Ru  | Tj
Ҳаросафканҳо ва ҳамлаҳои киберӣ таҳдидоти умумӣ барои ИДМ аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳаросафканҳо ва ҳамлаҳои киберӣ таҳдидоти умумӣ барои ИДМ аст
Акс: аз манбаъҳои боз

Ҳаросафканҳо ва ҳамлаҳои киберӣ таҳдидоти умумӣ барои ИДМ аст

Нашр шуд

Маркази зиддиҳаросафкани ИДМ таъкид кардааст, ки интернет ҳамчунон бо мақсади созмондиҳӣ, омодагӣ ва сармоягузории фаъолиятҳои ҳаросафкан (террористӣ) истифода шуда, тавваҷуҳи асосӣ ба тундрав шудани ҷавонон аст.

Фаъолияти созмонҳои ҳаросафкан байнулмиллалӣ ва ҳамлаҳои киберӣ таҳдидҳои умумӣ барои кишварҳои узви ИДМ мебошанд. Дар ин бора дар нишасти XVII раҳбарони марказҳои миллии зиддиҳаросафкани кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи 10-уми апрел дар Маскав баргузор шуд, таъкид шуд.

"Дар ҷаласа вазъи мубориза бо ҳаросафкан ва ифротгароӣ дар фазои ИДМ арзёбӣ шуда, табодули таҷрибаи миллии зиддиҳаросафкан сурат гирифта, маҷмуъи тадбирҳо барои таҳким ва рушди ҳамкориҳо муқаррар карда шуд", - хабар медиҳад дафтари матбуотии Маркази зиддиҳаросафкани ИДМ.

"Омилҳои калидии таъсиргузор ба пайдоиш ва густариши таҳдидҳои дорои хусусияти ҳаросафкан барои ИДМ фаъолияти созмонҳои ҳаросафкани байнулмилалӣ дар қаламрави Афғонистон, дар минтақаи Сурияву Ироқ, ҳамчунин ҳодисаҳои Укроин ва Ховари миёна мебошад», - таъкид карданд ширкаткунандагони ин ҷаласа.

Дар идома зикр мешавад, ки таҳдидоти ҳаросафкан аз ҳисоби афзоиши хатари воридоти ғайриқонунии аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ ба қаламрави ИДМ, истифодаи навтарин дастовардҳои иттилоъотӣ ва фаннӣ дар фаъолияти ҷиноӣ, аз ҷумла ҳуши маснуъӣ, системҳои бесарнишин ва дигар муҷтамаъҳои роботсозишуда ба таври назаррас афзоиш меёбад.

Таҳдиди ҳамлаҳои киберӣ ба зерсохтҳои муҳими иттилоъотӣ, низоми мудирияти иншооти саноатӣ, муҷтамаъи сӯзишворӣ-энергетикӣ ва таробарӣ (нақлиёт) низ вуҷуд дорад.

Афзун бар ин интернет ҳамчунон бо мақсади ташкил, омодасозӣ ва сармоягузории фаъолиятҳои ҳаросафкан бо таваҷҷуҳ ба тундгароии ҷавонон истифода мешавад.

Бояд гуфт, ки дар ҷаласаи XVII раҳбарони марказҳои миллии зиддиҳаросафкани кишварҳои узви ИДМ намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон, 10 ниҳоди ИДМ ва ҳамчунин намояндагони сохтори минтақаии зиддиҳаросафкани СҲШ, СПАД ва Гурӯҳи авруосиёӣ зидди қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ ва сармоягузории ҳаросафканӣ (терроризм) иштирок доштанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед