Ru  | Tj
Бизнес-Форуми дустии Тоҷикистону Узбекистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бизнес-Форуми дустии Тоҷикистону Узбекистон

Бизнес-Форуми дустии Тоҷикистону Узбекистон

Нашр шуд

Имруз 18 сентябр бахшида ба сафари расмии сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Тоҷикистон дар баробари як қатор ҷорабиниҳои илмиву фарҳангӣ, бизнес форуми соҳибкорони ду кишвар барои барқарор намудани доду гирифт миёни Тоҷикистону Узбакистон ки дир нимсоли охир бо сабаби сар задани пандемияи коронавирус коҳиш ёфт гузашт.

Тибқи барнома форуми мазкурро раиси палатаи савдо ва саноати ҶТ Джумахонзода Джамшед ва муовини раиси Палатаи савдои Узбекистон Усманов Фаризшоҳ расман кушодан.

Ҳамаги намояндаҳои 172 ширкатҳои хурду бузург ширкату корхонаҳои текстилӣ, саноатӣ, химиявӣ, аграрӣ, логистикӣ ва намояндаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон ширкат намуданд.

Форум бо сухани ифтитоҳии раиси палатаи савдо ва саноати ҶТ оғоз ёфта баъдан бо презентатсияи муовини минтақаи озоди иқтисодии "СУГД" Мирзоен Мирзоманон қисми аввал анҷом ёфт. Дар суҳбати В2В соҳибкорон миёни худ гуфтушунид карда созишномаҳо бастанд. Бизнес-Форум дар фазои дустиву ҳамҷаворӣ ва мақсади тақвият бахшидан ба муносибатҳои дуҷониба гузашт.

Бизнес-Форуми навбатӣ дар 28-29 сентябр баргузор хоҳад шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед