Ru  | Tj
Аз гӯрҳои дастҷамъӣ дар бемористонҳои Ғазза тақрибан 400 ҷасад берун оварда шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аз гӯрҳои дастҷамъӣ дар бемористонҳои Ғазза тақрибан 400 ҷасад берун оварда шудааст
Акс: Ҳасан Аслиҷ

Аз гӯрҳои дастҷамъӣ дар бемористонҳои Ғазза тақрибан 400 ҷасад берун оварда шудааст

Нашр шуд

Мақомоти Ғазза мегӯянд, ки дар ду бемористони ин минтақа 392 ҷасадро аз гӯрҳои дастҷамъӣ берун овардаанд ва дар бархе аз ин ҷасадҳо осори шиканҷа мушоҳида мешавад.

Ба гузориши “Ал-Ҷазира”, мақомоти дифоъи кишварии Ғазза 25-уми апрел эълон карданд, дар миёни ҷасадҳое, ки берун кашида шуданд, ҷасадҳои кӯдакону занон ва пиронсолон низ ҳастанд.

Ба навиштаи ин манбаъ, ин мақомот "тафсилоти нави даҳшатноки қабрҳои дастҷамъӣ дар атрофи бемористонҳои Носир ва Аш-Шифоро ошкор карданд".

"Ал-Ҷазира" аз қавли Муҳаммад Муғир, як масъули дифоъи кишварии Ғазза гуфтааст,  "даҳ ҷасад бо дастҳояшон баста ёфт шуд ва баъзеи дигар то ҳол ба онҳо лӯлаҳои пизишкӣ часпонида шуда буданд, ки ҳокӣ аз он аст, ки беморон зинда дафн шудаанд".

Вай афзуд, ки барои 20 ҷасад, ки ба назари онҳо "зинда ба зинда дафн шудаанд" ба ташхиси тиббӣ ниёз доранд.

“Ал-Ҷазира” ҳамчунин аз қавли Яман Абусулаймон, раиси Идораи дифоъи кишварӣ дар шаҳри Хон Юнус дар ҷануби Ғазза навиштааст, дар миёни ҷасадҳое, ки аз бемористони Носир дар ин минтақа кашф шудаанд, танҳо 65 ҷасадро наздиконашон шиносоӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Фолкер Тюрк, нозири олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид  хостори "тафтишоти мустақил, муассир ва шаффоф" дар мавриди гӯрҳои дастҷамъӣ дар бемористонҳои Ғазза шуд.

Вай гуфт, ки бемористонҳо тибқи қонунҳои байналмилалии башардӯстона муҳофизати хоса доранд ва куштори барқасдонаи ғайринизомиён, асирон ва дигар афроди дар ҷанг қарордошта ҷинояти ҷангӣ аст.

Бояд гуфт, ки пас аз хуруҷи неруҳои исроилӣ аз ин бемористонҳо дар авоили моҳи ҷорӣ дар бемористонҳои Ғазза қабрҳои дастҷамъӣ кашф шудаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед