Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон 40 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ошкор гардида
Нашр шуд
Вазорати тандурустии Тоҷикистон, оиди омори COVID-19 дар шабонарӯзи гузашта 7 октябр иттилоъ дод, ки дар ҷумҳурӣ 40 ҳолати нави сироятёбӣ ошкор гардида дар маҷмуъ марҳилаи 10 000-ро убур кард.
Ҳолатҳои марги нав аз 78 нафар иваз нашудааст. Теъдоди гирифторон имрӯза 39 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳамзамон 54 беморон зери назорати табибон қарор дошта, 43 нафарашон баъд аз муоллиҷа ҷавоб шуданд.
Нисбат аз давраҳои аввали сар задани бемории сироятии коронавирус тамоми табибону беморхонаҳои ҷумҳурӣ, ба шароит мутобиқ шуда, таҷрибаи хубе пайдо карданд ва минбаъд дар ҳолати сар задани чунин бемориҳо аз таҷрибаи бойи худ истифода хоҳанд кард.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед