Ru  | Tj
Ҳавои номусоиди баҳорӣ. Партоби мушакҳои зидди жола, бориши шадид ва фаромадани сел дар манотиқи Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳавои номусоиди баҳорӣ. Партоби мушакҳои зидди жола, бориши шадид ва фаромадани сел дар манотиқи Тоҷикистон
Аксҳо: Кумитаи рухдодҳои фавқулодаи Тоҷикистон

Ҳавои номусоиди баҳорӣ. Партоби мушакҳои зидди жола, бориши шадид ва фаромадани сел дар манотиқи Тоҷикистон

Нашр шуд

Кумитаи рухдодҳои фавқулодаи Тоҷикистон барои ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ ва боғҳо дар як шабонарӯзи охир 12 мушаки зидди жола партоб кардааст.

Тибқи иттилоъи ин ниҳод, бо ҳадафи ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ аз жола 15-уми апрел аз соати 00:37 то 02:22 Кумитаи рухдодҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истифода аз 12 мушаки зидди жола дар шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон 5 хатари раъду барқро бартараф кард.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин амалиёт садҳо ҳектор замини кишти зироатҳои гуногуни кишоварзӣ ва боғҳо аз хатари эҳтимолӣ ва зарари жола эмин монданд.


Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Кумитаи рухдодҳои фавқулоддаи Тоҷикистон тайи 24 соати охир дар як қатор манотиқи ин кишвар фаромадани сел ба сабт расидааст. 

Ҳамин тавр 15-уми апрел дар деҳаи Чилчаи ҷамоати деҳоти Чилчаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон бар асари боришоти тӯлонӣ заминҳои наздиҳавлигӣ ва саҳни ҳавлии чаҳор сохтмон (бино)-и маскунии шаҳрвандон зери об монд.

Ҳамчунин боришоти шадид боиси омадани сел дар деҳаи М.Турсунзода, деҳаҳои Мавҷ, Турди ҷамоати деҳоти Зайнабобод, деҳаҳои Кишоварз, Шараф-2, Иқбол-2, Ҳаёти нав, Лолазор, Тубек ва Лоҳури ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рудакӣ гардид. Дар маҷмуъ дар натиҷаи балои табиъӣ заминҳои наздиҳавлигӣ ва иншооти ёрирасони 204 хонавода зарар диданд.


Ҳамзамон 15-уми апрел бар асари боришоти тӯлонӣ лағжиши замин дар рустои Роҳатии шаҳри Ваҳдат маҷрои ҷӯйи Янгирқӯрғонро баст ва дар натиҷаи ярч 4 саҳни сохтмонии маскунии сокинони маҳаллӣ қисман осеб дид.

Таъкид мешавад, ки гурӯҳи кории Кумитаи рухдодҳои фавқулодаи Тоҷикистон, наҷотдиҳандагон ва сокинони маҳаллӣ бо истифода аз таҷҳизоти вижа барои рафъи пайомади боришоти ахир талош доранд. Хушбахтона дар натиҷаи балоҳои табиъӣ рӯзҳои охир талафоти ҷонӣ ба сабт нарасидааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед