Ru  | Tj
Барои аввалин бор тими миллии футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Барои аввалин бор тими миллии футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Акс: аз манбаъҳои боз

Барои аввалин бор тими миллии футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Нашр шуд

Дастаи яккачини футзали Тоҷикистон ба даври нимниҳоии Ҷоми Осиё-2024 расида, соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон шуд.

Дастаи миллии футзали Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд бар дастаи миллии Афғонистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, ба даври нимниҳоӣ расид ва ҳамчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2024 шуд.

Қобили зикр аст, ки дастаи миллии футзали Тоҷикистон бори аввал ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфта, дар Ҷоми ҷаҳонӣ ширкат хоҳад кард.

Бозии чорякниҳоии тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон дар Ҷоми Осиё-2024 рӯзи 24-уми апрел дар бунгоҳи варзишии Хуамарки шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд.

Вақти асосии бозӣ миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Афғонистон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом шуд.

Барои муайян кардани ғолиб 10 дақиқа вақти изофӣ таъйин шуд ва голи ҳалкунандаи дастаи Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров дар дақиқаи 47-ум аз пеналтӣ вориди дарвозаи рақиб кард.

Ҳамин тавр дастаи миллии футзали Тоҷикистон аввалин бор ба даври нимниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфта, соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонӣ гардид.

Тими миллии Тоҷикистон дар нимниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо ғолиби ҷуфти чорякниҳоӣ Тайланд – Ироқ бозӣ хоҳад кард. Бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзи ҷумъаи 26-уми апрел ва бозии ниҳоӣ рӯзи 28-уми апрел баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки 16 дастаи яккачини ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуда буд. Аз гурӯҳи “А” Тайланд ва Ветнам, аз гурӯҳи “В” Узбекистон ва Ироқ, аз гурӯҳи "С” Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз гурӯҳи “D” Эрон ва Афғонистон ба плей-офф роҳ ёфтанд.

Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин, ба истиснои тими мизбон - Узбекистон, ба Ҷоми ҷаҳон-2024 роҳхат мегиранд. Ҷоми ҷаҳон-2024 аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар шаҳрҳои Тошканд, Андиҷон ва Бухоро баргузор мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед