Ru  | Tj
Дар Исфара ба мактаби ба номи Пушкин адабиёти таълимӣ тақдим шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Исфара ба мактаби ба номи Пушкин адабиёти таълимӣ тақдим шуд
Акс: Маркази русӣ дар шаҳри Хуҷанд

Дар Исфара ба мактаби ба номи Пушкин адабиёти таълимӣ тақдим шуд

Нашр шуд

Намояндагии созмони «Россотрудничество» дар Тоҷикистон ба мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №1 ба номи А.С. Пушкини шаҳри Исфара наздики 900 китоб, аз ҷумла адабиёти таълимӣ тақдим намуд.

Тавре ки масъулини ин созмон иттилоъ доданд, дар доираи ин иқдом китобхонаи мактаби мазкур бо китобҳои дарсии забон ва адабиёти рус, риёзиёт, физика, кимиё ва зистшиносӣ (биология) барои синфҳои ибтидоӣ, миёна ва болоӣ пурра гардид.

Иван Иванов, раҳбари дафтари «Россотрудничество» дар Точикистон зимни суханронӣ дар ин маросим ёдовар шуд, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ин бино як беморхонаи низомӣ буд.

«Барои мо ин як марҳалаи муҳим ва ҷудонашавандаи таърих аст, ки дар ҳеч сурат набояд фаромӯш шавад», - афзуд ӯ.

Дар баробари ин Дилором Мадшоева, мудири мактаби рақами 1-и шаҳри Исфара ба намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон аз номи ҳайати омӯзгорон, падару модарон ва хонандагони мактаб барои кумакҳои башардӯстона ва ҳамкориҳо изҳори сипос намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон наздики 40 мактаб бо забони русӣ ва зиёда аз 150 мактаб бо забони русӣ-тоҷикӣ фаъолият дорад.

Инчунин дар моҳи сентябри соли 2022 дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоби Тоҷикистон боз панҷ мактаби нави русӣ, ки ҳар кадом барои 1200 хонанда пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед