқтисодӣ дар сатҳи 6%, яъне якуним баробар бештар аз суръати феълӣ таъмин шавад.
Аз сӯйи дигар Тоқаев ҳамчунин масъалаи таваррум дар Қазоқистонро, ки ба гуфтаи ӯ, дар моҳи феврал ба 21,3% расид, матраҳ карда, дар робита ба ин супориш дод, то дар соли 2023 мизони таваррум дар ин кишвар коҳиш дода шавад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед