Ru  | Tj
Бизнес-инкубатори Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бизнес-инкубатори Тоҷикистон

Бизнес-инкубатори Тоҷикистон

Нашр шуд

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ марказӣ бизнес инкубаторӣ давлатӣ ифтитоҳ гардид.

Маркази мазкур барои рушди қобилият ва инкишоф додани соҳибкории ҷавонон бо кӯмаку тавсияҳои мутахассисон барои татбиқ намудани лоиҳаҳои онҳо равона карда шудааст.

Мутахассисон мегӯянд, баъзан хоҳишу талош барои кори худро оғоз намудан басанда нест, барои ҳамин ҳам дар бизнес-инкубатор ба таври фундаментали амал карданро меомӯзонад. 
Курсҳои марказ аз 3 то 12 моҳро дар бар мегирад. Дар ин муддат онҳо метавонанд лоиҳаи худро пурра коркард намуда ба сармоягузоронӣ хориҷӣ пешниҳод кунанд.

Бизнес-инкубатор аз рӯзи аввали фаъолият лоиҳаҳои баланд бардоштани дониши сармоягузорӣ, тренингҳо, мастер классҳо барои рушди соҳибкорӣ миёни занон ва ба дастовари ва ҷалби сармоя тавсияҳо медиҳад. 

Одатан дар тренингҳои Бизнес-инкубатор соҳибкорону иқтисодчиёни варзидаи Тоҷикистон Искандар Икромӣ, Ҷаҳонгир Зобиров, Абдулло Қурбонов, Азам Аҳруллоев иштирок менамоянд. Бизнес-инкубатор на танҳо дар шаҳри Душанбе балки дар дигар шаҳрҳои Тоҷикистон - Хуҷанд, Бохтар, Кулоб ва Конибодом фаъолият менамояд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед