Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон чаҳор номзад сабтином шудааст
Нашр шуд
Коргурӯҳи марказии интихоботи Узбакистон дар ҷаласаи рӯзи 5-уми июн чаҳор номзади интихоботи пеш аз муҳлати раёсатҷумҳурии ин кишварро, ки рӯзи 9-уми июл баргузор мешавад, сабтином кард.
Тибқи иттилои вебгоҳи nuz.uz, дар баргаҳои раъйдиҳӣ ба ҷуз аз раисҷумҳури феълӣ Шавкат Мирзиёев, ки аз ҷониби Ҷунбиши соҳибкорон ва соҳибкорон – Ҳизби Либерал-Демократӣ пешбарӣ шудааст, ҳамчунин исми Улуғбек Иноятов аз Ҳизби Халқии Демократии Узбакистон, Робахон Маҳмудова аз Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат" ва Абдушукур Ҳамзаев аз Ҳизби экологӣ шомил мешавад.
Ҳамзамон ҳизби порлумонии «Миллий тикланиш» бо пуштибонӣ аз номзадии Шавкат Мирзиёев тасмим гирифт, ки номзади худро барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон пешбарӣ накунад.
Гуфта мешавад, ки аз будҷаи давлат дар умум барои таблиғоти ҳизбҳо 19 миллиарду 655 миллион сӯм (1 милюну 650 ҳазор доллар) ва ё барои ҳар як аз чаҳор номзади сабтиномшуда 4 миллиарду 914 миллион сӯм (428 ҳазор доллар) ҷудо шуд. Хароҷоти умумии ташкил ва баргузории интихоботи пеш аз мУҳлати раёсатҷумҳурӣ дар Узбакистон 174,13 миллиард сӯм (15 милюн доллар)-ро ташкил медиҳад. Маъракаи интихоботӣ интихоботии номзадҳо рӯзи 7-уми июн оғоз мешавад.
Бояд гуфт, ки интихобот пеш аз муҳлати раёсатҷумҳурӣ пас аз қабули таҳрири нави Қонуни асосии Узбакистон, ки аз 1-уми майи соли равон эътибор пайдо кард, эълон шуд.
Дар он аз 5 то 7 сол тамдид кардани муҳлати фаъолияти раисҷумҳур пешбинӣ шудааст. Ба ин тартиб, дар сурати пирӯзӣ Шавкат Мирзиёев дар интихоботи моҳи июл ҳадди ақалл то соли 2030 раҳбарии Узбакистонро бар уҳда хоҳад дошт.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед