Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон бар асари сел ва обхезӣ се нафар ба ҳалокат расиданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон бар асари сел ва обхезӣ се нафар ба ҳалокат расиданд
Акс: Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон бар асари сел ва обхезӣ се нафар ба ҳалокат расиданд

Нашр шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар миёни онҳо ду зан аз ноҳияи Варзоб ва як сокини 20-солаи шаҳри Истаравшан ҳастанд.

Дар Тоҷикистон бар асари боришоти шадид ва омадани селу обзехӣ се нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Ба иттилои ин ниҳод, бар асари резиши ярч ду зани 40 ва 67-сола, сокинони ноҳияи Варзоб ва як сокини 20-солаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.


Гуфта мешавад, ки рӯзи 5 май боришоти шадид дар қаламрави чанд ноҳияи Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаш ноҳияи тобеи марказ, дар се ноҳияи вилояти Хатлон, панҷ ноҳия ва як шаҳри вилояти Суғд ва як ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳоро ба бор овард.

Бахусус, 5 май соати 04:50 дар ҳудуди деҳаи Гулбоғи ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб боришоти шадид боиси обхезӣ гардид. Дар натиҷа заминҳои наздиҳавлигӣ, иншооти ёрирасон ва роҳи мошингарди деҳа зери об монд. Бар асари обхезӣ ду сокини 40 ва 67-солаи ин маҳаллаи ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расиданд.

Дар натиҷаи боришоти боронҳои пай дар пай вилояти Суғд низ зарар дид. 5-уми май тахминан соати 17:30 ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳи деҳа, сокини 20-солаи деҳаи Бодомзори ҷамоати Гули Сурхи Истаравшани ноҳияи Суғд зери селоб монда, ба ҳалокат мерасад.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳамасола офатҳои табиӣ зиёд рух медиҳанд, ки зарари молӣ ва ҷонӣ ба бор меоварад. Бештар – фаромадани сел ва тарма. Аз ҷумла дар моҳи феврали соли 2023 бар асари тармафароӣ дар манотиқи мухталифи кӯҳӣ дар Тоҷикистон беш аз 20 нафар ба ҳалокат расид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед