Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар марзи Узбакистону Афғонистон миқдори зиёди метамфетаминро ошкор кардаанд
Нашр шуд
Дар марзи Узбекистон ва Афғонистон ҳаҷми бузурги метамфетамин дар дохили шарбати анор ошкор шудааст.
Кормандони гумруки Узбакистон дар посгоҳи Айритом, дар марз бо Афғонистон як мошини боркаш бо 18 тонна шарбати анорро боздошт кардаанд, дар ин бора пойгоҳи хабарии nuz.uz иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, баъди бозрасӣ маълум шудааст, ки дар бархе зарфҳои шарбати анор метамфетамин - маводи мухаддири синтетикӣ мавҷуд аст.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии раёсати гумруки вилояти Сурхондарё, ба як ширкати тиҷоратӣ дар Тошканд 9 ҳазор зарфи шарбати анор фиристода шудааст. Низоми «Мудирияти хатар» ин мошинро ба долони «сурх» равона кардааст. Бори мазкур аз ҷониби кормандони гумрук дар ҳамкорӣ бо хадамоти амнияти давлатӣ, мақомоти корҳои дохилӣ марзбонӣ тафтиш карда шудааст.
Дар ин замина кормандони гумрук ба аломати «М» дар баъзе аз зарфҳо шубҳа кардаанд. Ранги шарбати дар онҳо буда низ аз дигар зарҷҳо каме фарқ мекардааст. Ҳамчунин маълум шудааст, ки қабати муҳофизатӣ аз гардани ин зарфҳо канда шудааст.
Баъди ташхиси шарбати анор дар зарфҳо дар озмоишгоҳ ошкор шудааст, ки дар ин шишаҳо маводи сахттаъсирии метамфетамин мавҷуд аст. Микдори ин зарфҳо 48 дона ва вазни умумии он бо назардошти баста 103 килограммро ташкил додааст.
Гуфта мешавад, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед