Ru  | Tj
Беш аз 1 милён сомонӣ. Ҷоизаи пулии мусобиқаи байнулмилалии куштии миллӣ эълом шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Беш аз 1 милён сомонӣ. Ҷоизаи пулии мусобиқаи байнулмилалии куштии миллӣ эълом шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Беш аз 1 милён сомонӣ. Ҷоизаи пулии мусобиқаи байнулмилалии куштии миллӣ эълом шуд

Нашр шуд

Рӯзи 8-уми март дар пойтахти Тоҷикистон Панҷумин мусобиқаи байнулмилалии куштии миллӣ барои дарёфти "Ҷоми шаҳрдори Душанбе” баргузор мешавад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.
 
Ба иттилоъи ин манбаъ, дар ин мусобиқа ширкати беш аз 200 варзишкор аз 40 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
 
Гуфта мешавад, ки барои ғолибони ин мусобиқа шаҳрдории Душанбе ҷоизаҳои молӣ ба маблағи умумии 100 ҳазор долар ё беш аз 1 милён сомонӣ ҷудо кардааст.
 
Ёдоварӣ мекунем, ки соли 2022 риштаи куштии миллӣ – «куштигирӣ» мақоми байнулмилалиро соҳиб шуд.
 
Соли гузашта дар Чорумин мусобиқаи байнулмилалии куштии миллӣ байни мардон барои аз худ кардани "Ҷоми шаҳрдори Душанбе» ду паҳлавони тоҷик - Муллораҷаб Халифаев (-65 кг) ва Наврӯзи Каримзод (-71 кг) пирӯз шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед