Ru  | Tj
Беш аз 41 дарсади содироти Узбекистон тило аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Беш аз 41 дарсади содироти Узбекистон тило аст
Акс: аз манбаъҳои боз

Беш аз 41 дарсади содироти Узбекистон тило аст

Нашр шуд

Узбекистон дар моҳи марти соли равон ба маблағи 1,35 милярд долар тило содир кард. Аз аввали сол содироти тило 2 милярду 660 милён долларро ташкил медиҳад, ки 41,7 дарсади ҳаҷми умумии содироти Узбекистон аст.

Дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷии Узбекистон ба 15,8 милярд долар расид, ки нисбати соли 2023 тақрибан 1 милярд долар ё 6,2 зиёд аст. Дар ин маврид дар гузориши Ожонси омори вобастаи раёсатҷумҳурии Узбекистон зикр мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар ин муддат содироти Узбекистон бо шумули тило 10 дарсад афзуда, ба 6,38 милярд долар баробар шуд.

Аз ҷумла гуфта мешавад, ки дар семоҳаи аввал содироти тилло аз Узбекистон 10,5% афзуда, 2,66 милярд доларро ташкил дод ва ин маблағ 41,7 дарсади тамоми содиротро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар моҳи март нархи тило аз 2055 долар ба 2246 долар барои як унсия (+9,3%) афзоиш ёфт ва болоравии рекордии нархи он дар ҷаҳон идома дорад.

Гуфтанист, дар моҳи феврал Узбекистон бо фурӯши 12 тон филизи гаронбаҳо дар ҷаҳон дар ҷойи аввал қарор гирифт. Дар охири соли 2023 ин кишвар аз рӯйи фурӯши тило дар ҷаҳон дар ҷойи дуюм қарор гирифт.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед