Ru  | Tj
Дар Душанбе санги асоси бунёди сохтмонҳои нави Вазоратҳои саноат, маориф ва фарҳанги Тоҷикистон гузошта шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе санги асоси бунёди сохтмонҳои нави Вазоратҳои саноат, маориф ва фарҳанги Тоҷикистон гузошта шуд
Аксҳо: Коллажи Halva.tj

Дар Душанбе санги асоси бунёди сохтмонҳои нави Вазоратҳои саноат, маориф ва фарҳанги Тоҷикистон гузошта шуд

Нашр шуд

Рӯзи 13-уми март бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе лоиҳаи сохтусози сохтмонҳои нави вазоратҳои саноат ва фанновариҳои нав, илму маориф ва фарҳанг оғоз гардид. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ, имрӯз дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба сохтусози сохтмони маъмурии Вазорати илму маорифи Тоҷикистон санги асос гузошта шуд.

Гуфта мешавад, ки сохтмони асосии ин вазорат аз 18 ошёна ва таҳхона иборат буда, лоиҳа бо дарназардошти талаботи муосири шаҳрсозӣ омода гардидааст. 


Дар сохтмони нави Вазорати илму маорифи Тоҷикистон на танҳо барои кормандони дастгоҳи марказӣ, балки зерсохторҳои ниҳоди мазкур низ ҷойгир мешаванд. Аз ҷумла дар сохтмони нав Маркази саросарии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази саросарии фанноварии иттилоъотӣ ва иртибототӣ, Маркази барномаҳои байнулмилалӣ, Фарҳангистони таҳсилоти Тоҷикистон, ширкатҳои давлатии “Маърифат” ва “Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе" ҷой дода мешаванд.

Дар баробари ин имрӯз ба бунёди сохтмони нави Вазорати саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе низ санги асос гузошта шуд.


Сохтмони нави ин вазорат аз 16 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 14 маҷлисгоҳ, толор бо 500 ҷойи нишаст ва ошхона барои 200 нафар мебошад.

Ҳамзамон имрӯз дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе корҳои сохтусози сохтмони нави Вазорати фарҳанги Тоҷикистон оғоз гардид.


Зикр мешавад, ки сохтмони нави Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз 18 ошёна, 80 ҳуҷраи корӣ ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи муосир ва ҳунари хоси меъмории миллӣ бунёд мешавад.

Супоришгари бунёди сохтмонҳои нави вазоратҳои саноат, маориф ва фарҳанг  Идораи сохтмонсозии иншооти ҳукуматии  Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад.

Бояд гуфт, ки тайи солҳои охир дар Душанбе вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия ва тандурустӣ соҳиби биноҳои нави муосир шуданд.

Ҳамзамон дар айни замон дар шаҳри Душанбе сохтусози сохтмони нави Додгоҳи олии Тоҷикистон, Вазорати адлия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон идома дорад ва интизор аст дар соли ҷорӣ ба баҳрабардорӣ расанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед