Ru  | Tj
Чин тарҳҳои нави зерсохторӣ дар Тоҷикистонро сармоягузорӣ хоҳад кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Чин тарҳҳои нави зерсохторӣ дар Тоҷикистонро сармоягузорӣ хоҳад кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Чин тарҳҳои нави зерсохторӣ дар Тоҷикистонро сармоягузорӣ хоҳад кард

Нашр шуд

Дар Пекин ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин баргузор шуда, ҳамзамон масоили омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқуи Си Ҷинпин ба Душанбе баррасӣ шуд.

Рӯзи 8 май дар шаҳри Пекин бо ҳамраисии Завқизода Завқӣ Амин, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Лин Тсзи, муовини вазири савдои Чин ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар баргузор гардида, аз рӯи натиҷаи он санадҳои дахлдори ҳамкорӣ имзо шуд. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, Завқӣ Завқизода дар мулоқот бо Лин Тсзи гуфт, ки бо иродаи раҳбарони Тоҷикистон ва Чин ҳамкориҳои стратегии ду кишвар ба сатҳи сифатан баланд баромаданд.
 
Дар ин замина зикр мешавад, ки Чин дуюмин шарики тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар соли 2023 гардиши савдои хориҷӣ миёни ду кишвар ба 1,5 миллиард доллар расид, ки нисбати соли қабл 24,2 дарсад афзоиш ёфтааст.
 
Дар баробари ин зимни ҷаласа ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳои сохтмониро дар биноҳои нави Ҳукумат ва Парлумони Тоҷикистон ва мувофиқасозии созишномаҳои ҳамкории дахлдори сармоягузорӣ, тиҷорати электронӣ, энергетикаи нав, истихроҷи маъдан ва дигар тарҳҳоро дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ба анҷом мерасонанд.
 
Бахусус ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, лоиҳаҳои сармоягузории мушаххас, аз ҷумла лоиҳаҳои энергияи сабз, азнавсозии Ширкати “Алюминийи тоҷик”, сохтмони маркази логистикӣ дар ноҳияи Данғара, 4 роҳи чандсатҳа (эстакада) дар шаҳри Душанбе ва азнавсозии роҳи мошингарди Варшез - Қулмаро татбиқ менамоянд.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дувумин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ миёни ду кишвар ҳудуди 421,3 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба семоҳаи соли гузашта 28,2% афзоиш ёфтааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед