Ru  | Tj
Дар мавриди вазъи пиряхҳои Тоҷикистон филми мустанад таҳия мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар мавриди вазъи пиряхҳои Тоҷикистон филми мустанад таҳия мешавад
Акс: tajmedun.tj

Дар мавриди вазъи пиряхҳои Тоҷикистон филми мустанад таҳия мешавад

Нашр шуд

Таъсири тағйири иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон мавзуъи як филми мустанад ҳаст, ки таҳияи он аз аввали соли ҷорӣ оғоз шудааст. Филми мустанади мазкур бо такя ба пажуҳиши илмии анҷомшуда дар заминаи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон омода мешавад.

Одина Маҳмад, коргардони филм ба Halva.tj гуфт, ки дар ин филм вазъи пиряхҳои Тоҷикистон дар 60 соли охир таҳқиқ шуда, дар асоси он як мустанад то моҳи июли соли ҷорӣ таҳия мешавад.

“Гурӯҳи эҷодӣ ҳамкориро бо мутахассисони бахши омӯзиши пиряхҳо оғоз кардааст. Барои таҳлили натиҷаҳои омӯзишҳо тайи 60 соли охир заҳмати зиёд бояд кашид, то вазъи феълии пиряхҳои Тоҷикистон бозтоб ёбад. Дар ин филми мустанад бештар аз графика ва диаграмма кор хоҳем гирифт”, - гуфт Одина Маҳмад.


Қобили зикр аст, ки ахиран дар Тоҷикистон Қонуни ҳифзи пиряхҳо таҳия шуда, мавриди иҷро қарор гирифт. 

Ҳамчунин дар Тоҷикистон “Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” низ  амалӣ мешавад.

Бояд гуфт, ки наздик ба 6 дарсади ҳудуди Тоҷикистонро пиряхҳо ташкил медиҳанд ва то кунун беш аз як ҳазор пирях пурра об шудааст. Ин дар ҳолест, ки 60 дарсади  захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд.

Хотиррасон мекунем, ки бо ибтикори Тоҷикистон моҳи декабри соли 2022  Муҷтамаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Соли 2025 – Соли байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро қабул кард.

Тибқи қатъномаи мазкур пас аз соли 2025  21-уми март ҳамчун «Рӯзи байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, «Бунёди байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо» таъсис шуд.

Дар баробари ин соли 2025 баргузории ҳамоиши байнулмилалӣ дар заминаи ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед