Ru  | Tj
Дар ҳамоиши сармоягузории Тошканд қарордодҳо ба маблағи 26,6 миллиард доллар имзо шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар ҳамоиши сармоягузории Тошканд қарордодҳо ба маблағи 26,6 миллиард доллар имзо шуданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар ҳамоиши сармоягузории Тошканд қарордодҳо ба маблағи 26,6 миллиард доллар имзо шуданд

Нашр шуд

Тибқи натиҷаҳои ҳамоиши байналмилалии сармоягузории Тошканд, қарордодҳо ба маблағи 26,6 миллиард доллар ба имзо расидаанд. Дар миёни ин лоиҳаҳо сохтмони зерсохтҳои шаҳри Тошканди нав, маркази коркарди маълумот, нерӯгоҳҳои барқӣ ва таҷдиди шабакаҳои таъминоти гармӣ қарор дорад, хабар дод хадамоти матбуоти Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон.

Ба иттилои ин манбаъ, аз ҷумла тибқи тавофуқоти ҳосилшуда ширкати Data Volt аз Арабистони Саудӣ дар Тошканди Нав ба маблағи 1 миллиард доллар зерсохтҳои шаҳрӣ ва ба маблағи 3 миллиард доллар маркази коркарди маълумот дар асоси фанновариҳои сабз бунёд мекунад.
 
Инчунин ширкати дигари Саудӣ Acwa Power ният дорад, ки дар Қарақалпоқистон як нерӯгоҳи бодӣ бо иқтидори 5 ГВт ва як дастгоҳи нигаҳдории нерӯи барқ бо зарфияти 2 ГВт ба маблағи умумии 6,2 миллиард доллар бунёд кунад.

 Ҳамзамон ширкати Amea Power аз Имороти Мутаҳидаи Араб низ дар Қарақалпоқистон бо иқтидори 1000 МВт нерӯгоҳи бодӣ ба маблағи 1,1 миллиард доллар бунёд хоҳад кард.

Аз сӯи дигар ширкати Saudi Tabrid аз Арабистони Саудӣ шабакаҳои таъминоти гармӣ дар Нуқус, Фарғона ва Қувасой бо сармоягузории 750 млн доллар таҷдид хоҳад кард.

Ба унвони яке аз рӯйдодҳои муҳими ҳамоиши Тошканд муаррифии лоиҳаҳои минтақавии энергетикӣ, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои обии Қамбарота-1 ва Ёвон ба сармоягузорони хориҷӣ буд. Муаррифии ин тарҳо бо иштироки нахуствазирони Узбакистон ва Қирғизистон баргузор шуд.
 
Гуфта мешавад, ки дар ҳамоиши байналмилалии сармоягузории Тошканд беш аз 2500 нафар аз 93 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2023 дар доираи ҳамоиши байналмилалии сармоягузории Тошканд 167 санад ба маблағи 11 миллиард доллар имзо шуда буд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед