Ru  | Tj
Боз як даргирии мусаллаҳона дар марз бо Афғонистон. Се нафар боздошт шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Боз як даргирии мусаллаҳона дар марз бо Афғонистон. Се нафар боздошт шуд
Акс: vecherka.tj

Боз як даргирии мусаллаҳона дар марз бо Афғонистон. Се нафар боздошт шуд

Нашр шуд

Маркази матбуоти Раёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон аз задухӯрди мусаллаҳона дар марз бо Афғонистон хабар дод.

Хабаргузории расмии «Ховар» ба нақл аз ин ниҳод навиштааст, ки соати 1-у 30-дақиқаи шаби 28 апрел гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони фаромиллӣ иборат аз 8 нафар марзи давлати Тоҷикистонро дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми «Тишор»-и гурӯҳи сарҳадии «Хоруғ» убур намуданд.

Ин манбаъ мегӯяд, ки ҳадафи гурӯҳи мазкур таҳти роҳбарии Додихудо, Нодиршо ва Забӣ валади Муҳаммадсахӣ, сокинони қарияи Барпанҷаи вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон қочоқи ҳаҷми бузурги маводи мухаддир ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба қаламрави Тоҷикистон будааст.

Дар идома гуфта мешавад, ки қочоқбарон ба амри марзбонони тоҷик дар хусуси таслим шудан итоат накарда, аз силоҳҳо оташ кушоданд. Дар натиҷаи посухи марзбонон марзшиканон ба оташи ҷавобӣ тоб наоварда, маводи мухаддир ва силоҳу лавозимоти ҷангиро дар ҷойи ҳодиса гузошта, бо истифода аз торикии шаб ба қаламрави Афғонистон фирор карданд.

Зикр мешавад, ки дар макони ҳодиса 3 нафар ҳаммаслаки қочоқбарони афғон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон, Эмин Домуллоҷонов, сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, Нидо Саидманзаров, сокини шаҳри Хуҷанд ва Наврас Саидмурсалов, бошандаи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздошт карда шуданд.

Да баробари ин аз ҷойи ҳодиса 45 кг маводи мухаддири сахттаъсири навъи «героин», 1 адад автомати Калашников бо 4 адад тирдон, 74 дона тир, 1 адад дурбини махсуси назорати шабона, 10 (даҳ) ҳазор доллари ИМА дарёфт ва мусодира карда шуд.

Аз сӯйи дигар бо таассуф зикр мешавад, ки ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон як нафар низомиёни Тоҷикистон ба ҳалокат расид.

Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома доранд.

Хотиррасон мекунем, ки ин ҳодисаи дуюми сарҳадшиканӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон тайи ду рӯзи охир аст. Рӯзи 26-уми апрел низ нерӯҳои марзбонӣ ва амниятии Тоҷикистон ду узви ташкилоти байналмилалии террористӣ, ки бо ҳадафи анҷоми амали террористӣ аз Афғонистон ба ин хоки кишвар ворид шуданд, нобуд кардаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед