Ru  | Tj
Ғарқ шудани шаш ноболиғ дар обҳои Тоҷикистон. Чор нафари онҳо бародару хоҳар буданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ғарқ шудани шаш  ноболиғ дар обҳои Тоҷикистон. Чор нафари онҳо бародару хоҳар буданд
Акс: riadagestan.ru

Ғарқ шудани шаш ноболиғ дар обҳои Тоҷикистон. Чор нафари онҳо бародару хоҳар буданд

Нашр шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ду бародарони ноболиғ, сокинони кӯчаи С. Садирови ноҳияи Восеъ ғарқ шуданд, ки яке 13 ва дуюмӣ 11 сол дошт. Ин ду бародар ҳангоми оббозӣ дар қаламрави ҷамоати Ҳулбук, маҳаллаи Сино ғарқ шудаанд.

Гуфта мешавад,  модарони имдодгарони дастаи махсуси зудамали наҷоти минтақаи Кӯлоб ҷасади ноболиғонро пайдо карда ва волидонаш супурдаанд.

Дар баробари ин, ба гуфтаи ин ниҳод, як писари ноболиғи 13-солаи дигар, истиқоматкунандаи деҳаи Тутаки ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг ҳангоми оббозӣ дар обанбори оби заминҳои полезӣ ғарқ шудааст. Сабаби марги ноболиғ оббозӣ дар макони мамнӯъ ва беназоратии волидон гуфта шудааст.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи Кумитаи ҳолатҳои фақулодаи Тоҷикистон, як сокини 14-солаи кӯчаи Ҳамзаалиеви шаҳри Хуҷанд рӯзи 3-уми майи ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сир ғарқ шудааст.

Фоҷеаи дигар дар дар ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст. Як духтарчаи 7-сола, сокини деҳаи Навбунёд-5, ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳия, ки мехост бародари ғарқшудаашро наҷот диҳад, вориди оби канал шуда, ба қубури обгузари андозаи 1,5м -3м даромада, ғарқ мешавад.

Дар ин замина ин ниҳод ёдовар мешавад, ки аз аввали соли равон дар обҳои ин кишвар 47 нафар ғарқ шудаанд, ки 26 нафари онҳо кӯдакони сини то 16-сола ҳастанд.

Бо назардошти ин ҳодисаҳои таъсуфбор ниҳоди мазкур бори дигар ба таваҷҷуҳи падарону модарон мерасонад, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд. Тазаккур дода мешавад, ки ин ҳодисаҳои маргбор маҳз бо сабаби беназорат мондани наврасон аз сӯйи калонсолон рух додааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед