Ru  | Tj
Аз 1 май дар Қирғизистон нархи барқ 11% гарон мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аз 1 май дар Қирғизистон нархи барқ 11%  гарон мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Аз 1 май дар Қирғизистон нархи барқ 11% гарон мешавад

Нашр шуд

Дар Қирғизистон аз оғози моҳи майи соли равон арзиши неруи барқ наздики 11 дарсад боло бурда мешавад.

Тибқи иттилоъи Вазорати энергетикаи Қирғизистон, нархи як киловатт-соат барои аҳолӣ дар Қирғизистон 11 тин афзуда, ба 1,11 сом баробар мешавад. Дар сурати масрафи барқ  зиёда аз 700 киловатт-соат арзиши он 2,39 сомро ташкил медиҳад. Барои оилаҳои нодор нархи барқ 5 тин афзуда, ба 55 тин мерасад.

Масрафкунандагони барқ аз ҷумлаи ниҳодҳои буҷаӣ дар Қирғизистон барои як кв-соат бар  3,76 сом (қаблан 2,87 сом) месупоранд.

Дар баробари ин нархи барқ барои истифодаи номаҳдуд  3,63 сом (қаблан 3,27 сом) хоҳад буд.

Ҳамчунин барои корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, нархи як киловатт-соат барқ аз 2,87 то 3,18 сом (аз 0,032 то 0,036 долар) боло хоҳад рафт.

Ҳамчунин нархи неруи барқ барои корхонаҳои тавлиди симон дар Қирғизистон аз 3,27 то 3,63 сом (аз 0,037 то 0,041 долар) барои як киловатт соат афзоиш меёбад.

Дар корхонаҳои истихроҷи тило ва оҳангудозӣ, истеҳсолкунандагони машрубот ва тавлиди рамзарз низ барои барқ бештар пардохт хоҳанд кард. Барои ин бахши масрафкунандагон нархи як кв-соат барқ аз 5,04 то 5,58 сом (аз 0,057 то 0,063 доллар) афзоиш хоҳанд ёфт.

Дар ҳамин ҳол қаблан "LogiStan" иттилоъ дода буд, ки Қирғизистон воридоти неруи барқро дар соли 2023 тақрибан 25% зиёд кард.

Ин манбаъ бо такя ба маълумоти расмӣ  навишт, дар соли 2023 Қирғизистон 3,46 милярд киловатт-соат неруи барқ аз хориҷ ворид кардааст.

Гуфта мешавад, ки ин нишондиҳанда  нисбат ба соли 2022  670 млн киловатт-соат ё 24 дарсад зиёд аст.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки камбуди солонаи неруи барқ дар Қирғизистон ба 3,4 милярд киловатт-соат мерасад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед