Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Беҳтарин челонгар, тракторрон ва устои барқ миёни омӯзишгоҳҳои касбӣ маълум мегардад
Нашр шуд
Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон озмунеро таҳти унвони «Малакаи касбӣ» роҳандозӣ кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳадафи ин иқдом тарғиби донишҳои назарӣ ва амалӣ, интихоби касб, фароҳам овардани шароити муносиб барои дарёфти хонандагони лаёқатманд, тақвияти тафаккури техникӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аст.
Гуфта мешавад, ки озмуни «Малакаи касбӣ» дар соли 2023 аз рӯйи ихтисосҳои фановариҳои иттилоотӣ, челонгари таъмири автомобил, ронандаи мошинолоти кишоварзӣ ва устои барқ баргузор мешавад.
Зикр мешавад, ки рӯзи 31-уми май дар Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе бо ҳузури Гулнора Ҳасанзода, вазири кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни «Малакаи касбӣ» байни муҳассилин оғоз шуда, давоми се рӯз идома меёбад.
Бояд гуфт, ки аз шумораи умумии 242 нафар иштирокдори озмун, аз рӯйи ихтисоси Системаи компютерӣ ва интернет-технология 15 нафар, челонгари таъмири муҳарики автомобил 19 нафар, устои таъмир ва хидматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ 22 нафар ва аз рӯйи ихтисоси тракторрон-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ 15 нафар ба даври ниҳоии ин озмун роҳ ёфтанд.
Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» иштирокдорон аз 35 омӯзишгоҳи касбии таълими шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон иштирок доранд.
Тибқи иттилои расмӣ дар сохтори Вазорати меҳнат беш аз 60 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо аз рӯйи 97 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода мешавад ва дар айни замон дар ин таълимгоҳҳо беш аз 20 ҳазор донишомӯз таҳсил менамояд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед