Ru  | Tj
Беш аз 90 дарсади раъйдиҳандагон аз ислоҳоти Қонуни асосии Узбакистон ҷонибдорӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Беш аз 90 дарсади раъйдиҳандагон аз ислоҳоти Қонуни асосии Узбакистон ҷонибдорӣ карданд
Акс: Sputnik / Елена Бекназарова

Беш аз 90 дарсади раъйдиҳандагон аз ислоҳоти Қонуни асосии Узбакистон ҷонибдорӣ карданд

Нашр шуд

Коргурӯҳи марказии интихоботи Узбакистон иттилоъ дод, ки дар раъйпурсии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии ин кишвар 16 миллиону 673 ҳазору 189 нафар ё худ 84,54 дарсади раъйдиҳандагон ширкат карданд.

Зайниддин Низомхоҷаев, раиси Коргурӯҳи марказии интихоботи Узбакистон рӯзи 1-уми май гуфт, ки дар раъйпурсии рӯзи 30 апрел тибқи маълумоти пешакӣ 84,54 дарсади раъйдиҳандагон ширкат карда, 90,21 дарсад ба ҷонибдорӣ аз тағйири Сарқонуни ин кишвар раъй доданд.

Инчунин 9,35 дарсади раъйдиҳандагон аз ислоҳоти Қонуни асосии Узбакистон ҷонибдорӣ накарданд. Ба навиштаи расонаҳо, ба Қонуни асосии Узбакистон 27 моддаи дигар ворид илова карда мешавад, аз ин рӯ шумори умумии онҳо аз 128 ба 155 афзоиш меёбад.

Тағйиру иловаҳо ба Қонуни асоси Ӯзбекистон, аз ҷумла тамдиди муҳлати ваколати раисҷумҳурро аз 5 то 7 сол, манъи ҳукми қатл ва манъи истирдоди шаҳрванди ин кишвар ба кишвари хориҷиро пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин тарҳи ин санад ба раисҷумҳури феълии ин кишвар Шавкат Мирзиёев имкон медиҳад, ки бори севум ба мақоми раҳбари кишвари Узбакистон интихоб шавад.

Дар баробари ин дар таҳрири нави Қонуни асосӣ пешниҳод шудааст, ки теъдоди вакилони Сенати Узбакистон аз 100 ба 65 нафар коҳиш дода шавад.

Инчунин тибқи ислоҳоти пешниҳодшуда, як шахс бештар аз ду давра наметавонад мансаби раисҷумҳур, раиси Палатаи қонунгузорӣ, раиси Сенат, раиси Додгоҳи Олӣ, раис ва муовинии раиси Шӯрои олии додрасҳо, раиси Коргурӯҳи марказии интихобот ва Додситони кулли Узбакистонро ишғол кунад.

Бояд гуфт, ки ташаббускори ислоҳоти конститутсионӣ дар Узбакистон Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури ин кишвар аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед