Ru  | Tj
Беш аз 47% содироти нерӯи барқи Русия ба Қазоқистон рост меояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Беш аз 47% содироти нерӯи барқи Русия ба Қазоқистон рост меояд
Акс: аз манбаъҳои боз

Беш аз 47% содироти нерӯи барқи Русия ба Қазоқистон рост меояд

Нашр шуд

Дар семоҳаи аввали соли 2023 Русия ба Қазоқистон 977,2 миллион киловатт-соат нерӯи барқ содир намуд, хабар медиҳад нашрияи “Коммерсант”.

Гуфта мешавад, ки ин нишондод назар ба соли гузашта 219,7 миллион киловатт-соат ё худ 29 дарсад зиёд аст.

Дар ин замина зикр мешавад, ки дар умум тайи се моҳи аввали соли ҷорӣ Русия ба хориҷа 2 миллиарду 650 миллион киловатт-соат неруи барқ содир кардааст.

Тибқи омори расмӣ, масрафи нерӯи барқ дар Қазоқистон дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз 32,2 миллиард киловатт-соат гузашт. Таъкид мешавад, ки Қазоқистон назди 3 дарсади барқи мавриди ниёзи худро аз ҳисоби воридот аз Русия таъмин кардааст.

Бояд гуфт, телеграм канали LogiStan қаблан навишта буд, ки норасоии нерӯи барқ дар Қазоқистон то соли 2029 ба 5,5 миллиард киловатт-соат хоҳад расид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед